Зеҳн

Сиёсати пулию қарзӣ: ҳадаф ва фишангҳои дар амал татбиқ намудани он

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 12 дақиқа хондан

Сиёсати пулию қарзӣ: ҳадаф ва фишангҳои дар амал татбиқ намудани он

Манучеҳр Асоев, и.в. Директори департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон

Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки сиёсати пулию қарзӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати иқтисодии давлат барои ба даст овардани устувории макроиқтисодӣ, аз ҷумла муътадилии сатҳи нархҳо ва вазъи молиявию бонкӣ, ки ба рушди иқтисодиёт мусоидат менамояд, аҳамияти зиёд дорад. Мақсад ва нақши он дар сиёсати иқтисодӣ аз ҷониби бисёр олимони соҳа, ки дар давраҳои хоси тафаккури иқтисодӣ ба мактабҳои бонуфузтарини назариявӣ мансуб буданд, таҷдиди назар гардидаанд. Нигоҳҳои гуногун дар ин хусус ба намояндагони назарияи классикии иқтисодӣ — кейнсианӣ, монетаристҳо, мактабҳои ҷадиди классикии макроиқтисодӣ ва кейнсианӣ тааллуқ доранд, ки дар мавриди онҳо асосгузори назарияи монетаризм Милтон Фридмэн (1968, с. 1) чунин изҳори ақида намудааст:

«Умуман, доир ба ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат, яъне таъмини муътадилии сатҳи нархҳо, шуғли баланди аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодӣ миёни мактабҳои назариявӣ муттаҳидии фикрҳо мавҷуд аст. Аммо оид ба мутобиқати ҳар яке аз ин ҳадафҳо ё шартҳое, ки онҳо якдигарро метавонанд иваз намоянд, ҳамдигарфаҳмӣ кам ба назар мерасад. Гузашта аз ин, ҳамдигарфаҳмӣ дар мавриди он ки бо кадом равишу усул метавон ба ин ё он мақсад комёб гардид, боз ҳам камтар аст».

Бо вуҷуди ин, аз нигоҳи назарияҳои маъмул мақсади аввалиндараҷаи сиёсати пулию қарзӣ танзим ва идоракунии ҳаҷми пул дар муомилот баҳри расидан ба сатҳи муътадили нархҳо ё худ таваррум дар давраи дарозмуддат ба шумор меравад. Аз ҷумла, мувофиқи ақидаи Гудфренд ва Кинг (1997) нақши сиёсати пулию қарзӣ ва бонки марказӣ ҳамчун мақоми ҳуқуқи истисноии барориши пул дошта, ин тавассути танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт нигоҳ доштани мувозинати макроиқтисодӣ ва талаботи маҷмӯӣ дар сатҳи потенсиалӣ мебошад, ки он барои комёб гардидан ба муътадилии сатҳи нархҳо ё худ таваррум равона мегардад.

Таваррум ҳамчун таҷассумгари сатҳи нархҳо яке аз нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ буда, мувофиқи далелҳо (ниг. ба С. Фишер, 1993; Ҷ. Тейлор, 1996, 1998) сатҳи паст ва муътадили он дар маҷмӯъ ба суботи иқтисодиёт ва самаранокии сармоягузориҳо, ки дар рушди воқеӣ ва давомноки Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД), сатҳи некуаҳволии мардум ва фаъолияти низоми молиявӣ инъикос мегардад, вобаста мебошад. Илова ба ин, тавре Б. Бернанке (2003) қайд менамояд, сатҳи паст ва муътадили нархҳо бо мурури замон ҳассоснокии иқтисодиётро ба таконҳои гуногун коҳиш медиҳад.

Сиёсати пулию қарзӣ бо фосилаҳои гуногуни вақт (бо истилоҳи англисӣ-иқтисодӣ «лаг») ба маҷмӯи талабот ва ба ин васила ба рушди истеҳсолот ва сатҳи нархҳо таъсири худро мерасонад. Мувофиқи ақидаи мактаби классикии иқтисодӣ ва назарияи миқдории пул (ниг. ба Д. Ҳюм, Ҷ. Милл, А. Маршалл, А. Пигу ва И. Фишер) сиёсати пулию қарзӣ дар давраи дарозмуддат танҳо ба сатҳи умумии нархҳо таъсир расонида метавонад, зеро дар давраи дарозмуддат қобилияти бевосита таъсир расонидани он ба рушди нишондиҳандаҳои воқеии иқтисодӣ (ба монанди ММД-и воқеӣ, сатҳи бекорӣ) маҳдуд аст. Яъне, он наметавонад ба афзоиши давомнок ва ниҳоят зиёди ҳаҷми пул, ки аз талаботи аслии иқтисодиёт зиёдтар аст, роҳ диҳад, зеро ин ба болоравии сатҳи нархҳо (таваррум) ё дар сурати баръакси он ба пастравии нархҳо (дефлятсия) оварда мерасонад. Кӯшишҳо ҷиҳати ба таври доимӣ роҳандозӣ намудани чунин сиёсати пулию қарзӣ барои тезонидани рушди иқтисодиёт, тавре аз мисолҳои таърихӣ бармеояд, дар ниҳояти кор ба сатҳи баланди таваррум оварда расонидаанд.

Сабабаш дар он аст, ки дар давраи дарозмуддат нишондиҳандаҳои воқеии иқтисодӣ ва рушди онҳо бештар аз дигар омилҳо, аз қабили пешрафти илму технология, муҳити сармоягузорӣ, сатҳи андозбандӣ ва мавҷудияти қувваи корӣ, ки хусусияти сохторӣ доранд, вобаста аст. Бинобар ин, бо назардошти қобилияти таъсирбахшии сиёсати пулию қарзӣ ба сатҳи нархҳо дар давраи дарозмуддат, бонки марказӣ тавассути нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо барои рушди устувори иқтисодиёт шароити муносиб фароҳам меорад.

Новобаста аз ин, дар давраи кӯтоҳмуддат сиёсати пулию қарзӣ ба туфайли падидаи устувории нархҳо (price rigidity), яъне бо сабаби аксуламали (реаксия)-и ботадриҷи (на якбораи) сатҳи нархҳо ба афзоиши ҳаҷми пул ва маҷмӯи талабот, барои таъмини муътадилии макроиқтисодӣ ва бартарафнамоии тағйирёбиҳои аз эътидол беруни давраҳои (сиклҳо)-и иқтисодӣ ё унсури талабот метавонад босамар амалӣ гардад. Масалан, дар давраи таназзул, вақте ки дар иқтисодиёт равандҳои дефлятсионӣ, яъне сатҳи пасти маҷмӯи талабот мавҷуд буда, нишондиҳандаҳои муҳими иқтисодӣ, аз қабили истеъмолот, сармоягузорӣ, ҳосилнокии истеҳсолот ва шуғлнокӣ коҳиш меёбанд. Аммо дар мавриде ки иқтисодиёт ба сатҳи пурраи шуғл ва истеҳсолот, яъне сатҳи потенсиалии худ мерасад, сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати нигоҳдории мувозинат ва пешгирии таъсири талаботи афзоянда ба болоравии сатҳи нархҳо бояд ба таври зарурӣ татбиқ гардад. Бинобар ин, дар амалия татбиқи сиёсати зиддидаврӣ (countercyclical) на танҳо дар бахши монетарӣ, балки дар бахши фискалӣ низ самаранок ҳисобида мешавад.

Сиёсати пулию қарзӣ тавассути фишангҳои гуногуни мустақим ва ғайримустақим ба сатҳи пардохтпазирӣ, ҳаҷми пул ва меъёрҳои фоизии кӯтоҳмуддат таъсир мерасонад. Ба ин гуна фишангҳо одатан амалиёт дар бозори озод, меъёрҳои фоизӣ ва захираҳои ҳатмӣ дохил мешаванд. Инчунин, фишангҳои дигар, ба монанди дахолати асъорӣ, маҳдудкунонии бевоситаи миқдорӣ низ истифода бурда мешаванд.

