Омӯзиши фармакогностикӣ ва фармакологии мармараки мускатии (Salvia sclarea L.), ки дар Тоҷикистон мерӯяд
Омӯзиши фармакогностикӣ ва фармакологии мармараки мускатии (Salvia sclarea L.), ки дар Тоҷикистон мерӯяд
Холов С.Б., Шарифов Х.Ш., Раҳмонов А.У.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дар солҳои охир дар тамоми ҷаҳон зиёд гардидани таваҷҷуҳи аҳолӣ, инчунин кормандони фармасевтӣ ва тиббӣ, ба истифодабарии растаниҳои шифобахш ба назар мерасад. Зиёд гардидани таваҷҷуҳ нисбат ба растаниҳо ва дорувориҳо дар заминаи онҳо сабабҳои зерин дорад: заҳролудкунии минималӣ, мавҷуд набудани таъсири манфӣ ва аксуламали аллергологӣ, васеъ будани амали табобатӣ, имконияти истифодаи дарозмуддати фитодоруворӣ, махсусан барои табобати бемориҳои музмин. Аз ин лиҳоз, имрӯз дар бозори ҷаҳонии фармасевтӣ зиёда аз 30% воситаҳои доруворӣ, ки дар гардиш қарор доранд, аз растаниҳо истеҳсол карда мешаванд. Ҳатто дар ИМА, ки антибиотикҳо ва доруҳои гормоналӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд, 26,2% таъйинотҳои табибон ба дорувориҳои аз растанӣ истеҳсолшуда рост меоянд. Дар Россия дорувориҳои аз растанӣ истеҳсолшуда тақрибан 30% ҳаҷми умумии воситаҳои дорувориро, ки дар таҷрибаи тиббӣ истифода бурда мешаванд, ташкил медиҳанд. Боз ҳам васеътар растаниҳои шифобахш ва дорувориҳо дар заминаи онҳо дар Олмон (то 40%), Фаронса, Ҷопон ва Италия истифода бурда мешаванд. Дар қисми зиёди мамлакатҳои нимҷазираи Ҳиндухитой дорувории аз ашёи хоми растанӣ истеҳсолшуда нисбат ба доруҳои синтетикӣ ҳаҷми зиёдтар доранд [2, с. 104; 4, с. 1186; 11, с. 68; 12, с. 134; 18, с. 103].
Растаниҳо ҳамчун манбаи муҳими сарчашмаи доруҳои синтетикӣ ва анъанавӣ ба ҳисоб мераванд. Таърихи истифодаи доруҳо ба мисли маводҳои фитодоругӣ аз замонҳои қадим вуҷуд дорад. Фитодоруҳо манбаи асосии кашф ва синтези маводи доругӣ аз давраҳои тамаддуни инсоният мебошанд. Зиёда аз 80% аҳолии ҷаҳон фитодоруҳоро барои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Одамони камбизоат, бахусус дар кишварҳои ҷаҳони сеюм, фитодоруҳоро ҳамчун маводи аввалияи тиббии дастрас арзёбӣ мекунанд. Фитодоруҳо айни замон маводи асосии терапевтӣ ҳисобида мешаванд. Афзалияти терапевтии фитодоруҳо аз ҳисоби эътимоднокиашон дар мубориза бо бемориҳои гуногун афзоиш ёфта истодааст [2, с. 104; 4, с. 1186; 11, с. 68; 12, с. 134; 18, с. 103].
Дар робита бо ин, таҳияи маводи доруворӣ дар заминаи растаниҳои шифобахш самти актуалии тадқиқоти муосири фармасевтӣ ба шумор меравад. Бо шарофати таркиби ғании кимиёвӣ ҷавҳарҳои табиӣ дорои таъсири маҷмӯӣ мебошанд ва ашёи хоми асосӣ барои истеҳсоли воситаҳои доруворӣ ба шумор мераванд.
Олами набототи Тоҷикистон наздики 5000 намуди чунин растаниҳоро дар бар мегирад ва яке аз растаниҳои шифобахши аз ҳама зиёд паҳншуда дар ҳудуди Тоҷикистон ин навъи Salvia L. мебошад.
Оилаи мармарак (шалфей) яке аз авлодҳои калони оилаи Lamiaceae буда, қариб 700 намудро дар бар мегирад ва дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ машҳур мебошад. Дар шароитҳои табиӣ мармарак дар кӯҳҳо ва теппаҳо, дар соҳили дарёҳои қитъаҳои Осиё — Аврупо, дар кишварҳои баҳри Миёназамин мерӯяд. Дар саноати фарматсевтӣ мармараки доругӣ дар Россия ва Украина, дар мамлакатҳои собиқ Югославия, дар соҳилҳои баҳри Миёназамин, дар Чехия ва Словакия парвариш карда мешавад. Дар мамлакатҳои ИДМ 84 намуди ин растанӣ мерӯяд, ки 14 намуди он дар олами набототи Тоҷикистон вомехӯрад [13, с. 3; 15, с. 108; 17, с. 171].
Омӯзиши намудҳои навъи Salvia L. (мармарак), ки ба оилаи Lamiaceae дохил мешаванд, ба шарофати номгӯйи васеи моддаҳои фаъоли биологӣ дар айни замон яке аз самтҳои афзалиятноки илми фарматсевтика ба шумор меравад [1, с. 214; 3, с. 45; 9, с. 159; 10, с. 4; 13, с. 3; 15, с. 108; 17, с. 171].
Ҳадафи кор тадқиқи фармакогностикии мармараки мускатие, ки дар Тоҷикистон мерӯяд ва инчунин омӯзиши истифодаи фармакологии растаниҳои мансуб ба ҷинси мармарак (Salvia) мебошад.
Дар шароити Тоҷикистон растаниҳои навъи мармарак дар дашту саҳроҳо, соҳилҳои дарёву дарёчаҳо, доманакӯҳҳои сангин, ба мисли алафҳои бегона дар майдонҳо мерӯянд ва бояд қайд намуд, ки мармарак растании гармипараст мебошад. Амалан ҳамаи намояндаҳои навъи мармарак (Salvia) — растаниҳои бисёрсолаи алафмонанд бо решаи дарахтмонанд ё нимбуттаҳо, бо баландии аз якчанд сантиметр то як метр мебошанд. Ба таври истисно метавон S. intercedens-ро номбар намуд, ки растании яксола мебошад [17, с. 171].
Маълумот оид ба баландии намудҳои растаниҳои навъи Salvia, ки дар Тоҷикистон мерӯянд, дар расми 1 оварда шудааст.
Расми 1. Баландии намудҳои мармарак, ки дар Тоҷикистон мерӯянд.
Чӣ тавре ки аз расми 1 мушоҳида мешавад, баландии намудҳои мармарак, ки дар Тоҷикистон мерӯянд, аз 17 то 100 см мебошад. Ҳадди аз ҳама паст дар мармараки балҷувонӣ ба қайд гирифта шудааст — 17 см ва аз ҳама баланд — мармараки мускатӣ — 100 см. Боқимонда намудҳо аз рӯйи баландӣ дар сатҳҳои миёна қарор доранд [17, с. 171].
Маълумоти адабиётӣ оид ба таснифи морфологии намудҳои мармараке, ки дар Тоҷикистон мерӯянд, дар ҷадвали 1 оварда шудаанд.
Ҷадвали 1. Таснифи морфологии намудҳои мармаракҳое, ки дар Тоҷикистон мерӯянд
| Намуд | Баргҳо | Бутта | Реша ва бехи реша |
|---|---|---|---|
| S. kamelinii | яклухт, одӣ; баргҳои навдагӣ 1—5,2 см дарозӣ, 0,4—1,5 см паҳноӣ | сершумори шохадор, бо мӯякҳои паҳнгардидаи фаромадаи кӯтоҳи одӣ бо омехтаи навдагӣ ғадуддор | меҳварӣ; каудекс бисёрсара, бо боқимондаҳои қабзаҳои соли гузаштаи рангашон ҷигарии торик |
| S. macrosiphon Boiss | яклухт, одӣ; баргҳои наздирешагӣ 5,5—16 см дарозӣ, 3—8 см паҳноӣ, дарози-тухмшакл, тухмшакл ё васеъэллиптикӣ | бисёрнавда, рост, шохадор, бо мӯякҳои фаромадаи дарози борики бисёрҳуҷайраи ҷингилаи одӣ | меҳварӣ |
| S. gontscharowii Kudr | яклухт, одӣ; баргҳои наздирешагӣ 12—15 см дарозӣ, 5—10 см паҳноӣ | якка, баъзан 2—3 мӯякҳои рост, одӣ, паҳнгардидаи фаромадаи кӯтоҳи борик, афзалтар дар теға | меҳварӣ |
| S. komarovii Pobed | 3,5 см дарозӣ, 1,5 см паҳноӣ, 3-тогӣ дар тӯдабаргҳо, поёниашон монанд ба наздирешагӣ, болоияшон нештаршакл ё эллиптикӣ | одӣ, аз поён рангдор, ғафси хамшуда бо дарозии гуногун | меҳварӣ, чӯбмонанд, бури торик; каудекс кӯтоҳ, сарҳои сершумор, ғафсшуда |
| S. glabricaulis Pobed | 4—9 см дарозӣ, 2,5—4,5 см паҳноӣ, эллиптикӣ, бо парҳои ҷудо ё парҳои паҳнамонанд, ҷузъҳо ё паҳнаҳо тезшуда ё кундшуда | рост, одӣ, аз поён хамшуда бо мӯякҳои парешони думчадори ғадуддор бо омехтаи одитаринҳои бисёрҳуҷайра | меҳварӣ, чӯбмонанд, бури торик |
| S. campylodonta Botsch | см дарозӣ, 0,6—1,2 см паҳноӣ, васеъэллиптикӣ, ожангдор, кунд, дар назди асос фонамонанд | мӯякҳои сершумор, шохадор, хамшуда аз асос паҳнгардидаи кӯтоҳ бо шумораи зиёди ғадудакҳои равғани эфирдор | меҳварӣ; каудекс бисёрсара, бури торик |
| S. turcomanica Pobed | яклухт, одӣ; баргҳои наздирешагӣ зуд хушк мешаванд; баргҳои поёни навда 4—11,5 см дарозӣ, 1,2—4,5 см паҳноӣ | як ё якчанд мӯяки баргмонанд, хамшудаи кӯтоҳи борик, ки бо мӯякҳои одӣ зер карда шудаанд, бо омехтаи ғадудакҳои паҳншудаи равғани эфирдор | меҳварӣ |
| S. sarawschanica Regel et Schmalh | яклухт, одӣ; баргҳои наздирешагӣ 3—14 см дарозӣ, 0,8—4,6 см паҳноӣ, поёниашон монанд ба наздирешагӣ, болоияшон нештаршакл ё эллиптикӣ | як ё якчанд мӯяки одӣ, намадии хамшуда, бо омехтаи ғадудакҳои зарди равшани равғани эфирдор | меҳварӣ; каудекс бисёрсара |
| S. insignis Kudr | 5—9,5 см дарозӣ, 3—5,5 см паҳноӣ, яклухт, одӣ, қариб ҳамаашон наздирешагӣ, тухммонанд, қариб доирашакл ё эллиптикӣ, дар боло кунд ё нимдавра | ягона, рост, одӣ, танҳо дар поён намадии хамшуда | меҳварӣ |
| S. baldshuanica Lipsky | 8—1,5 см дарозӣ, 0,5—1 см паҳноӣ, яклухт, одӣ, тухммонанд ё эллиптикӣ, дар боло тез | бисёрсола, одӣ ё шохадор, ғафси хамшудаи паҳнгардида бо мӯякҳои одии дарозиашон гуногун | ғафс, чӯбмонанд; каудекс бисёрсара, бури торик |
| S. sclarea | яклухт, одӣ; баргҳои наздирешагӣ зуд хушк мешаванд; баргҳои поёни навдагӣ 10—13,5 см дарозӣ, 6,5—11,2 см паҳноӣ | ягона, рост, одӣ, бо мӯякҳои одӣ хам карда шудааст, бо шумораи зиёди ғадудакҳои равғани эфирдор | меҳварӣ |
| S. virgata | яклухт, одӣ; баргҳои наздирешагӣ зуд хушк мешаванд; баргҳои поёни навдагӣ 10—16 см дарозӣ, 5—8 см паҳноӣ | ягона, рост, одӣ | меҳварӣ |
| S. deserta Schang | яклухт, одӣ; баргҳои наздирешагӣ зуд хушк мешаванд; баргҳои поёни навдагӣ 4,2—9 см дарозӣ, 2—3,5 см паҳноӣ | ягона, рост, одӣ, хамшудаи сершумор | меҳварӣ |
| S. bucharica | пармонанд, дар баъзе мавридҳо 3—6,5 см дарозӣ, 1,5—3 см паҳноӣ дорад | сершумор, одӣ ё шохадор, хамшуда бо мӯякҳои кӯтоҳи одии дарозиашон гуногун | ғафс, чӯбмонанд; бури торик |
Чӣ тавре ки аз ҷадвали 1 мушоҳида намудан мумкин аст, баргҳои мармарак шаклҳои гуногун доранд: одӣ, яклухт, баргҳои наздирешагӣ ва баргҳои поёни навдагӣ бо 10—13,5 см дарозӣ, 6—11 см паҳноӣ. Сафҳаи барг ожангдор, аз поён бо рахҳои хурди тӯрмонанд ҷудо мешаванд. Рангашон аз хокистаранги сабз то нуқраранг бо сабаби рӯйпӯши ғафси мӯякҳои кӯтоҳ мебошад. Ҷамъоварии баргҳоро мумкин аст аз оғози гулкунӣ ва то 3 маротиба дар давраи вегетатсия, яъне то моҳи сентябр анҷом дод. Рӯйи баргҳо сохти ожангҳои хурд (тӯрҳо) доранд, бо сабаби рахҳои зиёд аз ҳар ду тараф. Инчунин навдаҳои мармарак шакли гуногунро доранд: якка ва сершумор, рост, одӣ, аз поёнаш рагшуда, бо ғадудчаҳои эфирии рангашон зарди баланд, дар қисмати болоӣ бо омехтаҳои мӯякҳои ғадудчадори дарознавда. Асосан, решаҳои намудҳои мармараке, ки дар Тоҷикистон мерӯянд, меҳварӣ мебошанд [17, с. 171].
Мармараки мускатӣ растании дусола аст (яъне он давраи биологии дусола дорад), ки тақрибан 120 см афзоиш ёфта, гулҳои бунафш-кабуд мекунад. Дар Тоҷикистон мармараки мускатӣ дар нишебиҳои доманакӯҳҳо ва теппаҳо, канори ҷангал, дар соҳили ҷӯйҳо ва дарёҳо, дар баландии 800—2500 м мерӯяд. Намуди зоҳирии мармараки мускатӣ аз дигар намудҳояш ба осонӣ фарқ мекунад [17, с. 171].
Маълумоти адабиёт дар бораи хусусиятҳои морфологии мармараки мускатие, ки дар Тоҷикистон мерӯяд, дар ҷадвали 2 оварда шудааст.
Ҷадвали 2. Тавсифи ботаникии Salviae sclarea L., ки дар Тоҷикистон мерӯяд
| Тавсиф | Salviae sclareae L. |
|---|---|
| Шакли ҳаётӣ | Гиёҳ |
| Бутта | То 1,2 м |
| Шакли сафҳаи барг ва хусусияти хамшавӣ | Яклухт, одӣ; баргҳои назди реша зуд хушк мешаванд; баргҳои поёни навда 10—13,5 см дарозӣ, 6,5—11,2 см паҳноӣ |
| Андозаи сафҳаи барг | Калон, дарозӣ 11—15 см ва паҳноӣ 8—10 см. Дар болои навда баргҳо хурд мешаванд ва нишаста мегарданд |
| Баргҳои назди гул | 1,5—2 маротиба аз косагул дарозтар, гулобӣ ё сафед бо рангҳои сабз, қариб доирашакл, нишаста, дар боло кашидашуда, бо тезии кӯтоҳ |
| Тӯдагул | Гулҳо дар тӯдагулҳои қалбакӣ ҷамъоварӣ шудаанд, ки тӯдагули ҷорӯбмонандро ташаккул медиҳанд |
| Косагул | Дулаба, дарозӣ 10—12 мм, бо паракҳои барҷаста ва бо лаби болоии ба берун қатшуда бо дандонакҳои паҳнгардида, миёна ё кӯтоҳтар |
| Тоҷгул | Тоҷгул 2—3 маротиба аз косагул дарозтар аст, гулобӣ, бо пулакчаҳои гирди пардамонанд дар ҷойи васеъшавии найча. Лаби боло достшакл аст, дар боло чокдор, дар пуштак бо мӯякҳои кӯтоҳ хамшуда, лаби поён — бо парраи васеи миёнаи тухмшакл |
| Мева | Мева — эллипсоидалӣ, дарозӣ 2—3 мм, бур, ғӯзаҳои тӯрмонанди ожангдор |
Чӣ тавре ки аз ҷадвали 2 маълум аст, Salvia sclarea ба баландии 100—120 см мерасад, пояҳои ғафс, чоркунҷа ва мӯйдор дорад. Баргҳояш тахминан 15 см дарозӣ доранд. Сатҳи болоии баргҳо лавҳаест, ки бо зарраҳои хурди мӯйчаҳои эфирӣ пӯшонида шудааст. Гулҳояш шакли нодуруст доранд, дуҷинса, дар баъзе мавридҳо якҷинса, 2—12-тогӣ дар тӯдагулҳои дурӯғин, дар баъзе мавридҳо гулҳои якка; тӯдагулҳо аз якдигар дур ё наздик мебошанд, хушагулҳои ғалламонанд, хӯшамонанд ё ҷорӯбмонандро ташаккул медиҳанд. Баргҳои назди гулҳо бо намуди тағйирёфта, шакл ва ранги гуногун доранд. Косабарг дулаба, ноқусшакл, конусмонанд, найчамонанд ё найчамонанди ноқусшакл, ҳангоми бастани мева тағйир намеёбад ё андозааш калонтар мешавад; лаби болоӣ седандона ё, дар баъзе маврид, бутун, поёниаш дудандона. Тоҷгул сафед, гулобӣ, кабуд ё бунафш, дулаба; найча танг, рост ё дар назди даҳона васеъ мешавад, ё ғайричашмдошт дар зери даҳона васеъшуда (S. sclarea L.), бо шаҳддон дар намуди рахаки камоншакли қатшуда иборат аз пулакчаҳои пардамонанд, бо мӯякчаҳои ғадудчадор, ё дар намуди як пулакчаи пардамонанд. Ҷалғӯзаҳо тухммонанд ё қариб курашакл, чоркунҷа, суфта ё шахшӯл, қутрашон 2,4 мм, бо майдончаи хурди базалӣ пайвастанд. Меваи мармараки мускатӣ шакли эллипсоидалӣ дорад, мармараки доругӣ бошад — курашакл [17, с. 171].
Коркард, хушккунӣ ва нигоҳдории ашёи хом. Ҷамъоварии ашёи хомро (баргҳо ва тӯдагулҳои мармаракро ҷудогона) дар моҳи июн оғоз мекунанд. Захираи зиёдтарини равғанҳо дар баргҳо дар давраи пухта расидани тухмиҳо ба вуҷуд меояд. Дар қисмати миёнаи бутта мавҷудияти равғанҳо дар баргҳо ва махсусан навдаҳо хеле камтар аст.
Ҷамъовариро баъд аз хушк шудани шабнам ва пароканда шудани туман то соати 11 мегузаронанд. Маводи доругиро бояд то оғози гармӣ ҷамъоварӣ намуд, то ин ки ҳаҷми максималии равғанҳои эфирӣ дар баргҳо нигоҳ дошта шавад. Дар давоми давраи тобистон ҷамъоварии мармараки доругиро 3—4 маротиба мегузаронанд ва дар нимаи якуми моҳи сентябр ба анҷом мерасонанд. Ҳангоми дертар ҷамъоварӣ кардан таркиби равғанҳо ба таври назаррас коҳиш меёбад [14, с. 235; 17, с. 171; 20, с. 37].
Баргҳо ва тӯдагулҳои мармараки мускатиро дар зарфҳои алоҳида ҷамъоварӣ менамоянд, ашёро бояд ба ҳам зич нагузошт. Баргҳоро мумкин аст эҳтиёткорона канд, вале бо сабаби он ки ҷамъоварӣ бисёркарата аст, ҳангоми ҷамъоварӣ баргҳо ва қисмати болоии тӯдагулҳо бояд эҳтиёткорона бурида шаванд [17, с. 171].
Маводи ҷамъоваришударо дар хона бояд дарҳол тоза намуд. Бо назардошти накҳати тези мармарак корҳоро дар соягӣ бояд гузаронд. Маводи тозакардашударо беҳтар аст дар шароити табиӣ дар панҷараҳо ё бо банчаҳои начандон калони ковок (агар тӯдабарг бошад) дар намуди овезон дар зери сақфи бом ё айвон хушк намуд. Баргҳои сиёҳшуда ва бӯйи ғализи пӯсида аз хушкнамоии нодуруст шаҳодат медиҳанд. Чунин маводро истифода бурдан мумкин нест. Онро ба тӯдаи компост равона менамоянд.
Ашёи хоми хушккардашударо дар зарфи сарпӯшдор нигоҳ медоранд (беҳтараш шишагин). Муҳлати нигоҳдорӣ 2 сол мебошад.
Ҳамаи намудҳои мармарак таъсири зиддимикробӣ, балғамбарорӣ, захмбанданда, зиддиилтиҳобӣ, мулоимкунанда, антисептикӣ, хунбарқароркунӣ доранд [1, с. 214; 3, с. 45; 13, с. 3; 15, с. 108; 17, с. 171].
Инчунин, мармарак дар тибби мардумии Тоҷикистон ҳангоми бемориҳои роҳҳои нафас, душвории нафасгирӣ, равандҳои илтиҳобии роҳҳои нафас, ҳамчун воситаи балғамбарорӣ ҳангоми бронхит, ҳамчун воситаи хуби табобати захмҳо, воситаи антисептикӣ истифода бурда мешавад [1, с. 214; 3, с. 45; 9, с. 159; 10, с. 4; 16, с. 239].
Хусусияти фармакологии мармарак бо мавҷуд будани кислотаҳои органикӣ, флавоноидҳо, моддаҳои даббоғӣ, алкалоидҳо, фитонсидҳо, витаминҳо, аз он ҷумла гурӯҳи «В», «Р» ва «РР», равғани эфирӣ, ки дорои синеол, борнеол, салвен, туйон ва дигар терпенҳо мебошад, вобаста аст. Ҳамчун дору мармаракро дар чор шакл дарёфт кардан мумкин аст: ашёи хоми хушки растанӣ барои дам кардани чой ё қиём, равғани эфирӣ ва спрей. Ба истиснои ашёи хоми хушки растанӣ, ҳамаи шаклҳои доруи мармарак барои мубориза бо бемориҳои ковокии даҳон ва роҳҳои болоии нафас истифода бурда мешаванд. Моддаҳои фаъоли биологии растании ҷинси мармарак ба таркиби доруҳои «Бронхосип», «Ларинал», «Бронхолин-Шалфей» дохил мешаванд [10, с. 4; 13, с. 3; 15, с. 108; 17, с. 171]. Дар натиҷаи ташхиси маводҳои фарматсевтӣ ва иловаҳои парҳезие, ки дар таркибашон мармаракҳо мавҷуданд, 12 номгӯй муайян карда шуда, дар ҷадвали 3 оварда шудаанд [1, с. 214; 3, с. 45; 9, с. 159; 10, с. 4; 13, с. 3; 15, с. 108; 17, с. 171].
Ҷадвали 3. Маводҳои фарматсевтие, ки мармарак дар таркибаш дорад
| Ном | Шакли дозагӣ | Компонентҳои фаъол | Маводҳои ёрирасон | Фармакотерапевтӣ | Кишвар ва истеҳсолкунанда |
|---|---|---|---|---|---|
| БРОНХОЛИН ШАЛФЕЙ | Сироп 125 г | Глауцин гидробромид — 0,125 г; эфедрини гидрохлорид — 0,100 г; равғани мармарак — 0,125 г | Қанд, кислотаи лиму, кислотаи аскорбин, нипагин, нипазол, оби тоза | Маводи зиддисулфагии амали марказӣ + симпатомиметик. Рамз ATX: R05DB20 | АО «ХИМФАРМ», ш. Шимкент, Ҷумҳурии Қазоқистон, кӯч. Рашидова, б/н |
| САЛЬВИГОЛ | Таблетка №30 | Экстракти хушки мармараки доругӣ (Salvia officinalis) — 100 мг | Қанд, глюкоза, стеарат | Иловаҳои биологии фаъол | Голдару Лабораториз (Австрия) |
| ИНГАФИТОЛ №1 | Маҷмӯаи резашуда | Баргҳои мармарак (50%), гулҳои бобунаи доругӣ (50%) | Ғоиб | Агенти зидди микробҳои гиёҳӣ | ОАО «Красногорсклексредства», Россия, ш. Москва, Красногорск |
| ШАЛФЕЙ П | Драже 450,0 мг | Баргҳои мармарак (криопорошок) — 25/50/100 мг (вобаста ба воя), Витамин С (кислотаи аскорбин) — 12 мг | Глюкоза, лактоза, стеарати калтсий, диоксиди титан, «Зелёное яблоко», қанди рафинад | Иловаҳои биологии фаъол | ООО «ПАРАФАРМ», Россия |
| ШАЛФЕЙ ФОРТЕ | Дору барои ҷабиш 1100 мг №20 | Иқтибоси барги мармараки хушк 25 мг, равғани мармарак 4 мг | Қанд, глюкоза, стеарат | Иловаҳои биологии фаъол | Натур Продукт Фарма Сп.Зо.о., Полша |
| ШАЛФЕЙ КА | Ҳаб №18, 3,0 г рӯпӯши тиллоӣ | Экстракти решаи мармарак, кислотаи аскорбин, решаи ширинбия | Қанд, глюкоза, стеарати калтсий, экстракти шалфей «Реликт», маззаи ба табиӣ шабеҳ «Асал» | Иловаҳои биологии фаъол | Фарминдустрия ООО, Россия |
| ШАЛФЕЙ Б/САХАРА №20 | Доруҳо барои ҷабиш, масса 0,6 г — №20 | Сорбит, экстракти шалфей, витамин С (кислотаи аскорбин) | Аэросил | Иловаҳои биологии фаъол | Фармпродукт ООО, Русия |
| ШАЛФЕЙ НАТУР ПРОДУКТ №24 | Ҳаб 2,5 г — №24 | Экстракти баргҳои мармараки доругии хушбӯй | Қанд, шарбати глюкоза | Иловаҳои биологии фаъол | Dr. med. Aufdermaur AG, Швейтсария |
| ЭКСТРАКТИ МАРМАРАК БО ВИТАМИНИ С | Ҳаб | Экстракти мармарак, равғани мармарак, кислотаи аскорбин | Кислотаи лиму, сахароза, шарбати глюкоза | Балғамоварӣ, муқовиматкунанда, бандкунанда, антисептикӣ | Ғоиб |
| ANGINAL | Таблетка | Гули бобуна, усораи гули малла, усораи гиёҳи алаф, ментол, равғани эвкалипт | Сорбитол, витамин С, стеарати магний, стабилизатор (гидроксипропилметилселлюлоза), диоксиди кремний | Иловаҳои биологии фаъол | Ғоиб |
| АНГИНАЛ СПРЕЙ | Спрей | 0,04 г — барги шалфей, 0,02 г — иқтибоси моеи орегано, 0,02 г — иқтибоси моеъ аз гули Calendula officinalis, 0,001 г — равғани эвкалипт, 0,0005 г — равғани пудинагӣ | Этанол 96%, сорбати калий, олеати сорбитан, макрогол 400, об | Антисептикӣ | «Dr. Muller Pharma», Ҷумҳурии Чехия |
Ба Фармакопеяи давлатии Россия нашрияи XIII, ба Фармакопеяи Аврупоӣ (ФА) ва ба Фармакопеяи Украина моддаҳои алоҳидаи «Баргҳои мармараки доругӣ (Salviae officinalis folia)» ворид карда шудаанд. Доруҳои дар заминаи мармарак таҳияшуда ба сифати воситаҳои безараргардонӣ ва зиддиилтиҳобӣ, ҳангоми стоматитҳо, барои табобати роҳҳои болоии нафас пешбинӣ карда шудаанд. Инчунин, ба фармакопеяи давлатии ИМА моддаи «Salvia miltiorrhiza Bunge» ворид карда шудааст [5, с. 254; 6, с. 361; 8, с. 101; 19, с. 1985].
