Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих

«Мо ба аҳли дин барои он эҳтиром дорем, ки арбобони рӯҳонӣ метавонанд дар тарбияи маънавӣ, оштии миллӣ ва якдигарфаҳмии одамон ба ҷомеа кӯмак кунанд».
Э. Ш. Раҳмонов

ПЕШГУФТОР

Сарнавишти қаламрави Бухорои шарқӣ аз қадимулайём ҳамеша печида будааст. То истилои араб
зиндагонии мардуми Хатлон, Рашт ва Чағониёнро гоҳе
дар инкишофу шукуфоӣ, гоҳе дар ҷангу ҷидол ва
муборизаву талош баҳри ҳимояи марзу бум ва шарафу
номус мебинем. Дар аҳди Сомониён низ, аз рӯи гувоҳи
таърих аҳли сиёсат ва зиёи ин қисмати диёр аслан дар
пайи нигоҳ доштани асолати хеш ва расму русуми бобоӣ,
рушди фарҳангу адаб будаанд. Вале тохту тоз ва куштору
харобкориҳои гӯшношуниди Чингизхону Темури Ланг ва
охирин сулолаҳои манғитӣ дар тӯли асрҳо ба сари мардум
ва аҳли фарҳанги ин хитта ҷабру ҷафои беҳисоб овард,
ҷаҳлу ситамро ривоҷ дод. Бо вуҷуди ин ягон-ягон
фарзандони баору нанг ва соҳибхирад ба ҳама ҳаводис ва
бераҳмиҳои таърих муқовимат карда, барои андӯхтани
илму дониш ва маърифат аз кӯҳпораҳои Хатлонзамин ба
сӯи марказҳои тамаддун - шаҳрҳои Бухорову Самарқанд

аз 176
навбатӣ