Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
нишон доданд. Босмачиён ба сӯи кӯҳ роҳи гурезро пеш гирифтанд.
Дар Душанбе онҳоро Рофеъ Солеҳ хурсандона пешвоз гирифт, табрик намуд ва ба ҳар якеи онҳо барои ташкили мактабҳо роҳхат дод. Ба И. Юсуфӣ супориш дод, ки дар деҳаи Шоҳмансур мактаб кушояд. Ӯ дар як вақт ҳам ташкилотчӣ, ҳам мудир, ҳам муаллим буд.
Соли 1925 Комиссариати халқии ҷумҳурият И. Юсуфиро ба вазифаи мудири мактаб-интернати Қаротоғ таъин намуд. Дар он мактаб-интернат фарзандони камбағалон ва бепарасторон ҷалб карда шудаанд.
Соли 1927 ӯро инспектори Комиссариати Халқии маориф таъин карданд. Ва баъд аз як сол мудири шӯъбаи маорифи халқи вилояти Қӯрғонтеппа интихоб шуд. Ӯ мактаб-интернати Саройкамар, як мактаби Қӯрғонтеппа ва як мактаби Ҷилликӯлро ба зиммаи худ гирифт. Дар он солҳо дастаҳои босмачиён барои ташкили мактабҳо халал мерасонданд.
Ҳамин тавр, И. Юсуфӣ то соли 1936 дар вазифаи инспекторӣ дар вилояти Қӯрғонтеппаю Душанбе кор кард.
Соли 1936 И. Юсуфӣ ба Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд дохил шуд, соли 1938 онро бомуваффақият хатм намуд.
Дар давоми солҳои 1938—41 ӯ дар вазифаи муаллим, ҷонишини директор ва директори мактаб шуда дар шаҳри Душанбе хизмат кард. Бародари И. Юсуфӣ Исмоил ном — муаллим буд. Ба сафи ҷанг даъват шуд ва баъди ду сол хабари марги ӯ омад. И. Юсуфӣ дар солҳои 1941—1943 дар шаҳри Душанбе вазифаи мудири шӯъбаи маорифи халқро ба ӯҳда дошт.
Соли 1944 ба шӯъбаи ғоибонаи факултаи таърихи Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Душанбе дохил шуд, онро соли 1948 хатм намуд. Баъди ду сол Донишкадаи марксизм-ленинизмро шабона хатм кард.
Солҳои 1946—1968 дар мактаби № 15 ва аз соли 1968 то соли 1976 дар мактаби № 65-и шаҳри Душанбе муаллим буд.
Хизматҳои шоистаи И. Юсуфӣ дар соҳаи маориф бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», «Муаллими хизматнишондодаи мактаби Тоҷикистон».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё