Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳамин ноҳия интихоб карданд. Дар ҳамин конференсия ба конференсияи сеюми умумитоҷикистонии комсомол ҳам вакилон интихоб карда шуданд. Ман ва боз панҷ нафар вакилони комсомоли Тоҷикистон ба саёҳат ба Москва ва Ленинград рафтем. Дар ҳайати вакилони комсомоли Осиёи Миёна ҷавонони Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон буданд. Мо 40 нафар будем ва ба мо котибони КМ ЛКСМ Узбекистон Девонов ва Камол Шарифов роҳбарӣ мекарданд.

Мо дар вагони махсусе сафар мекардем, ки вай бо шиору лавҳаҳо зебу зийнат ёфта буд. Дар вокзали Қазони Москва моро комсомолҳо ва пешоҳангони пойтахти мамлакатам гарму ҷӯшон пешвоз гирифтанд. Мо ба заводу фабрикаҳо, ҷойҳои таърихии Москва ва Кремл рафта, бо коргарон мулоқот кардем. Дар Кремл моро котиби якуми КМ ВЛКСМ А. В. Косарёв қабул кард.

Баъд ба Ленинград сафар кардем. Мо дар он ҷо Музеи инқилобиро дидем, бо ҷавонони фабрикаю заводҳои Ленинград вохӯрдем. Дар Смольный коргоҳ — хонаи В. И. Ленинро аз назар гузаронидем. Ҳайати вакилони моро Сергей Миронович Киров ва Надежда Константиновна Крупская пазируфтанд, се соат сӯҳбат карданд. С. М. Киров даҳ васияти В. И. Ленинро, ки дар анҷумани сеюми РКСМ ба миён гузошта буд, хотиррасон кард ва гуфт, ки ин васиятҳои муаллими бузургро ҳатман ба амал баровардан лозим аст.

Баъди сӯҳбат ба ҳар кадоми мо сару либоси комсомолӣ тӯҳфа карданд. Мо бо таъсуроти бузург ба Душанбе баргаштем. Ман фавран ба Қаротоғ омада, комсомолҳо ва ҷавононро ҷамъ кардаму дар бораи мулоқоти худ бо С. М. Киров ва Н. К. Крупская ахборот додам... (26).

МАҚБАРАИ БАРОДАРИИ АСКАРОНИ АРМИЯИ СУРХ

Бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи дурахшони «шаҳидони роҳи озодӣ», ки дар мубориза зидди босмачигарӣ солҳои 1921—1926 дар Қаротоғ ҷонсупориҳо

пешина
аз 214
навбатӣ