Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дар мадрасаи Қаратоғ хонда соҳиби илм мешавад. Соли 1920 тохтутози босмачиён дар Қаратоғ шиддат гирифт. Зулму ситами ноҳақ мардумро бесаранҷом кард. Ҳамин тавр, соли 1921 — 22 Д. Назарзода ба кори кумитаи инқилобии Қаратоғ ёрӣ мерасонд. Соли 1923 дар курси кӯтоҳмуддати муаллимтайёркунии Қаратоғ таҳсил кард. Дар он курс бештар ҷавононе ҷалб карда мешуданд, ки соҳибилм буданд.

Д. Назарзода бори нахуст соли 1924 дар мактаб-интернати Қаратоғ муаллимӣ кард. Худи ҳамин сол падари ва модари ӯ аз олам чашм пӯшиданд. Соли хониши 1924 — 25 Д. Назарзодаро ба сифати муаллим ба тумани Юрчӣ (ҳоло вилояти Сурхондарёи ҶШС Ўзбекистон) фиристоданд. Соли хониши 1925 — 26 баъди хатми курси семоҳаи муаллимӣ дар Душанбе, Ҳисор, Ёвон вазифаи мудири мактаб-интернатро адо мекард.

Соли 1926 дар роҳи Кӯктош ва Ёвон Д. Назарзодаро босмачиён таъқиб мекунанд. Ӯ худро ба ҳавлие, ки дар он ҷо эшони маҳаллаи Кӯктош зиндагӣ мекард, пинҳон карданӣ мешавад. Аммо босмачиён аз паи ӯ ба ҳавлӣ даромада ба гардани ӯ шамшер мемонанд. Эшон худро ба болои Д. Назарзода партофта зорию илтиҷо мекунад, то ки ӯро накушанд. Аз паси гардани ӯ хун ҷорӣ мешавад. Баъди рафтани босмачиён Эшон ӯро табобат карда гусел менамояд. Ҷои захми шамшер то умраш боқӣ монд.

Охири соли 1927 ӯро барои ташкили мактаби нав аз деҳаи Пуштимиёна мефиристанд. Дар давоми солҳои 1927 — 31 дар деҳаҳои дараи Ширкент муаллимӣ кард. Аз соли 1931 то соли 1936 дар деҳаи Кафшдӯзони дараи Хонақоҳ (ноҳияи Ҳисор) солҳои 1936 — 1941 дар Пуштимиёна, солҳои 1941 — 42 дар деҳаи Қаратоғ, солҳои 1943 — 44 дар деҳаи Налбек, солҳои 1944 — 45 дар деҳаи Гултутта, аз соли 1945 то соли 1957 дар деҳаи Қаратоғ кор кард. Дар байни ҳамин солҳо, соли 1954, техникуми ҳисоббарории шаҳри Душанберо хатм намуд. Соли 1957 шӯъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав ӯро ба нафақа баровард. Баъд аз нафақа таи чанд сол дар Қаратоғ муаллими синфҳои ибтидоӣ шуда кор кард.

пешина
аз 214
навбатӣ