Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
рӯз даҳҳо бечораҳо мефавтиданд. Санад тартиб дода, мурдаҳоро мисли дарзаи шох ба аробаҳои кӯҳнаву шалаки ангишткашон бор карда, ба хандақи беруни шаҳр бурда мерехтанд. Чун ҷасад бисёр мегашт, болояш равған пошида оташ мезаданд. Маҳбусони сиёсӣ ин ҷо чун ашёву анвои хоҷагидорӣ рақам доштанд. Мурдаҳоро низ аз рӯи рақам бо санад аз эътибор соқит медонистанд. Маҳбусони ин ҷоро кумондонҳо таҳқиромез аслан «ҳашарот», «ҳомӯшак», «элемент» ном мебурданд. Оре, маҳбусон аз сухан гуфтан, рози дил кардан бо якдигар метарсиданд, зеро хабаркашу ҷосусони ҳукумат, органҳои бехатарӣ, ки бо либоси маҳбусӣ мегаштанд, шабу рӯз паҳлӯи онҳо хоб рафта, назорат менамуданду гап мегирифтанд. Тибқи ахбори онҳо асиронро ҷазо медоданд. Бобои Эшони Алааспа инро эҳсос менамуд ва ҳар як қадамашро дида, ҳар суханашро санҷида мегуфт. Аслан бигирем, ҷуз муридонаш, ки он ҳам дар танҳоӣ, бо каси дигар гуфтугӯй намекард.
Бо вуҷуди ҳамаи ин сахтгириҳо эътиқодмандони бобои Эшон фаровон буданд. Аз боиси норасоии маводи табобат аксари маҳбусон дарди хешро бо дуъои бобои Эшон даво мебахшиданд. Ҳамаи инро хеле боэҳтиёт, ҳини кор, гӯё бо мариз сӯҳбат мекарда бошад, анҷом медод, то касе нафаҳмад ё ҳини таҳорату намозхониҳо дар ангиштхона. Чун онҳоро ба адир ба канори роҳ мебароварданд, ду нафарӣ ё се нафарӣ онҳоро дар масофаи аз ҳам дур кор мефармуданд, то онҷо дарди дил гуфтан ва муттаҳидшавии асирон ба вуқӯъ наояд. Бо вуҷуди ин муридони ӯ, ки аксар сокинони деҳоти ин мавзеъ буданд, бо баҳонаи молу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё