Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя

АБДУХАЛИЛ ХОЛИҚЗОДА
МОҶАРОИ РАФТА

ПЕШГУФТОР

Насли маро «насли сардаргум» номидан мумкин аст.
Замони ба камол расидани насли ман ба фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ рост омад. Ин «катаклисм» тамоми нақшаву орзуҳои моро, ки давраи донишҷӯиро аз сар мегузарондем, «нақше бар об» кард. Маблағгузорӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ қатъ шуд, корхонаву муассисаҳо аз кор монданд, ояндаи мо дигар рӯшан набуд, мо – ҷавонони омодаи корзори зин дагӣ дар айни ҷӯшу хурӯш ба бунбаст расидем.
Илова бар ин дар кишвари тозаистиқлоли ман – Тоҷикистон, бадбахтии азим – ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд, ки ҳаёти амну осоиш та ва имкони зиндагии шоистаро комилан аз байн бурд. Маҳз дар ҳамин ҳангом ман аз таҷрибаомӯзӣ аз Ҳинд баргашта, дар соли охири донишгоҳ дар факултаи шарқшиносӣ мехондам ва чун баъд аз хатми донишгоҳ дар шаҳри Душанбе ба кор машғул шудам, шоҳиди бевоситаи бисёр воқеаҳо гаштам.
Гарчанде таҳсилотам дар соҳаи улуми инсонӣ бошад ҳам, ман маҷбур шудам барои таъмини маишати хонадон паи тиҷорат биравам, чун як соли дар Ҳинд буданам чашми маро дар риштаи тиҷорат каме боз карда буд. Вале, мутаассифона, баъдан муваффақиятҳои ночизи ман дар тиҷорат сабаби ҳамлаҳо

аз 253
навбатӣ