Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
дорад, чунончӣ: бисёр ваъда медиҳаду дар вақташ иҷро намекунад. Порсол Юсуфзода бо ду рафиқи рус ваъда дода буданд, ки аҳволи моро беҳтар хоҳанд кард, мо ба ин бовар кардем, аммо онҳо ваъдаҳояшонро иҷро накарданд, бо вуҷуди ин, суханони ширинашон ба мо лаззат бахшиданд, барои ин ба ӯ раҳмат мегӯем, вале бори дигар вай моро нахоҳад фиреб дод. Ҳозир Шумо ба мо гап зада ваъда медиҳед... вале он чӣ ки ҳоло мо мешунавем, оё иҷро мешуда бошад?» (21, саҳ. 314).
Вақте ки намояндагони ҳукумати Бухоро ба ин деҳқон: «Оё Шумо ба мо боварӣ надоред» — гуфта савол доданд, деҳқон чунин гуфт: «Ман ин тавр фикр карда наметавонам, ба Шумо боварӣ дорам, вале метарсам, ки фаромӯш мекунед» (21, саҳ. 314).
Баҳори соли 1924 давлат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ бештар ёрӣ мерасонд. Ба вилояти Душанбе, ки Қаротоғ низ мансуби он буд, 5 ҳазор пуд ғаллаи бепули тухмӣ дод. Барои ёрӣ расондан бо ширкатҳои кредитӣ ба деҳқонон ва косибони Қаротоғ 10 ҳазор сӯм ҷудо карда шуд.
То соли 1928 хоҷагиҳои деҳқонӣ «Хозсбор» ном доштанд. Вазифаи ин ташкилот аз он иборат буд, ки деҳқонон аз ҳисоби хоҷагиҳояшон ба он ғалла, мева ва сабзавот супорида музди онро мегирифтанд. Яке аз роҳбарони ин ташкилот Искандарзода ном дошт.
Соли 1929 ноҳияи Қаротоғ барҳам хӯрд ва номи ноҳияи Шаҳринавро гирифт. Ташкилотҳои батрақҳо — «Ҷуфтгарон» дар он солҳо ривоҷ ёфт. 15—20 деҳқон бо омочу барзагов замин шудгор мекарданд. Воситаи асосии нақлиёт маркабу аспу ароба буд. Охири соли 1929 трактори тамғаи ЧТЗ низ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ истифода шуданд.
Соли 1930 нахустин колхози «Коммуна» ташкил шуд, ки дар он Абдулло Исмоилзода раисӣ мекард.
Охири соли 1930 дар Қаротог курси кӯтоҳмуддати тайёр кардани раиси колхозҳо кушода шуд, ки дар як муддати кӯтоҳ онро бештар аз 70 нафар хатм намуданд. Тобистони соли 1931 курси думоҳа ва семоҳаи тайёр намудани ҳисобчиҳои колхоз кушода шуд. (19, саҳ. 248).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё