Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дар кумитаҳои сарбозии қисмҳои низомӣ нуфузи зиёд пайдо карда буданд. Дар кишвар як навъ дуҳокимиятӣ ба вуҷуд омада буд, ки ниҳоят ба инқилоб овард. Октябр-ноябри соли 1917 инқилоби болшавикӣ дар Имперотурии Русия ғалаба кард ва болшавикон Ҳукумати муваққатиро сарнагун карда, ҳокимиятро ба даст гирифтанд. Дар натиҷаи ин инқилоб дар қаламрави Имперотурии Рус ҷумҳуриҳои Шӯравии Русия, Укроин, Белорус ва Қафқоз ташкил карда шуданд. 30 декабри соли 1922 қарордоди таъсиси Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сусиёлистӣ байни ҳамин ҷумҳуриҳо имзо шуд. Дар марҳалаи аввал, дар Осиёи Миёна Ҷумҳуриҳои мухтори сусиёлистии Туркманистон ва Туркистон дар ҳайати Русия ташкил карда шуданд. Солҳои 1924-1925 тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ гузаронда, Ҷумҳуриҳои сусиёлистии Ӯзбакистон ва Туркманистон таъсис дода шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ӯзбакистон ташкил шуд. Дар натиҷаи муборизаҳои ҷоннисоронаи фарзандони миллати тоҷик, ниҳоят дар таърихи 5 декабри соли 1929 Ҷумҳурии шӯравии сусиёлистии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ман дар ин бора қаблан ҳикоят карда будам.
Тибқи назарияи Карл Маркс ва Фридрих Энгелс – асосгузо рони коммунизм, инқилоби коммунистӣ бояд дар тамоми дунё якбора ба вуқӯъ меомад. Инқилобчиёни рус ҳам дар марҳалаи аввал ҳамин гуна шиор медоданд ва ба ҳаракатҳои ин қилобии кишварҳои дигар кумак мекарданд. Коргарон дар мамлакатҳои дигар аз инқилоби Русия рӯҳбаланд шуда, ҳара катҳои инқилобхоҳии оммаро таҳрик медоданд. Сармоядорони кишварҳои дигар аз инқилоби рус ба тарс уфтода, роҳҳои пешгирӣ аз инқилоб дар кишварҳои худро меҷустанд ва ногузир барои беҳтар кардани шароити иҷтимоии коргарон мекӯшиданд.
Сармоядорони кишварҳои хориҷӣ аз рӯзи аввал коммунистон ва ҳукумати шӯравиро душмани ашаддии низоми худ

пешина
аз 253
навбатӣ