Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Солҳои 1923—24 дар як қатор ноҳияҳои Бухорои Шарқӣ, аз он ҷумла дар Душанбе, Ҳисор, Қаротоғ, Кӯлоб, Ғарм аввалин хонаҳои бачагон ташкил шуда буданд. Бачагон дар ин донишгоҳ ҳам тарбия ва ҳам илму дониш гирифта, ба мактабҳои миёнаю олии Осиёи Миёна фиристода мешуданд.

Соли 1924 мактаб-интернати Қаротоғ ба кор оғоз намуд. Дар он муаллимон Иброҳим Юсуфӣ, Шариф Қуллии Бухорӣ, Мирзоҳасан Саидҳасани Эронӣ, Ализодаи Эронӣ дарс медоданду Мирзошариф Ҳотам мудири мактаб-интернат буд. То моҳи май соли 1924 дар мактаби куҳна (дар мадраса) ҳамаи ин корҳо амалӣ гардид.

Баъд аз қарори ташкилоти ҳизбии Қаротоғ, ки дар он рафиқ А. Ғарифов, ноиби раиси Кумитаи инқилобӣ — Бобоазла Қараев ва Нозири маориф Аббос Алӣев нутқ карда буданд, охири моҳи июни соли 1924 сохтмони бинои мактаби Қаротоғ оғоз ёфт. Азбаски бо хишт то якуми сентябр биноро пӯшонидан мумкин набуд, қарор дода шуд, ки ба ҷои хишт сангро истифода баранд. Барои ин кор халқ ҳашарҳои умумӣ ташкил намуд, дар як муддати хеле кӯтоҳ таҷҳизотҳои заруриро тайёр кард. Дар ин кори умумихалқӣ беҳтарин устоҳои бинокор, дуредгар ва ҳунармандон ҷалб карда шуданд.

Қариб ҳамаи чӯбҳо бо воситаи барзаговҳо аз деҳаи Қадиҷӯйбор ва бӯйрою қамиш аз дигар ҷойҳо оварда шуданд. Хусусан вакилони самти ғарбӣ Рауфи Юнус ва самти шарқии Қаротоғ Арбоб Ашӯр ибни Мирзо, аз устоҳои гилкор Ҳоҷӣ Нор, аз устоҳои чӯбтарош усто Мӯмин ибни Назир, усто Бобоназар, усто Бобособири Гунг, усто Хайрулло ва дигарон вақти худро дареғ надошта кор карданд. Хулоса, як бинои чорсинфа, ҳуҷраи мудири мактаб, хонаи муаллимон ва клуб сохта шуд. Инчунин барои мактаб сохтани парта, курсӣ ва миз усто Хайрулло ибни Бобоназар фаъолияти хуб нишон доданд.

Моҳи августи соли 1924 бачагони синни мактабӣ ба рӯйхат гирифта шуданд. Аз хурсадӣ на фақат ба-чагони 8—10-сола, балки 12—16-сола ҳам худро ба мактаб нависонданд. Ҳамин тариқ шумораи ҳамаи хо-нандагон ба 58 нафар расид.

пешина
аз 214
навбатӣ