Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
душманро торумор гардондан мумкин аст. Ҷавонон бо дили кушод ба назди мо меомаланд, онҳо ба ҳаёти нав ва дониш рағбати калон доштанд.
Дар Қаротоғ аввалин ячейкаҳои комсомолӣ барпо кардем. Ин ячейкаҳо дар навбати якум дар интернат ва мактаби маҳви бесаводӣ ташкил карда шуданд. Дар байни комсомолҳои аввалин Маҳкам Хонҷонов, Абдуҳамид Обидӣ, Мирзоумар Аминов, Карим Қаландаров, Мухтор Исмоилов, Муҳаммадӣ Имомов, Абдусамад Расулов, Усмон Азизов, Салом Замонов, Рашид Абдуллоев, Остон Азизов, Дӯст Дониёров, Муҳиддин Шарифӣ, Абдураҳмон Ғуломӣ, Абдураҳмон Азизов, муаллим Ализода ва дигарон буданд. Дар интернат, ки дар мадраса воқеъ гардида буд, ташкилоти пешоҳангон таъсис ёфт, соли 1925 аз ҷумлаи пешоҳангон даҳ нафарашон ба комсомол қабул карда шуданд, ки яке аз онҳо Ҳалим Ӯроқов буд.
Бисёр комсомолон барои мубориза бурдан ба муқобили босмачиён ба отрядҳои ихтиёрӣ дохил гардиданд. Аз байни онҳо Абдураҳмон Азизов, Мухтор Исмоилов, Карим Қаландаров, Қодир Бутаевро номбар кардан мумкин аст. Аз наврасони интернат гурӯҳи ҷӯяндагон (разведкачиён) ташкил карда шуд, ки аъзоёни он дар бораи ҷои истиқомати босмачиён маълумот ҷамъ мекарданд ва бо ҳамин ба Армияи Сурх ба отряди ихтиёрии Қаротоғ ба қадри ҳол ёрӣ расонданд. Босмачиён аз фаъолияти комсомолҳо ба ғазаб омада ба ҷазодиҳӣ (террор) гузаштанд.
Охири соли 1925 аз интернати Қаротоғ се нафар комсомолҳо: Усмон Азизов, Мелик Шарифов ва Салом Замонов ба ҷустуҷӯ фиристода шуданд. Вале босмачиён онҳоро дар роҳ дастгир карданд. Замонов гурехта халос шуд, аммо Усмон ва Меликро ба қишлоқи Шулум оварда, дар ҳузури аҳолӣ бо шамшер пора карданд. Босмачиёни ваҳшӣ комсомолҳо Раҳматулло Очилдиев ва Ғулом Саидовро куштанд, комсомолҳо Қурбон Меликов ва Ӯроқҷаро ба дарахти арча овехтанд, духтари аммаи ман Турдихон Неъматоваро ба халта андохта, мурданивор заданд ва ӯ дере нагузашта ҷон дод. Душмани қаттол дар қишлоқи Пуштимиёна хеши ман Турсунмурод Хоҷаназаровро кушта ҷасади ӯро ба дарё партофтанд. Комсомолка

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё