Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ди бунёди ширкат навишта шуда буд. Ин сафар ба Исфара ва роҳнамоии ӯ сабаб шуд, ки ман ба ин фикр биуфтам, ки дар Ду шанбе ширкати худро таъсис диҳаму пайи тиҷорат равам ва риштаи дипломатияро, ки то он замон ҳамаи орзуву омоли ман бо он пайваст буд, дар сандуқчае муҳкам карда, канор гузорам.
Рӯзи 19 августи соли 1991 барои гирифтани ҳуҷҷатҳои худ ба Маскав рафтам. Маскав борониву сард буд. Одамон ҳам тур шрӯву ношод метофтанд. Мисли дафъаи гузашта, хеле зуд та риқи қатори барқиву метро ба бинои Вазорат расидам. Вақте иҷозат пурсида, ворид шудам, ҳамон марди хушвохӯрди порсола, маро бо ҷиготи овезон:
– Чӣ даркор? - гуфта пешвоз гирифт.
Ман худамро муаррифӣ кардам, сар ҷунбонду хеста аз сандуқ ҳуҷҷатҳои маро гирифта, як-як варақ зада диду ба дастам дод ва:
– Ана гиред, метавонед равед, - гуфт.
– Ман дар куҷо меистам? - ҳайрон шуда пурсидам ман.
– Мо дигар барои шумо ҷой намедиҳем, ба вазорати маорифи ҷумҳурии худатон муроҷиат кунед, - гуфт ӯ ва чеҳрааш ти ратар шуд.
– Бибахшед, ман интизор будам, ки пули билетамро ҳам ме диҳед, - гуфтам ман. Қоида ҳамин буд, бояд пули билетро ме доданд ва бо ҷои хоб таъмин мекарданд.
– Ба вазорати маорифи ҷумҳуриятон муроҷиат кунед! - хитоб кард ӯ.
Ноилоҷ сӯи дар гаштаму як бори дигар сӯяш нигоҳ кардам, ки:
– Ман ба Шумо ҳамаашро гуфтам, - бонг зад ӯ, шояд фикр кард, ки боз чизе гуфтанӣ ҳастам, дар ҳоле ки ман фақат мехостам мутмаин шавам, ки ин ҳамон касест, ки соли гузашта хеле меҳ рубон буд. Ёди он ҳиндуи корманди «Аэрофлот» уфтодам,

пешина
аз 253
навбатӣ