Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Падари Мирзоро дар деҳа усто Турсунмуроди Ғолиб ба забон мегирифтанд. Усто Турсунмурод ду бародар дошт. Усто Меликбой ва Абдурозиқ. Усто Меликбой бармаҳал вафот кард. Абдурозиқ ба Бухоро рафта хонд. Ӯ дар як маҳаллаи он имом шуду омада кӯчу бандашро аз Қаротоғ гирифта рафт. Ӯ ду духтар ва як писар дошт, ки писараш Абдуғанӣ ном дошту духтаронаш Зеварой ва Анварой... Усто Турсунмурод дигар хешу табори наздик надошт (29).
Модари Мирзо — Холбибӣ соли 1920 дар синни 58-солагиаш аз олам чашм пӯшид. Ӯро дар оромгоҳи маҳаллаи Чармгарон ба хок супурданд.
Падари Мирзо соли 1933, дар синни 74-солагиаш аз олам гузашт. Ӯ охирҳои умраш дар гузари Шӯробдара зиндагӣ мекард ва дар оромгоҳи ҳамин гузар ба роҳи охирин гусел намуданд.
Мирзо Турсунзода солҳои 1920 — 21 дар мактаби кӯҳнаи деҳа савод гирифт. Ӯ дар он солҳо аз Мулло Ҳалим ном мударриси гузари Тошқӯргон нахустин бор навиштану хонданро омӯхт.
Ба Турсунзода, ки худаш «Қуръон»-ро бо забони арабӣ «хонда», ҳамроҳи аҳли Қаротоғ одамони давлатманди деҳ, бойҳоро ба ҳаҷҷи акбар — ба саёҳати Макка гусел кардааст, барои ба некӣ анҷом ёфтани ҳаҷҷи акбар «ба тахтапушти ҳоҷиён» орд молидани занонро дидааст, зарару фоидаи динро худи ҳаёт исбот намуд (31, саҳ. 65).
Соли 1924 Мирзо дар мактаб-интернати Қаротоғ таҳсил кард. Ӯро муаллимони нахустини мактаби шӯроӣ А. Ғуломӣ, Д. Назарзода таълим доданд.
Соли 1925 М. Турсунзода таҳсилро дар мактаб-интернати Душанбе давом дод. Ӯро на танҳо муаллимон ва мураббиён, инчунин адибони тоинқилобии тоҷик тарбия намуд. Аз ин рӯ вай А. Лоҳутиро аввалин муаллим ва тарбиятгари худ мешуморид.
Солҳои 1926 — 27 М. Турсунзода дар техникуми омӯзгории шаҳри Душанбе хонд, соли 1927 ба сафи комсомоли ленинӣ дохил шуд. Мактаби нав, тарбияи комсомол ва меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ Мирзоро дар қатори ҳамсафонаш чун одами нав ба воя расонд.
Мирзо яке аз талабагони пешқадами техникум буд, ӯро барои таҳсил ба Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё