Меъёри рента барои содироти ашёи хом зиёд карда шуд
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум
Меъёри рента барои содироти ашёи хом зиёд карда шуд
Панҷуми майи соли 2025 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
РАИС: — Вакилони арҷманд!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 63 вакил ҳузур доранд.
Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шуруъ намоем.
Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласаи имрӯза ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Ба рӯзномаи ҷаласа як масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст. Пешниҳод мекунам, ки бинобар муҳиммият лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» низ ба рӯзнома ворид карда шавад.
Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст?
Набошад, хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаи зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
-
Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон».
-
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шуруъ менамоем. Аз рӯи масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.
Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:
— Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо мақсади амалинамоии ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар, таҳия шудааст, пешниҳод гардидааст.
Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур пешгирии содироти ашёи хом ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард гардидани металлҳои қиматбаҳо, ранга, нодир, сиёҳ, радиоактивӣ, ашёи хоми химиявии кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо ва бо ҳамин васила таъмин намудани рушди соҳаи саноати коркард ва таъсиси ҷойҳои нави кории доимӣ ба ҳисоб меравад.
Мутобиқи моддаи 325 Кодекси андоз меъёри рентаи содиротӣ аз 1 январи соли 2023 2 фоиз, аз 1 январи соли 2025 4 фоиз ва аз 1 январи соли 2027 ба андозаи 6 фоизи арзиши фурӯши молҳо пешбинӣ гардидааст.
Новобаста аз ин, тибқи маълумоти оморӣ содироти консентратҳо сол то сол тамоюли зиёдшавиро касб намудааст. Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда меъёри рента барои содироти маҳсулоти ашёи хоми коркарднашуда (ба истиснои калоба, ресмони пахтагин ва риштаи абрешимӣ) аз 1 июни соли 2025 8 фоиз ва аз 1 январи соли 2027 10 фоиз пешбинӣ шудааст. Бо мақсади кам кардани таъсири ноустувории иқтисодӣ ба фаъолияти корхонаҳои ресандагӣ нисбат ба содироти калоба, ресмони пахтагин ва риштаи абрешимӣ меъёри амалкунандаи рентаи содиротӣ (дар солҳои 2025 ва 2026 бо меъёри 4 фоиз ва аз 1 январи соли 2027 бо меъёри 6 фоиз) бетағйир нигоҳ дошта шудааст.
Дар маҷмуъ, қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои дар дохили кишвар коркард гардидани маҳсулоти ашёи хом ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.
Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Тоҳир Набизода дода мешавад. Марҳамат.
Тоҳир НАБИЗОДА:
— Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд.
Қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои дар дохили кишвар коркард гардидани маҳсулоти ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳамзамон, барои ба буҷети давлатӣ ворид гардидани маблағҳои иловагӣ мусоидат менамояд.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ гардида, расмиёти дохилиро тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?
Нест.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Ба кори ҷаласа то соати 16:00 танаффус эълон менамоям.
Пас аз танаффус.
РАИС: — Вакилони арҷманд!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 61 вакил ҳузур доранд.
Имкон шуд, ки кори ҷаласаро идома диҳем.
Дар ҷаласа вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода иштирок дорад.
Ба баррасии масъалаи дуюми рӯзнома оғоз менамоем. Аз рӯи масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дода мешавад. Марҳамат.
Эмомалӣ СОБИРЗОДА:
— Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки ба баррасии шумо пешниҳод гардидааст, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур ворид кардани иловаҳои дахлдорро ба моддаи 38 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» пешбинӣ намуда, аз ҷониби сарбозони дорои маълумоти олӣ идома додани хизмати ҳарбиро дар вазифаҳои афсарӣ ва прапоршикӣ ба танзим медарорад.
Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар таҳрири нав шумораи сарбозоне, ки дорои маълумоти олӣ буда, тибқи даъват хизмати ҳарбиро адо менамоянд ва ихтиёран барои идомаи хизмати ҳарбӣ дар вазифаҳои афсарӣ ва прапоршикӣ хоҳиш доранд, зиёд гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ки сарбозону сержантони дорои маълумоти олӣ, ки кафедраҳои ҳарбиро хатм намудаанд, метавонанд баъд аз адои 3 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок бо тартиби ихтиёрӣ барои идомаи хизмат дар вазифаҳои афсарӣ ва хизматчиёни ҳарбие, ки кафедраҳои ҳарбиро хатм накардаанд, ба вазифаҳои прапоршикӣ қабул шаванд.
Дар баробари ин, бояд зикр кард, ки дар кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳои тиббии кишвар шаҳрвандони ҷинси зан таҳсил намуда, бо мақсади танзим намудани тартиби додани рутбаи аввалини ҳарбии афсари эҳтиётӣ ба шаҳрвандони ҷинси зан ба моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» илова ворид карда мешавад.
Қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои пуррагардонии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ бо мутахассисони соҳавӣ аз рӯи ихтисосҳои камёфт аз ҳисоби шаҳрвандони дорои таҳсилоти олии касбӣ мусоидат менамояд.
Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.
Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Насрулло Маҳмудзода дода мешавад. Марҳамат.
Насрулло МАҲМУДЗОДА:
— Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, ворид намудани иловаҳоро ба моддаҳои 38 ва 59 қонуни мазкур дар бар мегирад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ба танзим даровардани ба таври ихтиёрӣ дохил шудан ба хизмати ҳарбӣ дар вазифаҳои афсарӣ ё прапоршикӣ аз ҷониби сарбозоне, ки дорои таҳсилоти олӣ мебошанд, инчунин, додани рутбаи аввалини ҳарбии афсари эҳтиётӣ ба занон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардида истодааст. Пеш аз муҳлат иҷро шудани нақшаи даъвати ҷавонон барои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ шаҳодати он мебошад.
Тибқи меъёрҳои амалкунанда сарбози дорои таҳсилоти олӣ, новобаста аз таҳсил дар кафедраҳои ҳарбӣ, пас аз як соли хизмати ҳарбии муҳлатнок ҳуқуқи гирифтани рутбаи якуми афсариро пайдо менамуд.
Лоиҳаи қонуни муҳокимашаванда дар ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба сифати афсарон ва прапоршикҳо нақши ҳавасмандгардонӣ низ дошта, ҳамзамон, ба пуррагардонии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо афсарону прапоршикҳо мусоидат мекунад.
Лоиҳаи қонуни мазкур дифференсиатсияи додани рутбаҳои афсарӣ ва прапоршикиро таъмин менамояд, ки вазири мудофиа дар маърӯзаи худ қайд намуд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният бо мақсади баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» расмиёти дохилиро мувофиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонд. Кумитаҳо ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон, матни забони русӣ бо матни забони тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуд. Аз шумо — вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро, ки ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад, ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд.
Доир ба рафти ҷаласа эрод ҳаст?
Нест.
Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаи имрӯзаро пӯшида эълон менамоям.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ




