Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
медонистам, дар ҳоле, ки дар тиҷорат ин як кори маъмулии рӯзмарраӣ буда, то ба иҷро расиданаш хеле роҳ будааст. Ман ҳисоб мекардам, ки агар барои теъдоде, ки Музаффар мехост, қарордод имзо шавад, ба ман низ даромади хубе хоҳад расид ва шояд он «Мерседес»-и даҳҳазориро ҳам тавонам бихарам!
Дар Шӯравӣ, ки тиҷорат мамнӯъ буд, ман ҳам ҳеч гоҳ ҳатто дар гӯшаи хаёлам фикре надоштам, ки ба тиҷорат машғул ша вам. Вале акнун ором-ором бо алифбои ин шуғл шинос ме шудам ва фикр мекардам, ки ба осонӣ мешавад ин корҳоро кард. Ба назарам хеле осон менамуд. Фикр мекардам фақат бояд қарордод бибандиву дигар пой рӯи пой бишинию суд бигирӣ. Хулоса, гаштаму ширкатҳои лозимаро пайдо кардам ва пешқарордодҳоро омода карда, вақти баргаштанам ба Ватан, онҳоро ҳамроҳам овардам.
БОЗГАШТ АЗ ҲИНД
аъди итмоми барномаи омӯзишӣ, миёнаҳои моҳи июл Бман аз Донишгоҳи Ҷавоҳирлал Неҳруи Деҳлӣ мурах хас шудам ва ба намояндагии «Аэрофлот» ягона ширкати ҳаво паймоии Шӯравӣ рафта, билетамро, ки таърихаш боз буд, барои рӯзи дигар сабт карданӣ шудам. Ин идора хеле беназм буд ва ҳиндуе, ки мудири он буд, беэътиноёна «ҷой нест» гуфт. Ман, ки пеш аз ин ҳам бо чанд нафари дигар барои ҷой даъво карда будам, ба ӯ тохтам:
– Ин ширкати ҳавопаймоии кишвари ман аст ва ту масъулӣ, ки ба ман – шаҳрванди ин кишвар хизмат кунӣ!
Ин вақт корманди сафорат, ки масъули мо донишҷӯён буд, омад. Асли моҷароро фаҳмида ба ҳинду амр кард, ки билети маро сабт кунад. Ҳинду сарашро хорида-хорида билети маро сабт намуда, сӯи ман дароз кард. Ман бо кароҳат билетро ги-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё