Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
қабул карда, кишвари шӯравиро дар инзиво (изолятсия) қарор доданд. Олами сармоя бар зидди ин кишвар ба таври бесобиқа муттаҳид шуда, то шикаст додани он мубориза бурд. Ин мубориза ба «мусобиқаи таслиҳот» оварда расонд, ки ба иттифоқи назари коршиносон, сабаби асосии буҳрони молӣ дар кишвар шуд. Инчунин, Иттиҳоди шӯравӣ барои дастгирии кишварҳои сусиёлистӣ маблағҳои зиёд сарф мекард, ки бори молии сангине бар дӯши будҷаи кишвар буд. Ғайр аз ин, низоми иқтисодии бе моликияти хусусӣ рақобат ва ангезаро аз байн бурда, сабабгори рукуд ва буҳрони амиқи молӣ шуд, ки ин омилҳо дар ниҳоят ба шикасту барҳамхӯрии кишвари Шӯравӣ овард. Нухбагони шӯравӣ назарияи коммунистиро ҳамчун догм қабул карда, то охир пойбанди он монданд ва натавонистанд барои ҳифзи кишвар чораҳои муассир андешанд. Сабаби асосии фурӯпошии ин кишвари абарқудрат, пеш аз ҳама, омилҳои иқтисодӣ буданд.
Дар натиҷа 8 декабри соли 1991 сарони ҷумҳуриҳои Русия, Укроин ва Белорус ҳамчун муассисони кишвар, қарордоди барҳам додани Иттиҳоди шӯравиро имзо карданд, ки 26 декабр Шӯ рои Ҷумҳуриҳои Шӯрои олии Иттиҳоди шӯравӣ Эъломияи ин барҳамхӯриро қабул кард. Қарордоди мазкур таърихи рас мии барҳамхӯрии Иттиҳоди шӯравиро сабт кард, дар асл бошад, то ин дам тамоми ҷумҳуриҳо истиқлоли худро эълон карда буданд.
Рӯзи кории ҳаштсоата, маоши муносиб, шароити зиндагиву беҳдошти қобили қабул барои кормандон дар кишварҳои олами сармоя зери таъсири инқилоби рус ва тарси сармоядорон аз вуқӯъи чунин инқилоб дар кишварҳояшон ба вуҷуд омадаанд.
Инқилоби рус дар таърихи кишварҳои шӯравӣ нақши муҳим бозида бошад ҳам, таъсири он дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои олами сармоя камтар набуд.
Ҳамин тавр, дар аввали асри бист сармоядорони кишварҳои хориҷӣ зери таъсири инқилоби рус шароити кору зиндагии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё