Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

деҳа дар кабӯдизоркунии он фаъолона ширкат варзиданд.

28 ноябри соли 1964 мақбараи бародарон бо тантана кушода шуд. Бештар аз ҳазор нафар мардуми деҳаю меҳмонон дар он рӯзи бошараф ҳузур доштанд. Дар байни меҳмонон Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Д. Н. Кратков, ветеранҳои инқилобии ҷумҳурият Раҷабалии Ҷалил, Абдуҳамид Бобокалонзода ширкат доштанд. Сипас аз меҳмонон муаллими шоистаи ҷумҳурӣ Абдураҳмон Ғуломӣ, яке аз муборизони зидди басмачигарӣ Ёқуб Юнусов дар бораи воқеаҳои он солҳо нақлҳои мароқангез карданд.

Пешоҳангону комсомолони мактаб ба гардани ветеранҳои ҷангу инқилоб галстуки сурх бастанд. Гулчанбарҳо мақбараро шукуфон кард. Аскарони қисми ҳарбии деҳаи Қаротоғ ба хотираи шаҳидони роҳи озодӣ ба ҳаво тири хотиравӣ холӣ карданд. Дар охир ба хотираи шаҳидони роҳи озодӣ дақиқае ҳама сукут варзиданд (26).

Мақбараи бародарии аскарони Армияи Сурх.

пешина
аз 214
навбатӣ