Амалиёт дар бозори озод, ки харид ё ин ки фурӯши коғазҳои қиматнокро дар бозори озод, инчунин барпо намудани музоядаҳои қарзиро аз ҷониби бонки марказӣ дар бар мегирад, аз фишангҳои фаъол ва самараноки сиёсати пулӣ ба шумор меравад. Ҳамчун предмет ва гарави хариду фурӯш намудҳои мухталифи коғазҳои қиматнок, ба монанди вом, вексел, вомбарг ва дигар воситаҳои молиявии бахшҳои давлатӣ, бонкӣ ва корпоративӣ баромад мекунанд. Хусусияти муҳими фишанги мазкур ин аст, ки он ба бонки марказӣ имконият медиҳад, то дар раванди таъсиррасонӣ ба ҳаҷми пул ва фоизҳои бозорӣ ташаббус дошта бошад.

Масалан, бонки марказӣ дар мавриди пешгирии равандҳои дефлятсионӣ ва ё барқарор намудани фаъолнокии иқтисодиёт тавассути ин фишанг аз муомилот коғазҳои қиматнок харидорӣ менамояд ва ё музоядаҳои қарзии худро фаъолона ба роҳ мемонад. Дар натиҷаи чунин амалиётҳо пешниҳоди пул (пулҳои захиравӣ) ва ҳаҷми пул зиёд мегардад, ки ин маъмулан барои паст шудани меъёри фоизи бозорӣ ва афзоиши сатҳи талабот замина мегузорад. Ва баръакс, бо мақсади суст намудани фаъолнокии аз ҳад зиёди иқтисодӣ ҷиҳати пешгирии равандҳои инфлятсионӣ, бонки марказӣ фурӯши коғазҳои қиматнокро ба роҳ мемонад, ки ин дар навбати худ пулҳои захиравӣ ва ҳаҷми пулро кам намуда, дар ниҳояти кор меъёрҳои фоизиро боло мебарад ва ба сатҳи талабот таъсири манфӣ мерасонад.

Ташкилотҳои қарзие, ки ба мушкилоти молиявӣ ва норасоии муваққатии пардохтпазирӣ рӯ ба рӯ шудаанд, метавонанд бо истифода аз сиёсати фоизӣ (дисконтӣ, бозтамвил) аз бонки марказӣ бо шарту шароит ва бо фоизи муайян қарз гиранд. Маҳз ба ҳамин хотир бонки марказиро қарздеҳи мақоми охирин меноманд ва яке аз вазифаҳои он низ ба шумор меравад. Дар амалия боло бурдани меъёри фоизи мазкур қарзгириро гаронтар мекунад ва аз қатъӣ будани сиёсати пулию қарзӣ далолат медиҳад. Ва баръакс, паст намудани он шароити қарзгирӣ ва талаботро осон намуда, барои афзоиши пойгоҳи пулӣ ва ҳаҷми пул замина мегузорад. Хусусан, дар давраҳои бӯҳрони молиявӣ фишанги мазкур барои таъмини пардохтпазирии бонкҳо ба таври васеъ ва самаранок истифода бурда мешавад.

Аммо дар доираи ин фишанг, тавре дар боло зикр гардид, ташаббуси асосӣ дар дасти бонки марказӣ нест ва он барои тағйир додани сатҳи ҳаҷми пул дар муомилот он қадар самаранок нест. Ташаббуси асосӣ дар дасти бонкҳои қарзгиранда мебошад, зеро тасмим ҷиҳати бо меъёри муайяншуда гирифтан ё нагирифтани қарз аз ҷониби онҳо қабул мешавад (Мишкин, 2007).

Бонки марказӣ барои танзим ва назорати ҳаҷми пул дар муомилот инчунин фишанги дигар — захираи ҳатмиро истифода мебарад. Мувофиқи он ҳамаи ташкилотҳои қарзие, ки ба ҷалби пасандоз сару кор доранд, бояд миқдоре аз пасандозҳоро бо фоизи муайян дар суратҳисобҳои бонки марказӣ нигоҳ доранд. Бонки марказӣ аз ҷониби худ меъёри фоизи захираҳои ҳатмиро муқаррар мекунад. Афзоиши меъёри мазкур бонкҳоро водор месозад, ки миқдори зиёдтари пасандозҳоро барои пӯшонидани талаботи захирасозӣ дар бонки марказӣ (миллӣ) нигоҳ доранд. Ин амал дар афзоиши пойгоҳи пулӣ таҷассум ёфта, андозаи маблағҳои қарзии бонкҳо ва ба воситаи мултипликатори пул пешниҳоди пулро кам менамояд. Ва баръакс, паст намудани меъёри захираҳои ҳатмӣ ба афзоиши пешниҳоди пул ва қарздиҳӣ оварда мерасонад.