P. Pitarokili ва муаллифон бо истифода аз усули хроматография-спектроскопияи оммавӣ муайян карданд, ки ҷузъҳои асосии равғани эфирии мармараки мускатие, ки дар Юнон мерӯяд, линалил атсетат (19,75—31,05%), линалол (18,46—30,43%) ва терпениол (5,08—7,56%)-ро ташкил медиҳанд [19, с. 1985; 21, с. 123].
Макарова А.С. дар бораи такмили усулҳои стандартизатсияи баргҳои мармараки доругӣ ва таҳияи доруи зиддимикробӣ гузориш медиҳад. Онҳо инчунин усули муайян кардани миқдори кислотаҳои дитерпеник дар баргҳои Salvia officinalis-ро бо истифода аз усули спектрофотометрияи ултрабунафш таҳия кардаанд [8, с. 101; 19, с. 1985].
П. Фаркас ва дигарон таркиби сифатӣ ва миқдории равғани эфирии мармараки мускатии дар Ҷумҳурии Словения парваришшавандаро омӯхтанд. Бо истифода аз хроматографияи гази моеъ ва спектрометрии газ, компонентҳои асосии гулҳои мармаракро муқаррар карданд: линалол (18,9%), линалил атсетат (13,7%), склареол (15,7%), α-терпениол (6,5%), гермакрен D (5,0%) ва геранил атсетат (4,3%) [5, с. 254; 6, с. 361; 8, с. 101; 19, с. 1985].
Дар соли 1959, аз баргҳои Salvia officinalis дар заминаи Институти микробиология ва вирусологияи Академияи илмҳои Украина як гурӯҳи илмӣ таҳти роҳбарии Н.А. Дербентсева доруи мураккаби зиддимикробиро бо номи «Салвин» таҳия карданд. Ин гурӯҳи илмӣ исбот кард, ки фаъолияти зиддимикробии дору бар зидди микробҳои грам-мусбат зоҳир мешавад, аз ҷумла микрофлораи ба антибиотикҳо тобовар дар консентратсияи 4—8 мкг/мл, ва аз сабаби мавҷуд будани фраксияи кислотаҳои органикӣ худро нишон медиҳад [6, с. 361; 8, с. 101; 19, с. 1985].
В.Н. Бубенчикова ва дигарон реаксияи сифатиро оид ба муайян кардани мавҷудияти флавоноидҳо дар таркиби барги мармарак, инчунин омӯхтани полисахарид ва таркиби минералии гиёҳи Salvia verticillata таҳия кардаанд [5, с. 254; 6, с. 361; 8, с. 101].
Ҳамин тариқ, таҳлили корҳои илмии нашршуда дар бораи таркиби химиявии растаниҳои мармарак мавҷудияти миқдори зиёди пайвастагиҳои химиявиро бо спектри васеи фаъолияти биологӣ нишон медиҳад. Ҷузъҳои асосии растаниҳои мармарак равғанҳои эфирӣ (камфор, синеол, D-α-пинен, α- ва β-тюнен, D-борнеол), кумаринҳо, алкалоидҳо, флавоноидҳо ва витаминҳо мебошанд. Умуман, дар таркиби мармараки шифобахш зиёда аз 40 пайвастагӣ муайян карда шудаанд, ки аксарияти онҳо терпеноидҳо мебошанд [5, с. 254; 6, с. 361; 8, с. 101; 19, с. 1985].
Таҳлили адабиёт ба мо имкон медиҳад хулоса барорем, ки мармараки мускатӣ аз ҳисоби таркиби равғанҳои эфирӣ спектри истифодабарии васеъ дорад. Мармараки мускатие, ки дар Тоҷикистон мерӯяд, ҳамчун маводи антидепрессантӣ, антибактериалӣ, антисептикӣ, зиддиилтиҳобӣ истифода мешавад ва барои омӯзиши минбаъда ҳамчун манбаи маводи нави доругӣ аҳамият дорад.
АДАБИЁТ
- Азонзод, Ҷ.А. Рустаниҳои шифоӣ ва ғизоӣ (Асосҳои фармаконутрисиология) / Ҷ.А. Азонзод. — Д.: Адиб, 2010. — 214 с.
- Азонзод, Ҷ.А. Рустаниҳои шифоӣ ва ғизоӣ (Асосҳои фармаконутрисиология) / Ҷ.А. Азонзод. — Д.: Адиб, 2010. — 214 с.
- Азонзод, Ҷ.А. Рустаниҳои шифоӣ ва ғизоӣ (Асосҳои фармаконутрисиология) / Ҷ.А. Азонзод. — Д.: Адиб, 2010. — 214 с.
