Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
кӯр-кӯрона бовар мекард. Асоси умеди зиндагӣ, дунёи охират буду бас (28).
Масъалаи бедории халқро аз хоби ғафлат пеш аз ҳама маҳви бесаводӣ яъне ташкил кардани мактабу маориф ҳал менамуд.
Баҳори соли 1923 Раиси Шӯрои Комиссарони Ҷумҳурияти Халқии Бухоро Файзулло Хоҷиев ба Қаротоғ омад. Ӯ шаҳри Қаротоғро дида хеле ҳайрон мешавад. Урфу одат, забон, муносибат, маданият ва тарзи сохти хонаю ҳавлиҳо, раставу бозорҳо ҳамааш ба тарзи зиндагию маданияти мардуми Бухорогу Самарқанд шабоҳат дорад, мегӯяд ӯ.
Ӯ дар саҳни мадраса мардумро ҷамъ намуда, масъалаи ташкил намудани мактаби шӯроиро мегузорад. Ф. Хоҷиев халқро бовар кунонид, ки мактаби шӯроӣ бачагонро дар муддати 3-4 сол саводнок ва дар 3-4 моҳи аввал чашми хатдор мекунад. Дар ҳамин лаҳза ҳам ифвогарон аз фурсат истифода мебурданд, халқро ба шӯр меандохтанд, ки ба гуфтаҳои ӯ бовар накунанд.
Аммо масъалаи аз ҳама муҳим барои ташкили
мактаби шӯроӣ, масъалаи муаллим буд.
Ҳамин тарз, бо супориши ҳизб ва ташаббуси Ф. Хоҷиев тирамоҳи соли 1923 аз Бухоро ба Қаротоғ се нафар муаллим фиристода шуд. Онҳо муаллими фанни адабиёт Мулло Низомиддин Ғуломӣ, муаллими тарих Насриддин Абдуллозода ва муаллими ҳисоб Бухорӣ-мулло буданд.
Муаллимони номбурда таҳти ҳимояи Кумитаи Инқилобӣ дар Қаротоғ, курси шашмоҳаи муаллимтайёркунӣ ташкил карда ва дарс доданд. Курс аз 18 нафар ҷавонони доно иборат буд, ки онҳо дар мактаби кӯҳна низ хуб мехонданд, аз ҷумла Давлат Назарзода, Абдураҳмон Азизӣ, Раҷаб Болтазода, Мирзобарот Шарифӣ, Мирзошариф Ҳотамзода, Абдураҳмон Ғуломӣ, Иброҳим Юсуфӣ, Муҳиддин Шарифӣ, Хайрулло Ғуломӣ, Сироҷиддин Ниёзӣ ва дигарон буданд.
Дар давоми ҳамон сол курси номбаршуда муаллимони нахустинро тайёр кард, ки онҳоро ба ноҳияҳои Бухорои Шарқӣ, Душанбе, Ҳисор, Юрчӣ, Сариосиё, Кӯлоб, Ғарм, Саройкамар (Қировобод) фиристоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё