Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
САРСУХАН
Инсон зодгоҳи худро ҷои муқаддас, ҷои орзую ҳавас шуморида, онро ҳар дам пеши назар меоварад. Ӯ бори аввал аз ҳавои ватан нафас мегирад, бӯи хоки модар-ватан ба машомаш мерасад. Ҳамон дам дар қалбаш мафҳуми «меҳр» пайдо мегардад ва ба назараш муҳити зисташ азизтару дилработар менамояд.
Ҳар як деҳа шеваи ширини забони худро дорост.
Аз ин рӯ навиштаҳои хешро ба шеваи забони тоҷикии қаротоғӣ баён месозам.
Мирзо Турсунзода гаҳвораи оламу оламиёнро бо навозиш ҷунбонид. Набзи дили онҳоро ҳис кард ва дар ситоишашон аз қаъри дил шеър эҷод кард. Бо шеъри оламгираш ӯро ду ҳазор миллати дунё, ки бо 5175 забон гуфтугӯ мекунанд, шинохтанд. Ин буд симои миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ...
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар шинохтани шеваи мардуми Қаротоғ ҳиссаи Успенская Л. В. дар солҳои 60-ум калон аст. Имрӯз бошад, кори ӯро шогирдаш — омӯзгори мактаби деҳа Муртазои Нӯъмонзода идома медиҳад.
Олими мардумшинос Н. Н. Ершов дар давоми солҳои 70-ум ҳиссаи хешро дар омӯзиши касбу кор ва расму оини мардуми Қаротоғ гузоштааст.
Олим дар хонадони мо низ таи як ҳафта меҳмони олиқадр буду пешаи оҳангариро аз падарам омӯхт.
Олими мардумшиноси дигар Отаҷон Муроди Самарқандӣ урфу одати қаротоғиёнро омӯхт, бо пирони барнодили деҳа чандин моҳ ҳамсӯҳбат шуду гуфтори онҳоро дар навори овоз сабт намуд. Ҳамкории мо бо ӯ маро ба кори худомӯзӣ ҳидоят намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё