Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Ахтаршиносӣ дар давраи нав ва навин

Дар асри 19 баъзе хосиятҳои рӯшноӣ омӯхта шуда, аз солҳои 40—50-уми ин аср нахустин дастгоҳҳои аккосӣ ихтироъ гардиданд. Чунин дастгоҳҳо барои аксгирии ҷирмҳои кайҳонӣ ҳам истифода шуда, табиат ва баъзе хусусиятҳои ҷирмҳои кайҳонӣ, аз ҷумла ситораҳо ва туманнокиҳоро муайян карданд.

0

Инқилоб дар шинохти кайҳон

Аз асри 16 дар илмҳои табиатшиносӣ, хусусан ахтаршиносӣ кашфиётҳои бузург ба амал омаданд. Соли 1543 олими лаҳистонӣ Н. Коперник низоми Офтобмарказии оламро ба миён гузошт. Пас аз он И. Кеплер (1571–1630) қонунҳои ҳаракати сайёраҳоро кашф намуд ва Г. Галилей (1564–1642) аввалин телескопро ихтироъ кард. Кашфи қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ аз ҷониби И. Ньютон сабаби дар атрофи Офтоб давр задани сайёраҳоро муайян кард.

0

Мунаҷҷимони машҳури асримиёнагии тоҷик

Аҳмади Фарғонӣ (798–861) расадхонаи машҳури Бағдодро таъсис додааст. Ӯ курашакл будани Заминро исбот карда, соли 812 гирифти Офтобро пешгӯӣ кардааст. Аҳмади Фарғонӣ дар Аврупо бо номи Алфраганус (Alfraganus) машҳур аст. Абурайҳон Берунӣ (973–1048) беш аз 180 асар навиштааст. Ӯ андозаи Заминро чунон дақиқ намуд, ки аз ченкуниҳои имрӯза ҳамагӣ 110 км фарқ дошт. Берунӣ бори аввал байзашакл будани мадори сайёраҳоро исбот намуда, Офтобро, ки то ин вақт юнониҳо онро ҷисми рӯҳонӣ медонистанд, як ҷисми физикии нурафкан ва шуълаҳои онро пораҳои сӯзон номид. Абдурраҳмони Сӯфӣ (903–986), расадхонаи бузургро дар Шероз таъсис дода, дар асари машҳури худ «Сувару-л-кавокиб» тасвири осмон, ном ва ҷойгиршавии ситораҳо ва муҳимтарин кашфиёташ – галактикаи Андромедаро сабт кардааст. Ин асари Сӯфӣ то замони нав муҳимтарин манбаи илмии олимони соҳа ба шумор рафт.

0

Ахтаршиносӣ дар асрҳои миёна

Дар асрҳои миёна илмҳои табиатшиносӣ дар Аврупо рӯ ба таназзул оварда буданд. Аммо дар мамлакатҳои мусулмонии Шарқ баръакс, тамоми соҳаҳои илм, хусусан ахтаршиносӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардиданд. Ахтаршиносони асримиёнагии мусулмон бунёди муҳимтарин иншооти илмии ахтаршиносӣ — расадхонаҳоро асос гузошта, устурлоб ва соатҳои офтобиро ихтироъ карданд.

0

Тасаввуроти гузаштагони мо дар бораи кайҳон

Осори хаттӣ ва меъмории мардумони ориёӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки аҷдоди мо дар замонҳои пеш ба ҳодисаҳои кайҳонӣ таваҷҷуҳи хос доштаанд. Дар китоби Авесто осмон ба 5 минтақа: шимолӣ, ҷанубӣ, ғарбӣ, шарқӣ ва марказӣ тақсим гардида, ба ҳодисаи шиҳобборон ишора шудааст. Дар замони Ҳахоманишиён Бобил як вилояти ин давлат маҳсуб меёфт, аз ин рӯ, бисёр дастовардҳои илмии бобилиён ба ниёгони мо низ мансуб аст.

0

Сели шиҳобӣ чист?

Аз замонҳои қадим одамон мушоҳида мекарданд, ки баъзе шабҳо дар осмон шиҳоби бисёр ба чашм мерасад. Ин падидаро ба истилоҳи мардумӣ «ситораборон» ва дар илми ахтаршиносӣ сели шиҳобӣ номиданд. Аз сатҳи Замин ба назар мерасад, ки гӯё шумораи зиёди шиҳобҳо аз як нуқта (радиант) баромада, ба атмосфераи Замин бармехӯранд. Аммо ин шиҳобҳо аз як нуқта сӯи Замин намеоянд, балки мадорҳои ҳаракаташон ба якдигар наздик ва нисбат ба ҳам мувозӣ (параллел) мебошанд. Барои мисол, вақте дар байни роҳи оҳан истода, ба хатҳои он назар кунем, чунин менамояд, ки гӯё хатҳо аз як нуқта баромада бошанд.

0

Астероидҳо дар куҷо ҷойгиранд?

Дар ҳудуди байни мадорҳои Миррих ва Муштарӣ минтақаест, ки тасмаи астероидҳо ном дорад, зеро мадори 98 %-и астероидҳои сабтшуда дар ин макон аст. Масофаи миёнаи астероидҳои ин тасма то Офтоб аз 320 млн то 530 млн км-ро ташкил дода, даври гардиши онҳо дар атрофи Офтоб вобаста ба масофаашон аз 3 то 9 солро дар бар мегирад. Бо вуҷуди он, ки дар тасмаи астероидҳо шумораи ҷирмҳои кайҳонӣ зиёд аст, дастгоҳҳои кайҳонии то имрӯз аз он ҷо убур намуда, ба ягон ҷирм бархӯрд накардаанд.

0

Сайёраҳои заминмонанд аз азимҷуссаҳо чӣ фарқ доранд?

Чор сайёраи наздик ба Офтоб – Уторид, Зуҳра, Замин ва Миррих сайёраҳои гурӯҳи заминӣ ва Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептун сайёраҳои азимҷусса мебошанд. Сайёраҳои гурӯҳи Замин ба Офтоб нисбатан наздик буда, зичии бештар доранд ва таркиби онҳо асосан аз ҷисмҳои сахт (сангу оҳан) иборат аст. Сатҳи сайёраҳои азимҷусса (гурӯҳи Муштарӣ) асосан дар ҳолати газ ва моеъ буда, худи ин сайёраҳо дар минтақаи нисбатан сарди манзумаи Офтобӣ воқеъ мебошанд.

0

Ситораи нейтронӣ чист?

Ситораҳои нейтронӣ дар як сония то шашсад маротиба дар атрофи тири худ давр мезананд. Қутри ситораҳои нейтронӣ ҳамагӣ 10–20 км-ро ташкил медиҳад, аммо зичии моддаҳои он 100 млн маротиба аз моддаҳои муқаррарӣ зиёд аст. Бо ин сабаб қувваи ҷозиба дар сатҳи ситораҳои нейтронӣ 100 млрд маротиба аз Замин бештар аст. Агар аз моддаҳои таркибии ситораҳои нейтронӣ миқдори як ҷумча ба Замин овардан мумкин мебуд, вазни он дар шароити зисти мо ба садҳо млн тонна мерасид.

0

Ситораҳо ҳам мемиранд?

Давомнокии умри ситораҳо вобаста ба андоза ва массаашон гуногун аст. Масалан, умри ситораҳои бузург садҳо ҳазор сол мебошад. Ситораҳои монанди Офтоб даҳҳо миллиард сол умр мебинанд. Ситораҳоро ҷирмҳои «зинда»-и коинот мегӯянд. Зеро ситораҳо бо рӯшноии худ кайҳонро барои мо қобили мушоҳида мекунанд ва дар баробари ин моддаҳоро ҳосил карда, ба воситаи таркиш онҳоро дар фазо паҳн мекунанд.

0

Ранги ситораҳо чӣ гуна аст?

