Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

он қосибону ҳунармандони маҳаллӣ ҷалб карда мешуданд.

АЗ ТАЪРИХИ МАКТАБИ ДЕҲА

То инқилоби Октябр дар Қаротоғ бештар аз 23 масҷид ва як мадраса мавҷуд буданд. Дар масҷиду одамон ҷамъ шуда ба ҷавонон ва миёнсолон сураҳои намоз ва «Қуръон»-ро қориёна меомӯзонданд.

Дар мадраса бештар хондану навиштан ва азёд кардани сураҳои китобҳои исломиро ёд медоданд.
Дар мадраса имом ва домулло сарварӣ мекард. Ба ивази таълим, шогирдони мадраса ба имому домулло «ҳаққулло» медоданд ва дар вақти зарурӣ хизматгори оилаҳои онҳо мешуданд. Мо баъдтар дар бораи гирифтани таълим дар мактабҳои кӯҳна тавассути хотираҳои яке аз шогирдони мадраса Иброҳим Юсуфӣ огоҳӣ меёбем.

Таълим ва тарбия дар мадраса ё мактаби кӯҳна хусусияти истисморгарӣ дошт. Волидон фарзандони худрод ба мадраса бо мақсади саводнокшавӣ мебурданду боз барои тасаллои дили имом ё домулло шиори «Хуну пӯсташ аз Шумою ҷонаш аз ман»-ро истифода мекарданд. Шогирдон дар мадраса бо зулму ситам тарбия мегирифтанд ва баъзан онро тарк менамуданд. Чуноне ки Мирзо Турсунзода қайд кардааст: «Адабҷуби мулло хеле дароз буд, ҳар ҷо, ки нанишинам, ба сарам мерасид».

Ғалабаи Инқилоби Октябр дар Бухоро 2-юми сентябри соли 1920 занҷири зулму асорати сохти феодалӣ ва мутлақияти аморати амириро дар сарзамини Бухоро пора кард.

Мардуме, ки асрҳои аср бо таъсири дини ислом ва макру фиреби ҳомиёни дин дар торикӣ, дар хобу ғафлат буданд, бедор кард. Ин аст, ки дар солҳои барқароркунии Ҳокимияти Шӯроӣ дар ин сарзамин, баробари бо душманиҳои сохти ҷамъияти социалистӣ мубориза бурдан, инқилоби маданӣ низ гузаронидан рост омад. Халқ сар то сар бесавод ва гумроҳ буд.
Ҳар чи ки амалдорон ва диндорон ташвиқ мекарданд,

пешина
аз 214
навбатӣ