Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Соли 1947 ба шӯъбаи забони ва адабиёти Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе дохил шуд, онро соли 1951 хатм намуд. Ӯ ҳамчун муаллими забон ва адабиёт ва мудири қисми илмӣ аз соли 1947 то 1963 дар деҳаи Қаротоғ кор кард.
Хизматҳои шоёни А. Ғуломӣ дар назди халқаш бо «Ордени Ленин», ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони Фахрӣ», ордени «Шӯҳрати Меҳнат», Нишони Аълочии Маорифи Халқ, Муаллими Хизматнишондодаи Тоҷикистон, бо Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи халқи Тоҷикистон қадр карда шуданд.
26-уми апрели соли 1976 А. Ғуломӣ дар синни 73-солагӣ дар зодгоҳаш аз олам чашм пӯшид.
А. Ғуломӣ дар замони тангу тори феодалӣ овони бачагии худро гузаронда, баду некии ҳаётро санҷидааст. Таъсири дин, қарахтаю бесаводии мардуми қашшоқу бадбахт ҳукмрон буд. Тохтутозҳои амирону пайравони онҳо тан чандин солҳо мардумро зери «ҷодари сиёҳ» гузоштанд. Баробари инқилоби Бухоро ин ҷодари сиёҳ аз байн рафт.
А. Ғуломӣ яке аз барқароркунандагони мактаби нав, ҳаёти нав буд. Ӯ деҳа ба деҳаи водии Ҳисор харсавору аспсавор роҳ тай намуд, то ки мардум босавод шаванду аз хоби чандинасра бедор гарданд. Гарчанде дастаҳои босмачиён барои кори маориф фишор меоварданду муаллимкушӣ менамуданд, тоб овард. То ҳатто тахтаи синф дар китф, коғазу қалам дар хӯрҷин, зимистони қаҳратун роҳ тай мекарду ба мардум дониш меомӯхт.
А. Ғуломӣ шахси маорифпарвар, ватанпарвар ва меҳрубони халқ буд. Ӯро мардум муаллими муаллимҳо, поягузори мактаби нави шӯроӣ меноманд. Ӯ бори нахуст ҳамсари худро ба мактаби нав овард, фаранчии ӯро аз сар гирифт. Дигар занону духтарони деҳа Муборак Маҷидова, Нусратой Раҷабова, Ҳоҷибибӣ Шарифова, Мукаррама Азизова ва чанде дигарон ба ӯ тақлид намуданд.
Ҳамин тавр, кори неку номи неки А. Ғуломӣ дар дилу дидаи мардум то абад зиндааст. Пешаи А. Ғуломиро фарзанди нахустинаш Халили Абдураҳмон идома дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё