Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Чунин пайдо шудани коинотро мо аз куҷо медонем?

Васеъшавӣ ва сардшавии коинот далели он аст, ки дар гузашта коинот хеле гарму зич буда, шакле доштааст, ки қонунҳои имрӯзаи физика дар он амал намекарданд. То кунун дар кайҳон ҷирме бо таърихи болотар аз синни коинот (13,7 млрд сол) мушоҳида нашудааст, ки ин ҳам як далели дигар барои дуруст ҳисобидани тасвири коинот дониста мешавад. Баъзе олимон ақида доранд, ки васеъшавии коинот абадӣ давом мекунад ва тамоми ҷирмҳои кайҳонӣ парешон шуда, худи коинот ба тумани сард табдил меёбад. Аммо олимони дигар чунин мешуморанд, ки зери таъсири қувваҳои ҷозиба васеъшавии коинот суст мегардад ва ҳамаи ҷирмҳо ба самти марказ ҷазб мешаванд. Яъне коинот давра ба давра васеъ ва пас аз он фишурда шуда, пас аз Таркиши Бузург Фишуриши Бузург ва пас аз он боз Таркиши Бузург ба амал омада, ин раванд пай дар пай идома меёбад. Бо вуҷуди он ки назарияи Таркиши Бузург тасвири навини коинот ва хусусияти онро шарҳ дод, суолҳое мавҷуданд, ки то ҳол аз ҷониби муҳаққиқон ба онҳо посух ҷуста мешавад: сабаби таркиши бузург чӣ буд? Чаро коинот маҳз дар шакли кунунӣ вуҷуд дорад? Чаро фазо тавассути се ченак, аммо вақт бо як ченак андозагирӣ мешаванд? Чӣ гуна дар коиноти басуръат васеъшаванда ҷирмҳои нисбатан ғайрисайёр – ситораҳо ва галактикаҳо ба вуҷуд омаданд? Коинот то Таркиши Бузург чӣ гуна буд? Ахтаршиносони муосир бояд барои дарёфти посухи илмӣ ба ин суолҳо кӯшиш намоянд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.