Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
рифта, бо ваҷоҳати ғолиб сӯи баромадгоҳ равон шудам. Ӯ чизе гуфтанӣ буд, вале ман гӯш накардам, қарор нест, ғолиб ҳарфи мағлубро гӯш кунад! Дафъаи дигар бидонад, ки бо ман чӣ гуна муомила кунад!
Вале ӯ корашро карда буд. Ӯ билети маро беҷой сабт карда буд, ки фақат дар ҳоли холӣ мондани ҷое дар ҳавопаймо, маро са вор мекарданд. Бечора, ӯ мехост ба ман фаҳмонад, ки ҷой нест, вале ба ҷаҳолати ман бархӯрда буд, ки дар ниҳоят боиси сар сонии худам шуд. Дар натиҷа, намояндаи сафорат маро чанд рӯз фурудгоҳ бурду овард, то ниҳоят, ба ман низ дар ҳавопаймо ҷой расид.
Мақсади ниҳоии парвоз Маскав бошад ҳам, он дар Тошканд менишаст ва хоҳишмандонро мефароварду мусофир мегирифт.
Ман, билетам то Маскав бошад ҳам, дар Тошканд пиёда шудам.
Бо Музаффар қарор карда будем, ки ман роҳи баргашт дар Тошканд пиёда шуда, ба ӯ занг мезанам ва ӯ мошин мефиристад. Ҳамин тавр ҳам шуд ва ман бо мошини фиристодаи ӯ мустақим аз Тошканд ба Исфара рафта, он қарордодҳоро ба Музаффар су пурдам. Музаффар қарордодҳоро ба муҳосиботаш дод ва он ҳо ҳисобу китоб карда, ба хулосае омаданд, ки ин муомила ба рояшон маъқул ба сарфа нест. Он ҳама нақшаҳои ман ва «Мерседес»-ам нақше бар об шуд.
Вале чун ман барои расондани ин қарордодҳо ба Исфара, ба хонаи Музаффар-ако рафта будам, бо корҳои ӯ ошно шудам.
Ӯ, ки қаблан раиси корхонаи «Таджикавтосервис» будааст, он корхонаро шахсӣ кардааст ва чанд корхонаи дигар низ сохтааст, ки яке корхонаи бозсозии чархи мошин, дигар корхонаи со бун пазӣ буд. Ӯ корхонаҳояшро ба ман нишон дод ва ду-се рӯзе, ки ман дар меҳмонии ӯ будам, бо корҳояш шинос шудам ва тиҷорат торафт бароям ҷолибтар мешуд.
Ӯ маро роҳнамоӣ ва ташвиқ мекард, то ман низ ба тиҷорат машғул шавам. Ба ман китобчае дод, ки дар он намунаи асно-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё