Илму маориф ҷомеаро ба пеш мебаранд
Илму маориф ҷомеаро ба пеш мебаранд
Дар мақола ҷанбаҳои гуногуни зарурияти инкишоф додани омилҳои ғайримоддӣ — илм ва маориф ҷиҳати дигаргунсозии ҷомеа дар давраи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ тадқиқ карда мешаванд. Дар робита ба ин, марҳилаҳои таърихии рушди тадқиқотҳои илмӣ дар мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва имкониятҳои дар шароити муосири Тоҷикистон таъмин кардани тараққиёти тадқиқотҳои илми академӣ нишон дода шудаанд.
Ҳамчунин нақши илм дар пешравии соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ қайд гардида, зарурияти таъмини маблағгузории ҳатмӣ барои анҷом додани коркардҳои илмӣ таъкид карда мешавад. Асоснок мегардад, ки танҳо ва танҳо дар натиҷаи ба таври васеъ истифода бурдани навтарин комёбиҳои илму технологияи муосир ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии одамон пешравии ҷамъиятро таъмин намудан мумкин аст.
Дар ин замина моҳияти тадқиқотҳои илми академӣ кушода шуда, алоқамандии вай бо тадқиқи дигар илмҳо нишон дода мешавад. Таъкид мегардад, ки дуруст истифода бурдани натиҷаҳои тадқиқоти илми академӣ дар тадқиқҳои таълимӣ ва соҳавӣ ҷиҳати тараққӣ додани натиҷагирӣ дар фаъолияти амалии онҳо хеле муҳим аст.
Вожаҳои муҳим: илм, маориф, академӣ, таълимӣ, соҳавӣ, маълумоти умумӣ, тадқиқи илмӣ, технология.
Дар ҳама гуна мамлакати мутараққӣ дар баробари самаранок истифода бурдани омилҳои иқтисодӣ бо ёрии омилҳои ғайримоддӣ, ки онҳоро қувваҳои ҳаракатдиҳанда ва ҳавасмандкунанда низ меноманд, тавонистаанд на танҳо вайронаҳою душвориҳои зиндагиро бартараф намоянд, балки бо дастовардҳои ҷадиди худ дар бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ оламро ба ҳайрат оранд. Хусусияти муҳимтарини кишварҳои мутараққӣ дар он аст, ки онҳо ба пешрафти низоми илму маориф диққати аввалиндараҷа медиҳанд.
Масалан, дар Олмон барои баланд бардоштани маърифатнокии аҳолии худ ҳанӯз дар асри XVI диққати махсус медоданд. Ба ибораи дигар гӯем, ҳанӯз чор аср пеш назар ба дигар мамлакатҳо дар Олмон кори маълумотгирӣ бисёр такмил ёфта буд: соатҳои дарсӣ ва фанҳои омӯзиш зиёд буданд, донишҷӯён бодиққат таълим мегирифтанд ва омӯзгорон бо масъулияти баланд кор мекарданд. Кори маълумотгирӣ дар Англия вазифаи шахсии ҳар як фарди алоҳидаи ҷамъият ҳисоб мешуд ва ба мактабҳо ва университетҳои хусусӣ нигаронида шуда буд. Дар ИМА баъди ба даст овардани истиқлолият муносибатро нисбати маълумотнокшавии аҳолӣ тамоман тағйир доданд. Аз нимаи асри XIX сар карда, дар ин ҷо масъалаи ҳатман гирифтани маълумоти умумӣ ба таври васеъ ҷорӣ гашт ва ҳозир ИМА чун Олмон ба низоми маълумотнокии ҳатмии фарогири ҳамагон гузаштаанд.
Дар Ҷопон модели ҳатман гирифтани маълумоти умумӣ ҷорӣ карда шуд. Ҳукумати ин мамлакат аз ИМА ва Аврупо муаллимонро даъват мекард, то ки ба ҷопониҳо идея, метод ва технологияҳои навро омӯзонанд. Ҳанӯз соли 1925-ум 99,4 фоизи наврасони Ҷопон ба мактабҳо ҷалб карда шуда буданд ва соли 1927 аллакай 93 фоизи аҳолӣ маълумотнок шуда буданд. Ҳозир ҳам дар ин мамлакат ба масъалаи илму маориф диққати аввалиндараҷа дода мешавад ва мардуми он ният доранд, ки кишвари худро ба мамлакати бузурги илмӣ-техникӣ табдил диҳанд. Онҳо бо боварии комил изҳор менамоянд, ки маҳз илму маърифат асоси пешравӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият мебошанд ва дар ҳақиқат, таҷрибаи Ҷопон ва дигар мамлакатҳои тараққикардаи дунё инро исбот менамояд [2].
Мамлакатҳои навсаноатӣ, ки баъди ҷанги дуюми ҷаҳон аз системаи мустамликадорӣ озод шуда, истиқлолият ба даст оварда буданд, барои таъмини рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвари худ дар навбати аввал ба равнақ додани маърифатнокии аҳолӣ диққати махсус доданд. Масалан, дар Тайван ҳамасола ҳазорҳо ҷавононро ба хориҷа барои хондан мефиристанд ва аз онҳо ҳамагӣ 20 фоизашон ба ватанашон бармегарданд. Бо вуҷуди ин, ҳукумати Тайван ҷудо кардани маблағро барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҳозиразамон дареғ намедорад, зеро медонад, ки ҳамон 20 фоиз мутахассиси омодашудаю ба ватан баргашта, тамоми хароҷоти мамлакатро мепӯшонад ва боз фоида ҳам меорад. Аз ин ҷост, ки тайваниҳо агар солҳои 50-уми асри гузашта ба ҳар сари аҳолӣ 50 доллари ИМА маҳсулот мебароварданд, дар ибтидои солҳои 90-ум бошад, ин рақам ба 6 ҳазор доллари ИМА баробар шуд, яъне зиёда аз 100 баробар зиёд маҳсулот мебаровардагӣ шуданд. Онҳо мақсад гузошта буданд, ки солҳои 2000-ум истеҳсоли маҳсулотро ба ҳар сари аҳолӣ ба 13 ҳазор доллари амрикоӣ расонанд.
Дар марҳилаи ҳозира аз ҷониби ҳамаи мамлакатҳои мутараққӣ ва рӯ ба инкишоф ҳамасола барои анҷом додани корҳои илмӣ маблағҳои зиёде ҷудо карда мешаванд. Бо вуҷуди душвориҳои молиявии давраи гузариш дар Тоҷикистон низ ба тараққӣ додани ин соҳаҳои муҳим корҳои зиёде ба сомон расонида шуда истодаанд. Вале, мутаассифона, таҷриба нишон медиҳад, ки маблағҳои ҷудошуда махсусан барои рушди илм ҳанӯз натиҷаҳои дилхоҳ надодаанд.
Рақамҳо барои муқоиса: соли 2010 дар Тоҷикистон ба илм 0,09% Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, дар Русия – 1,24%, дар Фаронса ва ШМА – 3%, дар Ҷопон – 3,39%, дар Хитой – 2% ва дар Исроил – 5% Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҷудо шуда буд.
Вобаста ба зинаҳои тадқиқот ва дар амал татбиқ намудани комёбиҳои илмӣ хароҷоти илмӣ тағйир меёбад. Масалан, чуноне профессор В. Терешенко қайд менамояд, дар ИМА агар барои тадқиқоти фундаменталӣ 1 доллар хароҷот намоянд, он гоҳ барои тадқиқоти амалӣ 10 доллар ва барои дар амал ҷорӣ намудани натиҷаҳои илмӣ 100 доллар хароҷот мекунанд. Яъне дар амал татбиқ намудани комёбиҳои илмӣ марҳилаи муҳими ҷараёни инноватсионӣ ҳисоб меёбад.
Тадқиқҳо нишон доданд, ки дар ИМА, Ҷопон ва дигар мамлакатҳои мутараққӣ дар афзоиши иқтисодиёт ҳиссаи пешрафти илмӣ-техникӣ дар солҳои 60-70-уми асри XIX 40-50 фоиз, дар солҳои 80-ум ва нимаи аввали 90-уми асри XIX 70 фоиз ва дар солҳои минбаъда 85-90 фоизро ташкил мекарданд. Дар баъзе соҳаҳои истеҳсолии илмталаб бошад, бо пуррагӣ афзоиши иқтисодиёт аз ҳисоби пешрафти илмӣ-техникӣ таъмин мегардад. Мувофиқи маълумотҳои академик Д. Гвишиани, ки муовини аввали раиси Комитети давлатии ИҶШС оид ба илм ва техника дар назди Шӯрои Вазирони ИҶШС буд, истифодаи комёбиҳои илмӣ дар хоҷагии халқи ИҶШС дар солҳои 1965-1990 ҳамасола ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 0,6 фоизро ташкил медод.
Қайд кардан бамаврид аст, ки тадқиқоти илмӣ ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: тадқиқоти фундаменталӣ ва тадқиқоти бевосита аҳамияти амалӣ дошта. Ба тадқиқоти фундаменталӣ асосан муассисаҳои илмии Академияи илмҳо ва озмоишгоҳҳои проблемавии мактабҳои олӣ машғуланд. Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ фаъолияти чунин тадқиқотгоҳҳо аз тарафи Комитети давлатии ИҶШС оид ба илму техника ба нақша гирифта мешуд ва маблағгузорӣ ҳам характери мутамарказонидашударо дошт, чунки Академияи илмҳо ва мактабҳои олӣ муассисаҳои ҷумҳуриявӣ-иттифоқӣ ҳисоб мешуданд. Онҳо дар як вақт қисми таркибии вазорату соҳаҳои Иттифоқ ба шумор мерафтанд.
Ҳозир корбарӣ бо ҳамаи муассисаҳои илмӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳангии мамлакат дар дохили Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ, мақомоти дахлдори идоракунандаи ин соҳаҳо кори ба тартиб даровардани фаъолияти онҳоро мувофиқи талаботи мамлакат дар шароити иқтисодиёти бозорӣ ба ҷо меоранд.
Дар навбати аввал мақомоти давлатӣ масъалаҳои стратегӣ ва ҷории мамлакатро муайян менамоянд ва мувофиқан дар назди муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ вазифагузорӣ мекунанд. Дар робита ба ин, кори муассисаҳо ба нақша гирифта шуда, барои иҷрои мавзуи корӣ аз тарафи давлат ҳамчун фармоишгар маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд. Аз тарафи дигар, корҳое, ки бо ташаббуси худи тадқиқотчиён амалӣ мешаванд, бо мақомоти давлатӣ мувофиқа шуда, барои иҷрои онҳо аз ҷониби давлат маблағ ҷудо мегардад.
Бояд хотиррасон намоем, ки дар шароити иқтисодиёти бозорӣ байни давлат ва иҷрокунандагони кор муносибатҳои бозаргонӣ ҷой дошта метавонанд. Давлат ба сифати харидор ва тадқиқотчиёну дигар кормандони муассисаҳои илмию таълимӣ ҳамчун фурӯшандагони натиҷаҳои корашон муносибат менамоянд. Дар ин ҷо ҳар як корманд маҳсули меҳнати илмии худро чун моли тайёр мефурӯшад ва давлат арзиши молро ба назар гирифта, ҳаққи меҳнат муайян менамояд.
Тадқиқоти амалӣ бошанд, дар навбати худ ба ду қисмат ҷудо мешаванд: тадқиқоти таълимӣ ва тадқиқоти соҳавӣ.
Қисмати таълимии он дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии педагогӣ гузаронида мешаванд. Натиҷаҳои онҳо бевосита дар мактабҳои олӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёна ҳамчун восита ва дастурҳои таълимӣ истифода мегарданд. Одатан ин гуна корҳо дар шакли китоби дарсӣ, воситаҳои методӣ-таълимӣ, воситаҳои аёнии таълимӣ ва дигар намудҳои дастурӣ барои истифодабарӣ дар ҷараёни таълим нашр карда мешаванд.
Тадқиқоти соҳавӣ дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии назди вазорату соҳаҳои гуногун гузаронида мешаванд. Ин гуна муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ асосан ба коркардҳои амалӣ алоқаманданд ва онҳо масъалаҳои дар наздашон гузоштаи мақомоти болоии худро иҷро менамоянд. Нигоҳдории ин муассисаҳо на танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, балки ҳамчунин дар асоси корҳои анҷомдодаашон мувофиқи шартнома бо харидорони тадқиқоти илмӣ анҷом дода мешавад.
Одатан натиҷаҳои тадқиқоти фундаменталӣ аз тарафи тадқиқотчиёни амалӣ – таълимӣ ва соҳавӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Онҳо натиҷаҳои тадқиқоти фундаменталиро таҳқиқ карда, барои дар соҳаҳои таълимӣ ва соҳаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ мувофиқан истифода бурда тавонистани дастовардҳои фундаменталӣ корҳои тадқиқотӣ мебаранд.
Бояд қайд кард, ки тадқиқҳои фундаменталии академӣ ба се самт ҷудо шуда метавонанд: тадқиқоти фундаменталии илмҳои техникӣ, тадқиқоти фундаменталии илмҳои табиӣ ва тадқиқоти фундаменталии илмҳои ҷамъиятӣ. Дар ҳар самти тадқиқот мувофиқи талаботи тадқиқҳои фундаменталии академӣ бояд натиҷаҳои илмии дақиқи асоснокшудаи назариявию методологӣ ба даст оварда шаванд.
Дар айни замон коркунони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии фундаменталӣ ва соҳавию таълимӣ метавонанд дар баробари кори асосии фармоишӣ дар асоси шартнома корҳои иловагиро барои корхонаҳо, вазорату соҳаҳо иҷро намоянд, ки маблағи амали иҷрошударо худи харидор аз ҳисоби худаш пардохт менамояд. Чунин тадқиқотҳо, аз як тараф барои рушди соҳаҳо дар асоси истифода бурдани комёбиҳои навтарини пешрафти илмӣ-техникӣ ёрии калон мерасонанд, аз тарафи дигар манбаи даромади иловагии коркунони илму маориф мешаванд. Барои амалӣ шудани ин корҳо лозим аст, ки ҷонибҳои дахлдор нозукии муносибатҳои бозаргониро нағз дарк намуда, дуруст истифода баранд, то ки амали онҳо ҷавобгӯи қонунҳои иқтисодиёти бозорӣ ва тартиботи қабулшудаи ҷамъият бошанд.
Қобили қайд аст, ки дар шароити муносибатҳои бозаргонӣ ҳама гуна чизе, ки эҳтиёҷоти одамонро қонеъ мегардонад, ҳамчун мол хариду фурӯш мешавад. Бинобар ин, маҳсули меҳнати кормандони зеҳнӣ мол ҳисоб шуда, коркунони ин соҳа бояд натиҷаи кори худро чун истеҳсолкунанда мувофиқи шарту талаботи истеъмолкунандагон — харидорон тайёр намоянд, яъне мувофиқи эҳтиёҷот ва қобилияти харидории истеъмолкунандагон моли арзону хушсифат бароранд. Даромади коркунон на аз ҳисоби баланд бардоштани нархи фурӯши маҳсулот, балки бояд дар натиҷаи зиёд кардани иҷрои корҳо биафзояд. Чунин шакли кор хоси иқтисодиёти бозор аст.
Барои ба даст овардани натиҷаҳои баланди тадқиқоти илмӣ ҷалб ва истифодаи мутахассисони сатҳи баланд лозим мешавад. Тайёр кардани мутахассисони бомаърифат, ки ҷавобгӯи талаботи имрӯза бошанд, яке аз вазифаҳои муҳимтарин дар пешрафти ҷамъият аст. Дар айни замон таълим дар мактабҳои олӣ ҳам аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҳам аз ҳисоби ташкили гурӯҳҳои шартномавӣ ба роҳ монда шудааст. Вобаста ба ин, таълимгоҳҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ амал мекунанд. Дар таълимгоҳҳои тиҷоратӣ хароҷоти таҳсил аз ҳисоби маблағҳои худи донишҷӯён аст. Як қисми донишҷӯён маблағи таҳсилро аз ҳисоби худашон ва қисми бештари онҳо аз ҳисоби корхонаҳо мегузаронанд. Дар навбати худ дар таълимгоҳҳои давлатӣ дар баробари гурӯҳҳои буҷетӣ гурӯҳҳои тиҷоратӣ низ ҷой доранд ва сол ба сол шумораашон зиёд мегарданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳозир шумораи таълимгоҳҳои олӣ нисбат ба аввали солҳои 90-ум зиёд шудаанд ва аксари онҳо тиҷоратианд. Инчунин филиалҳои донишгоҳу донишкадаҳо низ афзудаанд. Вале вақти он расидааст, ки мувофиқи эҳтиёҷоти воқеӣ ва имкониятҳои мамлакат миқдор, ҷойгиркунӣ ва ба намудҳои ихтисос тақсимкунии онҳо ба низом дароварда шаванд.
Бисёриҳо бар ин ақидаанд, ки агар таҳсил аз ҳисоби худи одамон ё корхонаҳо ба роҳ монда шавад, ҳеҷ зараре надорад. Мегӯянд, ҳар қадар зиёд бошад, ҳамон қадар беҳтар аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки ҳама гуна хароҷоти ғайрибуҷетӣ ва ҳам аз буҷети давлатӣ қисми таркибии даромади миллии мамлакат мебошанд. Бинобар ин, ҳар як хароҷоти беҳуда новобаста аз манбааш зарар ба боигарии ҷамъият, ба сарватҳои миллии мамлакат аст. Илова бар ин, бояд ба назар гирифт, ки аксарияти таълимгоҳҳои навташкил ва филиалҳои макотиби олӣ шароити даркории моддию техникӣ ва зеҳнӣ надоранд ва бо итминони комил гуфта наметавонем, ки дар онҳо мутахассисони бомаърифат тайёр карда мешаванд.
Боз ҳам таъкид кардан зарур аст, ки ҳозир дар бисёр таълимгоҳҳои олӣ ва миёна кори таълиму тарбия мувофиқи талаботи замони муосир ташкил карда нашудааст. Дар баробари ин, дар чунин шароит хоҳишмандони гирифтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ оид ба хатми мактабҳои олӣ зиёд мегарданд. Вале дар бораи оқибатҳои ногувори чунин ҳуҷҷатҳои бемағз, ки соҳибони онҳо ба даст меоранд, андеша накардан мумкин нест.
Таҷрибаи мамлакатҳои мутараққӣ ва рӯ ба инкишоф исбот намудааст, ки танҳо ва танҳо дар натиҷаи васеъ истифода бурдани навтарин комёбиҳои илму техникаи муосир, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии одамон пешравии ҷамъиятро таъмин намудан имконпазир аст. Зеро дар шароити имрӯза истифодаи методҳои нави хоҷагидорӣ заруранд ва яқин аст, ки бо тарзу усул, нигоҳу ақида ва амалияи кӯҳнаи корбарӣ комёбӣ ба даст намеояд.
Дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар Академияи хоҷагии халқи назди Шӯрои Вазирони СССР як миллиардери италиявӣ қайд карда буд, ки даромади солонаи консернаш 40 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. «Вале ман аз он дар ташвишам, ки дар Италия қариб 5 сол боз ислоҳоти мактабҳои умумӣ гузаронида нашудааст, яъне барномаи таълимии 5 сол пеш қабулшуда барои имрӯз аллакай кӯҳна шудааст ва ҷавобгӯи талаботи замони нав нест. Ин бошад, сатҳи зеҳнии италиявиҳоро паст мекунад ва албатта, дар ниҳоят ба ҳосилнокии кори одамон таъсири манфӣ мерасонад».
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки барои таъмини пешрафти ҷомеа дар баробари омӯхтан, истифодаи малака ва таҷрибаи пешқадам моро зарур аст ба навтарин комёбиҳои илму техникаи муосир такя карда, мувофиқи талаботи нав фаъолият намоем. Набояд фаромӯш кард, ки мо асри XX — асри табаддулоти илмӣ-техникиро сипарӣ кардаем ва дар асри XXI қарор дорем ва аксарияти мамлакатҳои пешрафтаи дунё марҳилаи инкишофи индустриалиро аллакай паси сар кардаанд ва дар марҳилаи рушди иттилоотӣ мебошанд. Пас моро низ зарур аст, ки аз худи ҳозир ба таълиму тарбия ва истифодаи мутахассисони баландихтисос ва соҳиби илму маърифати ҳозиразамон шурӯъ намоем.
Абдуғаффор Рауфӣ, д.и.и., профессор, мудири шуъбаи Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Рӯйхати адабиёт:
- Мир на рубеже XXI века. — М.: Политиздат, 1990. — С. 123, 124.
- Несбитт Д., Эбурдин П. Что нас ждет в 90-е годы. Мегатенденция: Год 2000. — М.: Республика, 1992. — С. 215, 216.
- Тоҷикистон: 20-соли истиқлолияти давлатӣ: маҷмӯи оморӣ. — Душанбе: АО назди Президенти ҶТ, 2011. — С. 131, 357; Вечканов Г. Инвестиции: объёмы, динамика, структура // Экономист. — 2012. — №3. — С. 20.
- Терещенко В.И. Беседы экономиста. — М.: Знание, 1991. — С. 31.
- Рауфӣ А. Бо ваҳдат ба бозор / Зери таҳрири умумии д.и.и., проф. И.А. Асроров. — Душанбе: «Дониш», 2006. — С. 137.




