Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Соли 1969 моҳи май аз олам чашм пӯшид. Хизматҳои шоистаи ӯ бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» қадр шудаанд.
Ҳуҷҷатҳои маъхази таърихии Д. Назарзода аз соли 1924 то соли 1957-ро дар бар мегиранд. Маъхази номбаршуда, (аз 150 саҳифа) ҳуҷҷатҳое иборат мебошад, ки бо ҳуруфи арабӣ, форсӣ, лотинӣ ва русӣ сабт шудаанд. Ҳуҷҷатҳои Д. Назарзодаро варақ занем, аз таърихи ташкилшавии мактабҳои шӯроии водии Ҳисор дарак медиҳад.
Д. Назарзода кори хайреро ба сомон расонидааст, ки тамоми ҳуҷҷатҳою дастхатҳояшро то ин дам беосеб нигоҳ доштааст.
Имрӯз исму насаби ӯ дар қатори муаллимони нахустини мактабҳои шӯроии водии Ҳисор дар поясанги хорогӣ, дар осорхонаи деҳа сабт карда шудаанд.
АБДУРАҲМОН ҒУЛОМӢ
А. Ғуломӣ соли 1903 дар оилаи деҳқони миёнаҳол, дар деҳаи Қаротоғи водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш Мирзоғулом ба касби деҳқонӣ ва карбосбофӣ машғул буд. Дар ибтидо, то инқилоби Бухоро, ӯ дар мадрасаи деҳа савод омӯхт. А. Ғуломӣ аз падараш касби карбосбофиро омӯхта то соли 1923 ба он машғул гашт. Соли 1923 баробари дар деҳаи Қаротог кушода шудани курси кӯтоҳмуддати муаллимтайёркунӣ ӯ дар он ҷо таҳсил намуд. Аз соли 1924 то соли 1925 дар мактаби нави шӯроии деҳаи Қаротог ба сифати муаллим кор кард. Дар ҳамон солҳо дар мактаби нав, ки бепарасторону фарзандони косибону деҳқонон ҷалб мешуд, мардум ин донишгоҳро «сағирбала» ном мебурданд. Шогирдони нахустини мактаби деҳа — М. Турсунзода, Ҳ. Обидӣ, Камол Имом, Мухтор Ғулом ва чанде дигарон буданд, ки аллакай ҳуруфоти форсию арабиро навиштаю қироат карда метавонистанд. Аз ин рӯ Абдураҳмон Ғуломиро муаллими нахустини Мирзо Турсунзода ном мебаранд. Солҳои 1926-27 А. Ғуломӣ ба ноҳияи Ғарм барои ташкили мактаби нав фиристода шуд. Дар давоми солҳои 1928—1932 дар деҳаҳои дараи Қаротоғ — Муъминобод

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё