Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

чандин Грамотаҳои Фахрии Вазорати маорифи Тоҷикистон қадр карда шудааст. (28).

И. Юсуфӣ соли 1984 дар синни 80-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯро мардуми маорифпарвар, яке аз муаллимони нахустини ҷумҳурият мешиносанд. Аз чандин сӯҳбатҳои дилнишини ӯ баҳра бурдаам. Ӯ дар ҳақиқат таърихи зиндаи мактабҳои ҷумҳурият буд, нақлҳояш пурмазмуну шавқангезанд.

АДИБОНИ ҚАРОТОҒ

Қаротоғи бостонӣ зодаи чор адиби шинохта — Мирзо Турсунзода, Носирҷон Маъсумӣ, Мустафо Шарқӣ ва Ҳамид Обидӣ мебошад. Ҳар кадоми онҳо бо эҷодиёти худ, вирди забони мардум гаштаанд. М. Турсунзода бо назми оламгираш, Н. Маъсумӣ бо забоншиносиаш, М. Шарқӣ бо ҳикояҳои шавқангези бачагонааш ва Ҳ. Обидӣ дар тарбияи рӯзноманигорон.

М. Турсунзода ва Ҳ. Обидӣ ҳамсолу ҳаммактабанд. Онҳо ҳам дар мактаби кӯҳна ва ҳам дар мактаби нав баробар қадам гузоштанд. Соли хониши 1925— 26 М. Турсунзода таҳсилро дар мактаб-интернати шабеъ идома дод, Ҳ. Обидӣ бошад, баъди хатми мактаби нав пешан кашшофӣ намуд ва дар соли 1925 ба сафи комсомол дохил гардиду дар бунёди ташкилотҳои нахустини комсомолӣ ҳисса гузошт. М. Турсунзода соли 1927 ба сафи комсомол дохил гардид.

Овони бачагии Н. Маъсумӣ (то синни 8-солагӣ) дар Қаротоғ гузашт, соли 1924 дар деҳаи Бахшитеппаи Самарқанд ба мактаб қадам гузошт.

Мустафо Шарқӣ нисбати адибони дигар ҷавонтар буда, овони бачагии ӯ ба давраи барқароршавии Ҳокимияти Шӯроҳо рост меояд.

Ҳар чор адиб ҳам аз оилаи косибону ҳунармандонанд. Онҳо замони гузаштаи зулмпарварро бо чашмони худ дида, дар эҷодиёташон низ тасвир кардаанд.

Ҳамид Обидӣ ва Мустафо Шарқӣ дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат варзида, зидди адӯ ҳам бо яроқу ҳам бо қалам ҷангидаанд. Аз ин рӯ онҳоро шоирони ҷанговар мегуфтанд.

пешина
аз 214
навбатӣ