Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Табиати зебоманзараю нотакрори дараи Қаратоғ, муҳити маънавию иҷтимоии он, чунин адибонро ба дунё овардааст.

Инак, бо ҳаёт ва фаъолияти адибони Қаратоғ ба таври мухтасар шинос мешавем. Ҳангоми иншои тарҷимаи ҳоли адибони деҳа аз нақлу ҳикояҳои мардум ва сарчашмаҳои илмию адабӣ истифода кардем.

Соли 1971. Ҷашни 60-солагии М. Турсунзода дар деҳаи Қаратоғ.

МИРЗО ТУРСУНЗОДА

М. Турсунзода 2-маи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғ, дар гузари Чармгарон, дар оилаи дуредгар ба дунё омад. Падараш усто Турсуни дуредгар, дар ин касб маҳорати комил дошт. Бо вуҷуди ин, сахтӣ ва тангдастӣ дар оилаи ӯ ҳукмфармо буд. Замони зулмпарвар ба равнақи кору таъминоти рӯзгори ӯ мамоният мерасонд.

Падару модари Мирзо шабу рӯз дар баҳри фикру хаёл фурӯ рафта, ғами зиндагӣ ва тарбияи кӯдаконро мехӯрданд (30, саҳ. 262).

пешина
аз 214
навбатӣ