Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Зина ба мурда машав, эй нотамом,
Зина ту кун, мурдаи худро ба ном.
(Деҳлавӣ).

ИБРОҲИМ ЮСУФӢ

И. Юсуфӣ соли 1904, дар деҳаи Қаротоғи водии Ҳисор, дар оилаи косиби бофанда ба дунё омадааст. Падараш, Юсуф ибни Бадал (1856—1928), дар синни 12-солагӣ аз падар ятим монд, ба карбосдӯзӣ машғул гашт.

И. Юсуфӣ то соли 1920 дар тарбияи падараш буд ва аз ӯ касби кафшдӯзиро омӯхт. Ҳангоми дар тарбияи падар будан, ӯ дар мадрасаи «Қорихона» таҳсил намуд.

Дар мадраса хондан кори хеле душвор буд. Падари ӯ шаш фарзанд дошт. Гарчанде хӯрондану пӯшондани фарзандон душвориҳо дошт, ӯ мехост писаронаш Иброҳиму Исмоил саводнок шаванд. Аз кафшдӯзӣ таъмин кардани рӯзгор мушкил буд. Устоди падараш Бобораҳим каму беш кӯмак мерасонд. Падари И. Юсуфӣ аз Файзулло ибни Қодир ном баққол (дӯкондор) пул қарз гирифта дар бозори Қаротоғ карбосу читро харида аз нав мефурӯхт. Дар мадраса на барои ҳама муяссар мешуд, ки таҳсил намояд. Сабаб дар он аст, ки баробари як рӯзгор дар он ҷо харҷ кардан лозим мешуд.

Ҳар як хонанда барои ба мадраса дохил шудан ба имом ё муллои таълимдиҳанда 10 танга, 10 дона нон, якчанд қадоқ биринҷ тақдим мекарду баъд аз ҳар як ҳафта 2 танга, чор нон, 2 қадоқ биринҷ ба мадраса мебурд. Ғайр аз он баъди ҳар як боби китоб 8 танга ва 8 дона нон тақдим мекард. Баъди хатми китоб муллоро ба хона таклиф намуда, сарупо мекарданд (73).

Соли 1923 ба деҳаи Қаротоғ Файзулло Хоҷиев омада курси муаллимтайёркуниро ташкил кард ва И. Юсуфӣ он курсро хатм намуд. Баъди хатми курс ӯро қатори 12 нафар муаллимон ба Душанбе фиристоданд. Дар наздикии деҳаи Тӯда босмачиён пеши роҳи онҳоро гирифтанд. Аммо аскарони Армияи Сурх, ки онҳоро роҳбаладӣ менамуданд, ба босмачиён муқобилат

пешина
аз 214
навбатӣ