- Алексеева, М.А. Исследование биологически активных флавоноидных компонентов хмеля обыкновенного Humulus lupulus: дис. … кандидата фармац. наук; 15.00.02 / М.А. Алексеева. — ГУ НИИ питания РАМН. — М., 2005. — 104 с.
- Банадига Н. В. Вибір препарату для лікування кашлю у дітей: доцільність, ефективність, безпечність, комплаєнс. Современная педиатрия. 2015. № 65. С. 44–49.
- Богоявленский А.П., Алексюк П.Г., Турмагамбетова А.С., Березин В.Э. Актуальные проблемы стандартизации фитопрепаратов и растительного сырья для их производства // Фундаментальные исследования. — 2013. — № 6 (5). — С. 1184–1187.
- Государственная фармакопея XIII. ФС.2.5.0051.15. Salviae officinalis folia. Взамен ГФ XI, вып. 2. — С. 254.
- Государственная фармакопея Украины I издание. ФС. Salviae officinalis folium. — С. 360–361.
- Государственная фармакопея XI, «Определение содержания экстрактивных веществ в лекарственном растительном сырье». С. 295–296.
- Губанова, Е.А. Фармакогностическое изучение травы шалфея мускатного (Salvia sclarea L.): диссертация ... кандидата фармацевтических наук: 14.04.02 / Губанова Елена Анатольевна; [Место защиты: ГОУВПО «Пятигорская государственная фармацевтическая академия»]. — Пятигорск, 2010. — 142 с.
- Макарова Алёна Сергеевна. Совершенствование методов стандартизации и разработка антимикробных препаратов эвкалипта прутовидного, шалфея лекарственного и зверобоя продырявленного. — 159 с.
- Малый патент на изобретение TJ 1063 Республика Таджикистан. «Состав для лечения воспалительных заболеваний ЛОР-органов» / Рахмонов А.У., Махсудов К.С., Мусоев Р.С., Мусозода С.М., Давроншозода Ф.Д., Шпичак О.С., Давтян Л.Л. — № 1901381; заявл. 30.12.19; опубл. 17.02.20.
- Махсудов К.С., Рахманов А.У., Мусоев Р.С., Мусозода С.М., Саидова М.Н., Шпичак О.С. Фармако-технологические исследования листьев шалфея мускатного (folia salvia sclarea l.), произрастающего в Таджикистане // «Наука и инновация». — 2019, г. Душанбе. — № 4. — С. 68–71.
- Мусозода С.М., Рахмонов А.У., Махсудов К.С., Шпичак О.С., Мусоев Р.С., Холова Ш.С., Эргашева Г.Н. Анатомическое строение ассимиляционного аппарата шалфея мускатного (salvia sclareae l.), произрастающего в Таджикистане // Наука и инновация. — № 4, 2019, г. Душанбе ТНУ. — С. 134–140.
- Патент на корисну модель 142132 Украӣна. Склад для лікування запальних оториноларингологічних захворювань у формі таблеток. МПК51 А61K 9/20 (2006.01) / Махсудов К.С., Мусоев Р.С., Мусозода С.М., Давроншозода Ф.Д., Шпичак О.С., Давтян Л.Л., Рахмонов А.У.; заявник і патентовласник Шпичак О.С. — № u 202000230; заявл. 15.01.2020; опубл. 12.05.2020, Бюл. № 9. — 4 с.
- Технология лекарств промышленного производства: учебник для студ. высш. учеб. завед.: в 2 ч. Ч. 1: перевод с укр. / [В.И. Чуешов, Е.В. Гладух, И.В. Сайко и др.] — Винница: Новая Книга, 2014.
- Фармакогнозия. Д.А. Муравьева: учебник для студ. — 1991. — 171 с.
- Флора Таджикской ССР, Т. 8. — Л.: Наука, 1988. — С. 238–250.
- Шоев М.Д. Анализ рынка лекарственных средств, используемых в оториноларингологии в Таджикистане // Махмудназаров М.И., Рахмонов М.У., Шоев Ф.Д., Мусозода С.М. Современные проблемы оториноларингологии, г. Самарканд. — 2019, № 3, 1 (112). — С. 108–109.
- Amr, S. The investigation of the sage (Salvia officinalis L.) originating of Jordan / S. Amr, S. Dordevic // Facta Universitatis. — 2000. — Vol. 1, № 5. — P. 103–108.
- Capek, P. Water-soluble polysaccharides from Salvia officinalis L. possessing immunomodulatory activity / P. Capek, V. Hribalova // Phytochem. — 2004. — Vol. 65, № 13. — P. 1983–1992.
- Kukhtenko O. Justification of venotonic action plant extract obtaining technology by mathematical modeling method. Danish Scientific Journal. 2019. Vol. 2, № 20. P. 35–38.
- Móricz A., Horváth G., Ott P., 2015. Direct bioautographic detection of antibacterial components of clary sage and spearmint essential oils. JPC — Journal of Planar Chromatography. Modern TLC. 28 (2): 121–125.




