Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳи
Рӯдакӣ гардид.
М. Турсунзода соли 1942 ҳамчун сардори «Главлит»-и ҷумҳурият ва солҳои 1943 — 45 ба вазифаи сардори Идоракунии санъати ҷумҳурият кор кард.
Ӯ аз соли 1946 то охири умр раиси правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Аз худи ҳамон сол (1946) сар карда вайро халқ ба депутатии Шӯрои Олии ИҶШС интихоб намуд. М. Турсунзода раиси Кумитаи Тоҷикистонии сулҳ, раиси Кумитаи шӯрои сулҳ, аъзои Президиуми гурӯҳи парламентии ИҶШС дар ҳузури Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои Кумитаи умумииттифоқии мукофоти ленинӣ ва котиби Иттифоқи нависандагони ИҶШС буд (20, саҳ. 453, 455).
Худи вазифаҳои бузурги ҷамъиятӣ ва давлатии М. Турсунзода ӯро ба сафарҳои дуру наздик, ба ҷаҳонгардӣ водор мекард. Ҳамаи сафарҳои ӯ баҳри дӯстию осоиштагии халқҳои дунёст. Аз соли 1947 сар карда М. Турсунзода то соли 1977 ба қитъаҳои Осиё, Африқо, Аврупо ва Амрико сафар намудааст. Сафари нахустини ӯ соли 1947 аз Ҳиндустон оғоз ёфт, сафари охирини ӯ соли 1977 ба Булғория сурат гирифт.
Дар давоми 30 сол, М. Турсунзода борҳо ба Ҳиндустон (солҳои 1947, 1948, 1949, 1955, 1960, 1968, 1970), Миср (1957, 1962, 1972), Польша (1948, 1963), Куба (1966), Лубнон (1967), Сурия (1967), Швеция (1954, 1958), Финляндия (1955, 1962, 1965), Танзания (1965), Канада (1967), Эрон (1954, 1968), Покистон (1949, 1950), Афғонистон (1949), Кипр (1969),
Индонезия (1955, 1966), Франция (1955), Австрия (1952), Чехословакия (1961), Аргентина (1975), Гвинея (1961), Булғория (1977). Ва дар байни ҳамон солҳо ба Ироқ, Хитой, Алҷир, Тайланд, Бирма, Адан (ҶД Йеман), Гана, Япония, Мексика, Ҳабашистон, Швецария, Корея сафар кардааст.
М. Турсунзода ҳар боре, ки аз сафар бармегашт, албатта, ба зодгоҳаш — Қаротоғ омада, дар бораи сафарҳояш ҳикояҳои завқовар мекард. Рӯзе, ки Мирзо дар зодгоҳаш буд, он рӯз деҳа тӯй дошт. Пирони барнодил, ҳофизону мутрибон рӯи катҳои соҳили дарё нишаста дар ҳар хусус сӯҳбат меоростанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё