Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Як билет пайдо шуд, агар намерасидам, аз ҳамин ҳам ме мондам, бибахшед, - намедонам қиёфаам чӣ гуна буд, вале наз дик истодагон хандиданд. Худо имрӯз ба ханда ҳам мерасондааст!
Парвоз баъди нӯҳ соат буд. Кунҷеро пайдо кардаму мисли дигарон чанд варақ рӯзномаро паҳн карда, дар рӯи фарши бетонӣ хобидам.
Рӯзи дигар, вақте ки ба бинои фурудгоҳи Самарқанд даромадам, дидам, ки одами бисёре дар назди телевизор ҷамъ шуда бо шавқ тамошо мекунанд. Хиёбонҳои Маскав ва ҳамон тонку зиреҳпӯшҳоро нишон медоданд. Наздик шуда, пурсидам гуфтанд, дар Маскав Кумитаи давлатии ҳолати фавқулода кудатои низомӣ кардааст.
Солҳои 80-уми асри бист дар Иттиҳоди шӯравӣ буҳрони иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба авҷи худ расид. Соли 1985 Михаил Горбачёв Дабири Кулли Ҳизби коммунистии Иттиҳоди шӯравӣ интихоб шуд ва сиёсати бозсозиро пеш гирифт. Дар он марҳала фақат ислоҳоти иқтисодӣ барои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар назар дошта шуда буд. Дар солҳои баъдӣ ду омил – уфти нархи нафт ва фоҷиаи Чернобил сабабгори боз ҳам шадидтар шудани буҳ рон дар кишвар гардид.
Аввали соли 1987 Кумитаи марказии Ҳизби коммунист ба қарор омад, ки ислоҳоти фарогире пеш гирифта шавад. Дар натиҷа, дар ҳаёти иҷтимоӣ озодии баён ва дар соҳаи иқтисодӣ соҳибкории инфиродӣ иҷозат дода шуд. Солҳои 1988-1989 вазъияти сиёсӣ-иҷтимоӣ якбора вахим шуда, дар ҷумҳуриҳо афкори истиқлолхоҳӣ боло гирифт. Вазъият ба тадриҷ аз назорати Ҳукумати марказӣ хориҷ мешуд. Аз ин сабаб Горбачев барои ба эътидол овардани вазъ, матни қарордоди таъсиси Конфедерасиони байни ҷумҳуриҳои Шӯравиро пешниҳод кард.
Як гурӯҳ мақомдорони баландпояи Иттиҳоди шӯравӣ бар зидди сиёсати бозсозӣ ва барои пешгирӣ аз имзои қарордоди

пешина
аз 253
навбатӣ