Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
таълимомӯзӣ ва ҳиссагузорӣ барои ҷумҳурияти навбунёд фиристоданд. Ӯ бештар аз 10 сол дар Қаротог зиндагӣ карда, ба пешрафти кори занон дар деҳот ташаббускорӣ нишон дод.
Мирзо Турсунзода дар шеъри «Ба духтари тоҷик» бедории занонро чунин ба қалам додааст:
Мисли абри давраи пуроҳувоҳи ту гузашт,
Давраи нав сар шуду рӯзи сиёҳи ту гузашт.
Дар замони кӯҳна, гӯё, бандаи осӣ будӣ,
Дар ҷаҳони нав тамоман аз «гуноҳи» ту гузашт.
Соли хониши 1933—34 мактаб ба мактаби ҳафтсола табдил ёфт ва минбаъд, аз якчанд маротиба гузаштани маросими тамомкунии синфи ҳафт, соли хониши 1953—54 ин мактаб мактаби даҳсола шуд.
Соли 1978 мактаби дуошёнаи замонавӣ дар деҳа қомат афрохт, ки дар он қариб ҳазор нафар хонандагон таълиму тарбия мегиранд.
Мактаби деҳаи Қаротог яке аз нахустин мактабҳои ҷумҳурият буда, таърихи басо бой дорад. Танҳо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳамин мактаб бештар аз 55 нафар омӯзгорон ба фронт даъват шуданд, 36 нафари онҳо қурбони Ватан гаштанд. Мо дар ин хусус дар бобҳои оянда нақл хоҳем кард (28).
ДАВЛАТ НАЗАРЗОДА
Д. Назарзода соли 1897 дар деҳаи Қаротоги водии Ҳисор дар оилаи комухтгар ба дунё омадааст.
Падараш — усто Худойназари комухтгар, шахси соҳибилм буд. Ӯ барои пешбурди рӯзгораш ба комухтгарӣ машғул мешуд.
Модари Д. Назарзода, Меликой ном дошт. Баробари корҳои рӯзгор ба ресандагӣ машғул мешуд.
Дар заминҷунбии Қаротог ду фарзанди усто Худойназар зери хона монд. Давлати 10-сола он замон барои бозорчиҳо чой ва нон мебурд. Кулбаи онҳо дар назди бозор, дар марказ воқеъ буд.
Давлати хурдсол барои хуб гузаштани рӯзгорашон дар бозор хизматгорӣ мекард, ризқу рӯзӣ ҷамъ меовард. Соли 1914 усто Худойназар писараш Давлатро ба назди қори Домулло мебарад. Ӯ се сол аз Қори Домулло таълим мегирад. Аз соли 1918 то соли 1920

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё