Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Конфедерасионӣ, Кумитаи давлатии ҳолати фавқулодаро таъсис доданд, ки аз 18 то 21 августи соли 1991 амал карда, ноком шуд. Мақсади онҳо барканор кардани Горбачёв аз қудрат ва ба эътидол овардани вазъ дар кишвар буд. Онҳо ба Маскав қувваи низомӣ ворид карданд, ки ба муқобилияти мардум рӯбарӯ шуд ва ба тарафи мардум гузашт. Муовини Раиси ҷумҳури Шӯравӣ, вазири амният, вазири корҳои дохила, вазири мудофиа ва чандин мақомдорони олии кишвар аъзои ин кумита буданд, ки ба ҳабс гирифта шуданд, вале пас аз як сол озод карда шуданд. Ин охирин кӯшиши ҳифз кардани Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравӣ буд, ки ба нокомӣ анҷомид ва дере нагузашта, раисони ҷумҳуриҳои Русия, Белорус ва Укроин қарори барҳам додани кишварро имзо карданд. Ман рӯзи 19 августи соли 1991 иттифоқан шоҳиди ҳамин воқеаи таърихӣ дар шаҳри Маскав будам. Мутаассифона, акси садои ин кудато то Тоҷикистон ҳам расид ва оқибатҳои фоҷиадоре ба бор овард, ки ҳикояашро дар поён меорам.
ШӮРАВӢ
олҳои аввали асри 20 шароити иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Сқораи Авруосиё хеле бад шуда буд. Ҷанги якуми ҷаҳонӣ иқтисоди аксари кишварҳои минтақаро ба буҳрони шадид мувоҷеҳ карда буд. Паст будани маош, шароити сангини кор ба кор партоиву тазоҳуроти густардаи коргарон дар ин кишварҳо сабаб мешуд.
Дар Имперотурии Русия шароите пеш омада буд, ки пояҳои ҳокимият суст шуда, нуфузи болшавикон афзоиш ёфта буд.
Пас аз Инқилоби феврали соли 1917 подшоҳ сарнагун шуда, Ҳу кумати муваққатӣ рӯи кор омада буд. Болшавикон аз бемасъулиятии Ҳукумати муваққатӣ истифода карда, бо ташвиқу тарғиб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё