Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

говҷаронӣ, сайру саёҳат, бо вуҷуди норозигии сарбозон, дар кадом қитъае бошад, ба пешаш меомаданд, сабақ мегирифтанд, дониш меандӯхтанд. Бузургвор, ки пешомадашро мефаҳмид, ҷаҳд месохт, то имкон аст маърифате ба шунавандагонаш диҳад, то ҳадде як мусулмон, як худотарс биафзояд, ранҷу фасоди ҷомеа камтар бигардад. Бузургвор ба муридонаш қазоқ-баччаҳо ба забони узбекӣ ҳарф мезад. Инак, онҳо 10-15 нафар гӯсфандонашонро ба саҳро вогузошта, пеши бобои Эшон, ки машғули меҳнат буд, омаданд. Аз миён қаламу коғазҳояшонро бароварданд. Медонистанд, ки дар паси тумани ғафси зимистона аз дур ҷамъияти онҳоро касе нахоҳад дид.

  • Писаронам, ҷаҳд намоед, ки мӯъмину мусулмон бошед. Танҳо марди мӯъмин, ки бедордил, ростгӯ, сандуқи илм аст, раҳму шафқату ақли солим дорад, дунёро обод мегардонад. Нишонаҳои мӯъминӣ кушодагии дари хона, чеҳраи шукуфон, камхобӣ, аз тамаъу ҳирс даст кашидан, ба гуноҳҳои хеш назди худо гиря кардан, беозорӣ, ислоҳи айби худ, шукри доимӣ дар хурсандию мотам, омӯзиши Қуръон аст. Пайғамбарамон Муҳаммад (с) шафиъи доимии умматонаш буда, Худои аззаву ҷалла аниси ӯ мебошад. «Ҳар кӣ ду қадам дар роҳи таҳсили илм бардорад ва ду соат дар ҳузури олим нишинад ва ду калима аз ӯ бишнавад, худояш ду биҳишт ато кунад, ҳар яке ду баробари дунё», - оварда шудааст дар ҳадис. Аз рафоқат бо аҳмақон бигурезед, бо дурӯғгӯён дамсоз нашавед. Чуноне, ки бузургон гуфтаанд:
пешина
аз 176
навбатӣ