Ранги ситораҳо аз гармии ҳарорати онҳо вобаста аст: ситораҳои хеле гарм рангашон кабуди осмонӣ, ситораҳои гарм рангашон зард ва ситораҳои гармиашон пасттар ранги сурх доранд. Ситораҳо мисли дигар ҷирмҳои тафсон равшанӣ медиҳанд, аммо ҳарорати онҳо то ҳадде баланд аст, ки чашми инсон наметавонад фарқияти рангҳои онҳоро мушоҳида кунад. Ситораҳои бузургҷасми «кабуд» гармтарин ситораҳо мебошанд, ки ҳарорати сатҳашон ба 30-40 ҳазор К баробар аст. Ҳарорати ситораҳои зард бошад аз 5-6 ҳазор К мешавад. Ситораҳои «сурх» ҳарорати аз 4500 К поин доранд.

0

Ситораҳо чӣ гуна ба вуҷуд меоянд?

Ситораҳо аз абрҳои кайҳонӣ (туманнокӣ), ба вуҷуд меоянд. Чунин абрҳо аз газу чанг таркиб ёфтаанд. Дар ҷойҳои ин абрҳо, ки зичии моддаҳо зиёд аст, бо таъсири ҷозиба пешситораҳо шакл мегиранд. Бо таъсири қувваи ҷозиба ин пешситораҳо фишурда шуда, зарраҳои дохили онҳо бо ҳам бармехӯранд ва гармию рӯшноӣ ҳосил мекунанд. Ҳамин тариқ, ситора ба вуҷуд меояд.

0

Соли рӯшноӣ чист?

Масофаҳо дар кайҳон ба ҳадде бузурганд, ки барои чен кардани онҳо воҳиди махсус — соли рӯшноиро таъин карданд. Рӯшноӣ дорои суръати баландтарин дар коинот аст, он бо суръати 300 ҳазор км/сония паҳн мешавад. Соли рӯшноӣ гуфта масофаеро меноманд, ки рӯшноӣ дар як сол онро тай мекунад. Яъне як соли рӯшноӣ ба 9 460 000 000 000 километр баробар аст.

0

Галактика чист?

Шумораи хеле зиёди ситораҳо, сайёраҳо ва чангу газҳои байниситоравӣ, ки бо таъсири ҷозибаи умумӣ фароҳам шудаанд, галактикаро ташкил медиҳанд. Галактикаҳо дар кайҳон номуназзам ҷойгир шуда, шакл ва андозаашон ҳам гуногун аст. Шумораи дақиқи галактикаҳо муайян нашудааст, аммо мувофиқи баъзе тахминҳо дар коинот қариб 2 трлн галактика аст.

0

Чунин пайдо шудани коинотро мо аз куҷо медонем?

Васеъшавӣ ва сардшавии коинот далели он аст, ки дар гузашта коинот хеле гарму зич буда, шакле доштааст, ки қонунҳои имрӯзаи физика дар он амал намекарданд. То кунун дар кайҳон ҷирме бо таърихи болотар аз синни коинот (13,7 млрд сол) мушоҳида нашудааст, ки ин ҳам як далели дигар барои дуруст ҳисобидани тасвири коинот дониста мешавад. Баъзе олимон ақида доранд, ки васеъшавии коинот абадӣ давом мекунад ва тамоми ҷирмҳои кайҳонӣ парешон шуда, худи коинот ба тумани сард табдил меёбад. Аммо олимони дигар чунин мешуморанд, ки зери таъсири қувваҳои ҷозиба васеъшавии коинот суст мегардад ва ҳамаи ҷирмҳо ба самти марказ ҷазб мешаванд. Яъне коинот давра ба давра васеъ ва пас аз он фишурда шуда, пас аз Таркиши Бузург Фишуриши Бузург ва пас аз он боз Таркиши Бузург ба амал омада, ин раванд пай дар пай идома меёбад. Бо вуҷуди он ки назарияи Таркиши Бузург тасвири навини коинот ва хусусияти онро шарҳ дод, суолҳое мавҷуданд, ки то ҳол аз ҷониби муҳаққиқон ба онҳо посух ҷуста мешавад: сабаби таркиши бузург чӣ буд? Чаро коинот маҳз дар шакли кунунӣ вуҷуд дорад? Чаро фазо тавассути се ченак, аммо вақт бо як ченак андозагирӣ мешаванд? Чӣ гуна дар коиноти басуръат васеъшаванда ҷирмҳои нисбатан ғайрисайёр – ситораҳо ва галактикаҳо ба вуҷуд омаданд? Коинот то Таркиши Бузург чӣ гуна буд? Ахтаршиносони муосир бояд барои дарёфти посухи илмӣ ба ин суолҳо кӯшиш намоянд.

0

Коинот чӣ гуна ба вуҷуд омадааст?

Чӣ гуна ба вуҷуд омадани коинот дақиқан маълум нест. Дар ин бора назарияҳои гуногуни илмӣ пешниҳод шудаанд. Дар асоси яке аз ин назарияҳо, коинот қабл аз пайдоиши худ дар шакли ҳозира ҳолати ниҳоят зич ва гарм доштааст. Тақрибан 13,7 млрд сол пеш бо сабаби то ҳол номаълум таркиши бузурге ба вуҷуд омада, пас аз се дақиқаи таркиш атомҳои сабуктарин унсурҳои кимиёгӣ – ҳидроген ва гелий пайдо шуданд. Ҳама чизе, ки ҳоло дар коинот мавҷуд аст, аксаран аз ин ду унсур таркиб ёфтаанд. Ин ҳодиса оғози пайдоиши коинот дониста шуда, назарияи мазкур бо номи «Таркиши Бузург» машҳур аст.

0

Дар кайҳон чист?

Шабона дар осмони соф ситораҳои бисёрро дидан мумкин аст, ки ҳамаи онҳо қисми ниҳоят хурди коинот мебошанд. Коинот, миллиардҳо галактика, ситора, сайёра ва дигар ҷирмҳои осмониро дар бар гирифта, пур аз ҳодисоту асрори аҷоиб аст. Новобаста ба дастовардҳои бузурги илмӣ дар шинохти коинот касе то ҳол ҳудуди онро муайян накардааст.

0

Телескоп чист?

Телескоп асбобест, ки бо истифода аз он ҷирмҳои кайҳонии дур мушоҳида ва таҳқиқ карда мешаванд. Аввалин телескоп соли 1609 аз ҷониби олими итолиёӣ Галилео Галилей ихтироъ шудааст. Минбаъд дар заминаи телескопи Галилей телескопҳои дигар сохта шуда, бо рушди илми физика ба таҷҳизоти нисбатан мураккаб табдил ёфтанд. Телескопҳо якчанд навъ мешаванд, ки бештар аз ҳама телескопҳои оптикӣ ва радиотелескопҳо маъмуланд.

0

Дар Тоҷикистони мо ҳам расадхона ҳаст?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 расадхона: Расадхонаи Ҳисор, Расадхонаи байналмилалии «Санглох» ва Расадхонаи баландкӯҳи Помир сохта шуданд, ки бо истифода аз онҳо олимони тоҷик ба чандин кашфиёту навовариҳо даст ёфтаанд.

0

Расадхонаҳои калонтарини ҷаҳон кадомҳоянд?

Бузургтарин расадхонаҳои дунё – Кек дар баландии 4145 м дар кӯҳи Мауна-Кеа (ҷазираҳои Гавайи ИМА), расадхонаи Паранал дар баландии 2635 м аз сатҳи баҳр дар биёбони Атакамаи Чили ва расадхонаи Роке де лос Мучачос дар баландии 2396 м дар ҷазираҳои Канар мебошанд. Макони ҷойгиршавии ин расадхонаҳо барои мушоҳидаи ҷирмҳои кайҳонӣ бисёр мувофиқанд. Ин расадхонаҳо бо дастгоҳҳои навтарин муҷаҳҳаз мебошанд, ки тавассути онҳо чандин ҷирмҳои ҳаҷман хурд ва аз лиҳози масофа дури кайҳонӣ кашф шудаанд.

0