Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Тошканд фиристоданд. Мирзо дар давоми солҳои 1927—1930 дар ин донишгоҳ таҳсил карда, соҳиби маълумоти илмию адабӣ ва педагогӣ гардид. М. Турсунзода соли 1931 Донишгоҳро тамом карда барои хизмат ба Душанбе омад. Бори аввал ходими адабӣ ва баъд котиби масъули рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» шуда кор кард. Солҳои 1929—32 эҷодиёти Мирзо асосан аз ҳикояву очеркҳои адабӣ ва қисман аз шеърҳо иборат буданд. Намунаи аввалини эҷодиёти ӯ «Байрақи зафар» (1932), гирд оварда шудааст. Эҷодиёти М. Турсунзода гуногунрангу гуногунмазмун аст: «Манзараи Хуҷанд» (1934), пьесаи «Роҳатхон» (1935), «Офтоби мамлакат» (1935—36), достонҳои «Хазон ва Баҳор» (1937), «Оби ҳаёт» (1939) ва ғайраҳо.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шеърҳои ҷанговаронаи ӯ «Сарчашмаи мардонагӣ», «Хайр модари азиз», «Хотираи капитан», «Ҳаргиз», «Баҳодури тоҷик», «Фарзанди ту меояд», достони лирикию эпикии «Писари Ватан» ва либреттои операи «Тоҳир ва Зуҳро» намунаҳои маҳсули эҷоди давраи Ҷангинд ваянд.

Эҷодиёти баъдиҷангии Мирзо Турсунзода басо ривоҷ ёфт. Махсусан, силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон», «Бозгашт», «Меҳмони магрибӣ», «Руди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара Чандрӣ», «Дар ёди кас», «Саёҳи Ҳинд», «Тоҷмаҳал», «Дар орзуи ошён», «Қадаҳи ман», «Кулоҳи профессор Аҳвледианӣ», «Ду роҳ». Ин асарҳо аз саёҳати Мирзо Турсунзода ба Ҳиндустон ҳикоят мекунанд.

Достонҳои шоир «Ҳасани аробакаш», «Садои Осиё», «Духтари муқаддас», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин», асарҳои беҳтарини назми баъдиҷангии ӯанд.

Соли 1948 барои қисми якуми силсилаи шеърҳои ҳиндустонӣ ба шоир унвони лауреати Мукофоти Давлатӣ дода шуд. Барои маҷмӯи шеърҳои «Садои Осиё» ва достони «Ҳасани аробакаш», соли 1960 сазовори мукофот гардид.

Соли 1961 ба М. Турсунзода бори аввал номи фахрии «Шоири халқии ҶШС Тоҷикистон» дода шуд. Соли 1963 барои достони «Ҷони ширин» сазовори

пешина
аз 214
навбатӣ