Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

яъне, ҳар қадар бихоҳӣ, пул пайдо карда метавонӣ, фақат бояд ақлро кор фармуду заҳмат кашид.
Ва воқеаи севуме, ки маро ба кори тиҷорат таҳрик дод, ин буд, ки замоне, ки мо дар Ҳиндустон будем, аз Тоҷикистон се бор гурӯҳи сайёҳон омад. Рӯзе духтаре аз сафорат ба ман гуфт, ки аз Тоҷикистон як гурӯҳ сайёҳон омадаанд. Ман, ки бисёр дилтангу пазмони ватан шуда будаму он рӯзҳо фақат шеъри маъруфи «Читҳи айи ҳе ватан се» («Нома омад аз ватан»)-ро гӯш мекардам, фавран ҷойи онҳоро пурсидам ва ба диданашон шитофтам. Ба осонӣ он гурӯҳи сайёҳонро дар меҳмонхонаашон пайдо кардам. Бо онҳо шинос шудаму худро муаррифӣ карда, гуфтам, ки донишҷӯ ҳастам. Барои онҳо, ки на забони инглисӣ медонистанд ва на ҳиндӣ, гардишу муомилаву харид дар бозорҳо мушкил буд. Ман, ки забону маконро балад будам, дар вақтҳои холигиям ба онҳо роҳнамоӣ ва тарҷума мекардам.
Ҳа мин тавр, бо онҳо дӯст шудам ва ин дӯстӣ бо аксарашон то ҳоло идома дорад.
Аз миёни онҳо яке бо номи Музаффар, ки аз Исфара буд, аз ман пурсид, ки оё ин ҷо мешавад чархи мошин харид? Ман ҷавоб додам, ки фурӯшгоҳҳои зиёди чархи мошин ҳаст, ҳатман суроғ мекунем. Ҳамроҳ ба яке аз ин фурӯшгоҳҳо рафтем ва вақте фурӯшанда фаҳмид, ки колоро барои Шӯравӣ мехоҳем, ба мо фаҳмонд, ки бояд ба ширкаташон муроҷиат бикунем, зеро ин кори содиротист. Он гоҳ Музаффар, ки замони сафарашон ба поён мерасиду 1-2 рӯз бештар намонда буд, аз ман хоҳиш кард, ки вақти баргаштанам ба ватан, ки то он ҳам 2 моҳи дигар монда буд, чандто қарордод биёрам, то ӯ битавонад аз Ҳинд чар хи мошин бихарад ва ваъда кард, ки ду дарсад суд барои ман ҳам дар назар хоҳад гирифт. Чун ҳиндуҳо дар тиҷорат хеле таҷ рибадор буданд, якчанд ширкат пешниҳоди қарордод доданд ва эъломи омодагӣ карданд, ки дар ҳоли мувофиқат заҳмати содиротро ба дӯш мегиранд. Ин пешниҳодҳоро ман муваффақият

пешина
аз 253
навбатӣ