Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Қатъи назар аз душвориҳои калон ташкилотҳои маҳаллӣ барои бо китоб, дафтар, қалам, дигар асбобҳои хониш таъмин намудани хонандагон ғамхории калон зоҳир намуда, онҳоро аз шаҳри Душанбе оварданд. 31-уми август вакилони ҳар ду самти Қаротоғ ба аҳолӣ хабар доданд, ки якуми сентябр ба (расми) кушодашавии мактаб ҳозир шаванд. Пагоҳирӯзии якуми сентябр халқ аз ду тарафи дарё бо мусиқӣ ва нақора ба сӯи мактаб мешитобид.

Соати 9-и пагоҳӣ садои зангулаи мактаб баланд шуд. Муаллимон Мирзонабот Шарифӣ, Абдураҳмон Ғулома ва чанде дигарон вориди синф гаштанд.

Шогирдони нахустини ин мактаб-интернат — М. Турсунзода, Ҳ. Обидӣ, Ҳ. Зарифӣ, Ҳ. Рофеъзода, Ҳ. Бобокалонзода, М. Шукурзода, М. Ғуломӣ, Халили Клим, К. Юсумзода ва дигарон буданд.

Соли 1927—28 12 нафар духтаронро ба хониш ҷалб карданд, ки аз байни онҳо Муборак Маҷидова ва Хайринисо Ҳафизова баъди хатми мактаб касби муаллимиро пеша карданд. Борӣ аввал соли таҳсили 1926—27 курси маҳви бесаводии калонсолон ташкил карда шуд. Дар ибтидо 25—30 нафар калонсолон хонда саводнок шуданд. Аз он ҷумла Мулло Фармон, Уроқ-Дароз; Бури Раҷаб, Ибодулло Манка, Абдулло Носир, Тоҳир Шукур, Рауф Юнус, Арбоб-Ашӯр Мирзо, Ваххоб Қодир ва дигарон буданд. Ба онҳо Абдураҳмон Ғуломӣ таълим медод.

Солҳои таҳсили 1927—28 барои занон ҳам курси маҳви бесаводӣ ташкил ёфт, ки дар он 15 нафар занон мехонданд. Аксарияти онҳо занони одамони пешқадам буданд Рустам Давлатзода мудири мактаб таъин шуд. Бибӣҳалифа Сидиқова, Ҳамроой Рӯзиева, Давлатой Шукурова, Нусратой Раҷабова, Марзия Калонова, Бибикалон Шарифова, Сангиной Нозимова, Нусратой Ғуломова, Мукаррама Азизова, Ҳоҷибиби Шарифова. Муқаддас Зарифова, Турсуной Қамарова, Шарофат Муродова, Фотима Саидова аз хатмкунандагони ин мактаб буданд. Онҳо бори нахуст фаранҷӣҳои худро партофта бо роҳбарии Саломат Ҷаҳонгирова ба таҳсили мактаби шӯроӣ шурӯъ карданд (28).

Саломат Ҷаҳонгирова аз Кумитаи Марказии Тоҷикистон ба ин деҳа бо мақсади ҷалб намудани занон ба

пешина
аз 214
навбатӣ