Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

намудаанд, ибтидои соли 1964 масъалаи сохтмони мақбараи аскарони Армияи Сурх ба миён омад. Оиди ҳалли ин масъала, яке аз барқароркунандагони Ҳокимияти Шӯроӣ Абдуҳамид Бобокалонзода солҳои зиёде хотираҳояшро гирд овард. Сипас, дар ҷустуҷӯи номи командири Аскарони Сурх, ки дар ин деҳа шаҳид гашта буд, кӯшишҳои зиёдеро ба кор бурд. Дар охир ӯ номи командири аскарони Армияи Сурхро аз забони яке аз нахустин чойхоначии деҳа Турсуни Раҳим шунид. Турсуни Раҳим дар ҳақиқат бо фарзанди поляк В. Забронов борҳо вохӯрдаасту нахустин калимаҳои забони русӣро аз ӯ омӯхтааст. В. Забронов дар яке аз задухӯрдҳои сахт, соли 1922 аз олам чашм пӯшид. Дар задухӯрдҳои солҳои 1921 — 1924 даҳҳо нафар аскарони миллатҳояшон гуногун дар ин деҳа барои озод кардани ин ҷо аз дастаи босмачиён ҳаётро падруд гуфтанд...

А. Бобокалонзода гирдовардҳои худро ба Президиуми секцияи Тоҷикистонии ветеранҳои инқилобӣ ва ҷангии Иттиҳодияи Шӯравӣ Хонаи афсарони назди Душанбе пешкаш намуд.

Инак, 11 феврали соли 1964 мувофиқи ахбороти А. Бобокалонзода секцияи номбуршуда ин масъаларо мавриди муҳокима қарор дод. Мувофиқи қарори № 3 аз 11 феврали соли 1964 рафиқон Ф. Золов, Б. Биҷоний, Т. В. Алпатьев, Раҷабалии Ҷалил, Муқими Султон, Муллоҷон Саъдуллоев ва худи А. Бобокалонзода ҳамчун комиссия ба мавзеи шаҳидони роҳи озодӣ фиристонида шуданд. Онҳо баъди мавзеъро мушоҳида кардан, ба Президиуми секцияи Тоҷикистонии ветеранҳои инқилобию ҷангӣ таклифҳо пешниҳод карданд.

Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатони халқии ноҳияи Регар қарори онҳоро дастгирӣ намуда, 25 июни соли 1964 кумитаи ташкилӣ таъсис дод. Ва мувофиқи қарори № 212 дар ҳамин таърих ахбороти комиссариати ҳарбии ноҳияро шунида, ҳазор сӯм барои масолеҳи бинокорӣ ҷудо кард. Хоҷагии байниколхозии ноҳия бунёду тармими онро ба зимма гирифт. Маъмурияти корхонаи пахтатозакунии ноҳия атрофи мақбараро панҷараҳои оҳанӣ гирифта, онро рангу бор кард. Кумитаи иҷроияи Шӯрои деҳоти Қаротоғ ва мактабиёни

пешина
аз 214
навбатӣ