Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX деҳқонон аз қулфати безаминӣ ба ҷон мерасиданд. Дар бекии Ҳисор бойҳо, ки ҳамагӣ 7,6 фоизи аҳолӣ буданд, 45,6 фоизи тамоми заминҳои обиро соҳиб мекарданд. Дар дасти 28 фоизи хоҷагиҳои камзамин ҳамагӣ 1 фоизи замин буд (9. саҳ. 228).
Дар Қаротоғ амалдорон аз меҳнати кироии ночизи деҳқонон самаранок истифода мебурданд. Деҳқони бадаҳвол хизматгори дарбори амалдорони шаҳри Қаротоғ буд. Бо вуҷуди заҳматҳои 14-15 соатаи деҳқон меҳнати пуразоби ӯ ғайриқаноатбахш қадр карда мешуд.
Аз баҳори соли 1921 сар карда заминҳои кишти заминдорони водии Қаротоғро деҳқонон ва мардуми безамин соҳиб гаштанд. Гарчанде заминҳо дар ихтиёри деҳқонон буд, тохтутози босмачиён дар гирду атроф ба мустақилияти деҳқонон халал мерасонд. Дар Қаротоғ дар он солҳо бештар аз 10 осиёби дудӯла (осиёбҳое, ки ду осиёбро дар бар мегиранд) ва бештар аз 50 ҷувози равғанкашӣ мавҷуд буд. Деҳқонон ғаллаи худро дар осиёб орд карда, загерашро дар ҷувоз равған мекашиданд. Осиёбҳои Ҳоҷизаргар, Кали Ҳафиз, Абдуллои Баққол, Қӯшосиб, Осиёби Юсуфи Ғолиб, осиёби Кали Бурӣ, ҷувозҳои Ҳоҷӣ мулло Юсуфӣ, Ҳоҷӣ мулло Саид, Алиҷӯлоқ, Иброҳимбой, Самади Тӯпаланг ҳамеша пурбор буданд.
Моҳи августи соли 1923 яке аз анҷуманҳои вилояти Душанбе дар Қаротоғ баргузор гардид. Дар он 3 ҳазор вакил иштирок намуд. Дар анҷуман 7 масъала муҳокима карда шуд ва аз рӯи 5 масъала коркунони маҳаллӣ баромад карданд. Вакилони анҷуман дар муҳокимаи ҳамаи масъалаҳо фаъолона иштирок намуданд. Масалан, як деҳқон дар баромади худ ба намояндагони ҶҲШ Бухоро муроҷиат карда чунин гуфт: «Мо назар ба дигар қабилаҳо Ҳокимияти Шӯроиро нағзтар фаҳмидем, мо домани ин ҳокимиятро мустаҳкам медорем, мо медонем, ки Ҳокимияти Шӯроӣ айби бисёре надорад, тороҷгарии асосии мо босмачиён мебошанд, аммо Ҳокимияти Шӯроӣ ҳам гуноҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё