Таҳқиқи таъсири компонентҳои фаъоли меваи анор ба сафедаҳои ҳадафнок барои вируси тоҷдори SARS-CoV-2 тавассути докинги молекулавӣ
УДК: 542.8; 615.2; 578
Таҳқиқи таъсири компонентҳои фаъоли меваи анор ба сафедаҳои ҳадафнок барои вируси тоҷдори SARS-CoV-2 тавассути докинги молекулавӣ
Шаропов Ф.С.¹,², Нӯъмонов С.Р.¹,²,³, Гулмуродов И.С.¹, Сафомуддин А.⁴, Ҳабасӣ М.², Айса Ҳ.А.²
¹ Муассисаи илмию тадқиқотии «Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
² Институти техникии физика ва химияи Академияи илмҳои Хитой
³ Муассисаи давлатии илмии «Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»
⁴ Донишгоҳи Академияи илмҳои Хитой
Анор (Punica granatum L.) растании бисёрсола буда, мансуб ба оилаи Punicaceae мебошад. Меваи анор дорои хосиятҳои муфиди давоӣ буда, дар тибби халқӣ барои муолиҷаи бемориҳои музмини гуногун, ба мисли диабети қанди навъи 2, фаромӯшхотирӣ, бемориҳои рагу дил, бемориҳои илтиҳобӣ ва саратон васеъ истифода бурда мешавад.
Қисмати хӯрданибоби меваи анор тақрибан 50% вазни умумии меваро ташкил дода, аз 80% афшурда ва 20% донакҳо иборат аст. Дар таркиби афшурдаи тару тозаи анор 85% об, 10% қанд ва 1,5% пектин, кислотаи аскорбин ва флавоноидҳои полифенолӣ мавҷуданд. Илова бар ин, афшурдаи анор манбаи бисёр моддаҳои арзишнок, аз қабили танинҳои гидролизшаванда (пуникалагин ва пуникалин), танинҳои конденсатсияшуда, антосианинҳо, кислотаҳои фенолӣ (галлат ва эллагат), кислотаи себ ва минералҳои сершумор, алалхусус оҳан мебошад [1].
Экстрактҳои пӯстлох ва шарбати меваи анор махсусан аз танинҳо (эллагитаннин, пуникалагин, пуникалин, кислотаҳои галлат ва эллагат), флавоноидҳо, антосианинҳо ва дигар фенолҳо бой мебошанд. Хосиятҳои зиддиилтиҳобӣ, антиоксидантӣ, зиддимикробӣ, паст кардани чарбнокӣ ва қанднокии экстракти пӯстлох ва шарбати анор исбот карда шудаанд. Илова бар ин, қобилияти зиддивирусии экстракти пӯстлох ва шарбати меваи анор ба муқобили вирусҳои зуком, герпес, поксвирусҳо ва вируси масунияти бадан гузориш дода шудааст.
Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии олимон нишон медиҳанд, ки пуникалагин ва пуникалин — компонентҳои таркиби экстракти пӯстлох ва шарбати анор — бо сафедаҳои вируси тоҷдори COVID-19, ба монанди сафедаҳои гликопротеини хӯшамонанди SARS-CoV-2, ферменти ангиотензин мубаддалкунандаи 2 (ACE2), фурин ва протеазаи трансмембранагии серин 2 (TMPRSS2) таъсири назаррас дошта, ҳамчун номзадҳои умедбахш барои муолиҷаи бемории вируси тоҷдори COVID-19 тавсия дода мешаванд [2].
Мақсади таҳқиқот. Мақсади таҳқиқоти мазкур омӯзиши таъсири компонентҳои фаъоли биологии афшурдаи анор (пуникалагин, пуникалин ва кислотаҳои галлат, эллагат) бо се сафедаи муҳим, аз он ҷумла бо ферменти ангиотензин мубаддалкунандаи 2 (1R4L) ва протеазаи асосии SARS-CoV-2 (6LU7; 6Y2G), ки дар сироятёбӣ ва афзоиши вируси тоҷдори SARS-CoV-2 вазифаи калидиро мебозанд, тавассути докинги молекулавӣ пешгӯӣ кардан мебошад.
Мавод ва усули таҳқиқот. Сохтори лозимаи сафедаҳои нишонгирифташуда ё ҳадафнок, аз он ҷумла ферменти ангиотензин мубаддалкунандаи 2 (ACE2) ва протеазаи асосии SARS-CoV-2, аз махзани ахбороти сафедаҳо (https://www.rcsb.org/) ба даст оварда шуд. Сохтори компонентҳои асосии анор дар шакли лозима аз сомонаи https://pubchem.ncbi.nlm.nih.gov/ берун оварда шуд. Омӯзиши докинги молекулавии компонентҳои асосии анор бо сафедаҳои ҳадафнок тавассути пойгоҳҳои d3pharma ва барномаи AutoDock Vina гузаронида шуд. Натиҷаҳои бадастомада бо ёрии барномаи Discovery Studio таҳлил карда шудаанд. Дар таҳқиқоти мазкур доруи маъмулии зиддивирусии ремдесивир ба сифати контроли мусбат истифода бурда шудааст.
Муҳокимаи таҳқиқот. Натиҷаҳои бадастомадаи мо, ки дар ҷадвали 1 нишон дода шудаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургии энергияи озоди пайвастшавии пуникалин ва пуникалагин ба сафедаҳои ҳадафнок мутаносибан ба -11,3 то -13,64 ва -9,8 то -15,15 ккал/мол баробар буда, нисбат ба ремдесивир (-7,7 то -9,49 ккал/мол) ба таври назаррас хурд мебошанд. Натиҷаҳо аз таъсирнокии қисматҳои фаъоли афшурдаи анор ба сафедаҳои ҳадафноки вируси тоҷдори SARS-CoV-2 гувоҳӣ медиҳанд. Чунонки дар расми 2 дида мешавад, пуникалин бо боқимондаҳои аминокислотаҳои тирозин (109), аспарагин (251), аспарагин (349), треонин (427), глутаминат (388) ва аргинин (255, 500) дар сохтори сафедаи ҳадафноки ACE2 тавассути бандҳои гидрогенӣ пайваст шуда метавонад.
Ҷадвали 1. Натиҷаи таъсирнокии компонентҳои фаъоли афшурдаи анор ба сафедаҳои ҳадафноки вируси тоҷдори SARS-CoV-2
| Номи пайвастагӣ | Сафедаи нишонгирифташуда | AutoDock Vina (ккал/мол) | D3Docking (ккал/мол) |
|---|---|---|---|
| Пуникалагин | ACE2 (1R4L) | -12,6 | — |
| Пуникалин | ACE2 (1R4L) | -11,3 | -13,64 |
| Кислотаи галлат | ACE2 (1R4L) | -6,1 | -6,88 |
| Кислотаи эллагат | ACE2 (1R4L) | -8,1 | -8,3 |
| Ремдесивир | ACE2 (1R4L) | -9,8 | -8,44 |
| Пуникалагин | Протеазаи асосии SARS-CoV-2 | -9,8* | — |
| Пуникалин | Протеазаи асосии SARS-CoV-2 | -10,1* | -15,15** |
| Кислотаи галлат | Протеазаи асосии SARS-CoV-2 | -5,5* | -6,33** |
| Кислотаи эллагат | Протеазаи асосии SARS-CoV-2 | -8,4* | -9,58** |
| Ремдесивир | Протеазаи асосии SARS-CoV-2 | -7,7* | -9,49** |
*Эзоҳ: *6LU7; *6Y2G.
Сурукик бо ҳаммуаллифон таъсири компонентҳои экстракти пӯстлохи анорро ба равандҳои бисёрзинагии воридшавии вируси SARS-CoV-2 ба ҳуҷайраҳо тавассути моделсозии компютерӣ омӯхтаанд. Рақобатнокии бандӣ ва таъсири мутақобилаи пуникалагин, пуникалин ва кислотаҳои галлат ва эллагат дар чор сафедаи ҳадафнок — гликопротеини хӯшамонанди SARS-CoV-2, ферменти ангиотензин мубаддалкунандаи 2 (ACE2), фурин ва протеазаи трансмембранагии серин 2 (TMPRSS2), ки дар раванди воридшавии вирус ба ҳуҷайраҳои саркор нақши муҳим доранд, гузаронида шудаанд [2].
Конселманн ва ҳаммуаллифон таҳқиқ кардаанд, ки афшураҳои анор (Punica granatum), ангураки гулугир (Aronia melanocarpae) ва чойи кабуд (Camellia sinensis) зидди вирусҳои тоҷдори SARS-CoV-2 ва зуком таъсир расонида, ғарғара кардани даҳон бо ин маводҳо метавонад вирусҳои ковокии даҳонро 80–99% нест карда, паҳншавии онҳоро камтар созад [3]. Илова бар ин, таҳқиқоти олимон нишон додааст, ки экстракти полифенолии тозашудаи анор вируси зукомро боздошта, бо оселтамивир таъсири синергетикӣ зоҳир менамояд [4].
Хулоса. Натиҷаи докинги молекулавӣ нишон медиҳад, ки энергияи озоди пайвастшавии пуникалин ва пуникалагин ба сафедаҳои ҳадафнок барои вируси тоҷдори SARS-CoV-2 нисбат ба доруи зиддивирусии ремдесивир камтар мебошад. Натиҷаҳои бадастомадаи мо бо таҳқиқоти илмии чопшуда ҳамоҳанг буда, истифодабарии шарбати меваи анорро барои пешгирӣ ва муолиҷаи бемории вируси тоҷдори SARS-CoV-2 мусбат арзёбӣ менамоянд.
Сипосгузорӣ. Муаллифон аз дастгирии молиявии стипендияи ташаббуси президентии байналмилалии Академияи илмҳои Хитой (№ 2021VBB0012; 2021VBB0013) ва Маркази таҳқиқот ва коркарди дорувории Осиёи Марказии Академияи илмҳои Хитой (гранти № CAM 201808) миннатдорӣ менамоянд.
Адабиёт
- Fernandes L., Pereira J.A., Lopez-Cortes I., Salazar D.M., González-Álvarez J., Ramalhosa E. Physicochemical composition and antioxidant activity of several pomegranate (Punica granatum L.) cultivars grown in Spain // European Food Research and Technology. 2017. 243(10). P. 1799–1814.
- Surucic R., Tubic B.R., Stojiljkovic M.P., Djuric D.M., Travar M., Grabez M., Savikin K., Skrbic R. Computational study of pomegranate peel extract polyphenols as potential inhibitors of SARS-CoV-2 virus internalization // Molecular and Cellular Biochemistry. 2021. 476(2). P. 1179–1193.
- Conzelmann C., Weil T., Groß R., Jungke P., Frank B., Eggers M., Müller J.A., Münch J. Antiviral activity of plant juices and green tea against SARS-CoV-2 and influenza virus in vitro // bioRxiv. 2020.
- Haidari M., Ali M., Ward C.S., Madjid M. Pomegranate (Punica granatum) purified polyphenol extract inhibits influenza virus and has a synergistic effect with oseltamivir // Phytomedicine. 2009. 16(12). P. 1127–1136.




