Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Рӯзиҷон Бобоева ва комсомол Теша Қурбоновро ҷосус гуфта, ба гарданҳояшон ҷулбур баста, ба масофаи ду километр кашола карда оварданд ва ба симчӯб овехтанд (26).
Босмачиёни лаънати тирамоҳи соли 1925 экипажи самолёти маҷбуран дар байни Регар ва Пахтаобод фуромадаро иҳота карда, ба аъзоёни он бензин пошида оташ заданд. Дигар ба ҳамаи ин тоқат кардан мумкин набуд.
Меҳнаткашони деҳот чун як тан ба муборизаи зидди босмачиён бархостанд. Барои зудтар торумор гардонидани дастаҳои ғоратгари босмачиён чораҳои қатъӣ ва таъсирнок дидан лозим буд. Аз ин ҷост, ки соли 1926 котиби Кумитаи ҳизби округи Ҳисор Яҳё Афзалӣ ба Қаротоғ омад. Қисмҳои Армияи Сурх, аъзоёни Кумитаи инқилобӣ фаъолони ячейкаҳои ҳизбӣ ва комсомолӣ таҳти роҳбарии рафиқ Афзалӣ нақшаи барҳам додани босмачиёнро кашиданд ва як қатор тадбирҳои муҳим гузарониданд. Дере нагузашт дастаҳои ғоратгари босмачиён торумор гардид. Дар барҳам додани онҳо котиби ташкилоти ҳизбии Қаротоғ Абдулло Ғарибов, сардори шӯъбаи махсус Дудин, командири отряди ихтиёрии Регар Сайфулло Маҳмудов, коммунистон, комсомолҳо, деҳқонони камбағал, муаллимон иштирок карданд.
Баъди торумор карда шудани босмачиён сохтмони ҳаёти нав сар шуд. Ташкилоти ҳизбӣ тадбирҳои зеринро пешбинӣ кард: мустаҳкам намудани кори Шӯрои қишлоқ, ташкил кардани мактаби маҳви бесаводӣ, барпо намудани Кумитаи камбағалон, тайёр кардани ғалла барои Армияи Сурх, мустаҳкам гардонидани ташкилотҳои комсомолӣ, гузаронидани ислоҳоти замин, озод кардани занон ва ғайра.
Пеш аз ҳама дар қишлоқҳо мактабҳои маҳви бесаводӣ ва синфҳои ибтидоӣ кушода шуданд. Баъд ислоҳоти замин гузаронида, панҷ ширкати якҷоя кор кардани замин ташкил ёфт. Албатта, ҳамаи ин тадбирҳо хеле бо душворӣ ба амал бароварда мешуд, зеро душманони синфӣ муқобилияти сахт нишон медоданд.
Феврали соли 1928 дар конференсияи комсомолии Қаротоғ маро котиби якуми Кумитаи комсомолии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё