Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар заминҳои обӣ бештар пахта, шолӣ кишт карда мешуд. Ҳосилнокии пахта ба 12 — 16 сентнер мерасид.

Дар колхозҳо деҳқонони ботаҷриба ва кордон Нисор Маҳмад, Мирзо Барот, Бӯрӣ Олим, Қодир Ваҳҳоб, Маҳкам Сафар раисӣ менамуданд.

Осиёбҳо хеле барвақт, дар деҳаҳое, ки дар соҳили дарё ҷойгир шуда буданд, амал мекарданд. То ҳатто дар қалъаи Қаротоғ, ки аз дарё қариб 50—60 метр баланд ҷойгир шудааст, сангҳои осиёб дарёфт карда шуд. Ин сангҳои осиёб нисбати сангҳои осиёби ҳозира хурдтаранд. Мувофиқи нақли пирони солхӯрд деҳа осиёбҳо дар ҷои беоб ҳам сохта мешуд ва онро тавассути чарх бо даст давр мезанонданд. Аз ин ҷо бармеояд, ки пеш аз асри XIX дар Қаротоғ осиёбҳои дастӣ ҳам амал мекарданд.

Саид Васили Самарқандӣ (1870—1925) дар ситоиши осиёб ва нони аз он тайёр шударо дар шеъри худ «Дар мадҳи нони осиё» бисёр ҳам пурэъҷоз ба қалам додааст:

Аз Самарқанд боз омад як-ду нони осиё,
Сер шуд дилҳо зи як нони калони осиё.
Одам аз ҷаннат баромад баҳри нон рӯи замин,
Баҳри нонпе чарх созад осмони осиё.
Ҳаст нони осиё дар дил мадори зиндагӣ,
Мисли ҷон бошад равон оби равони осиё.
Он ду сангӣ осиё аз меҳру моҳи чарх беҳ,
Ҳаст бо ҳам баҳри хизмат Фаркадони осиё.
То нагардад орди гандум, кай тавон нонаш хурӣ,
Метавон созӣ дуо з-он рӯ ба нони осиё.
Шуд зи нони осиёӣ дил қавӣ, рухсор сурх,
Месазад бӯсам ҳазорон остони осиё...

(27. саҳ. 420).

Аз солҳои сиюм сар карда дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Регар (деҳаи Регар) якчанд колхозҳои хурд вобаста ба хоҷагиҳои маҳаллаҳо ташкил ёфтанд. Чунончӣ, колхозҳои ба номи «Пахташиркат», «Фрунзе», «Большевик», «Куйбишев», «Андреев», «Сталин», «Молотов», «Озодии Шарқ», «Шверник», «Рокоссовский» ва монандӣ онҳо.

Артелҳои бофандагӣ, кулолгарӣ, оҳанпазӣ ва дигар артелҳои хурд-хурд ташкил карда шудаанд, ки ба

пешина
аз 214
навбатӣ