Бо вуҷуди он ки меъёри захираҳои ҳатмӣ ҳанӯз ҳам ба ҳайси фишанги босамар истифода мешавад, вақтҳои охир нуфузу эътибори худро гум карда истодааст. Баъзе бонкҳои марказии кишварҳои ҷаҳон (ба монанди Швейтсария, Канада, Австралия, Зеландияи Нав, Англия ва ғ.) аллакай ин фишангро барҳам додаанд ё ин ки меъёри онро дар сатҳи ночиз муқаррар карда, асосан фишанги амалиёт дар бозори озодро истифода мебаранд (ниг. ба Селлон ва Вейнер, 1997; Вудфорд, 2001).

Мишкин (2007) овардааст, ки: 1) меъёри захирасозии ҳатмӣ фаъолияти низоми бонкиро таҳриф менамояд, зеро он бар дӯши ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун андоз вогузор шудааст; 2) айни замон зиёд намудани меъёри захираҳои ҳатмӣ ҷоиз нест, зеро бонкҳо аллакай манфиатдоранд маблағи аз ин зиёдтарро ҳамчун бақияи маблағҳои пулӣ дар хазина нигоҳ доранд, аз ҷумла барои таъмини талаботи рӯзафзуни банкоматҳо ва барои суратҳисобҳои клирингӣ¹ (дар таҷрибаи ИМА); 3) навовариҳои технологии махсуси молиявӣ (мисол, ҳисобҳои муосири «sweep»²) дар баъзе кишварҳо (аз қабили ИМА, Канада) имконият медиҳанд, ки бонкҳо аз талаботи ба онҳо гарони захиравӣ халосӣ ёбанд.

Барои ноил гаштан ба мақсади ниҳоии худ бонки марказӣ дар мадди аввал бояд тавассути ҳадафҳои амалиётӣ (operating targets) ба ҳадафҳои миёна (intermediate targets) таъсир расонад (Хан, 2003; Мишкин, 2007). Сабаби риоя намудани чунин пайдарпайӣ дар он аст, ки алоқамандии сиёсати пулию қарзӣ бо сатҳи нархҳо мустақим нест, яъне импулсҳои монетарӣ ба нархҳо бо фосилаҳои муайян ва гуногуни вақт таъсир мерасонанд (ниг. М. Фридмэн, 1968).

Тавре дар диаграммаи поёнӣ дида мешавад, мақомоти танзимгари бахши пулию қарзӣ бо мақсади расидан ба ҳадафҳои миёна ва билохира ниҳоии худ бо роҳи истифодаи фишангҳои худ назорати иҷрои ҳадафи амалиётиро ҷиҳати танзим намудани ҳаҷми пул дар иқтисодиёт ба роҳ мемонад (Нақшаи 1).

Ҳадафҳои миёна, аз қабили унсурҳои пулӣ ва ё меъёрҳои фоизии дарозмуддат бештар ба мақсадҳои стратегии сиёсати пулию қарзӣ мувофиқ буда, бонкҳои марказӣ мустақиман ба онҳо таъсир расонида наметавонанд. Ҳадафҳои амалиётӣ бошанд, аз қабили пулҳои захиравӣ ва ё меъёрҳои кӯтоҳмуддати фоизӣ, тавассути фишангҳои мустақим бевосита барои амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ истифода бурда мешаванд. Дар ин маврид олимони соҳа Самуэлсон ва Нордхаус (2010) чунин назар доранд, ки тактикаи дилхоҳ бонки марказӣ дар раванди татбиқи сиёсати пулӣ дар асоси фишангҳои мустақим ва ҳадафҳои амалиётӣ, ки онҳоро воқеан «чархаку печак» (nuts and bolts), яъне ҷавҳари сиёсати пулию қарзӣ номидаанд, бунёд ёфтааст.

Қобили тазаккур аст, ки бештари бонкҳои марказии кишварҳои пешрафта вобаста ба мавқеи сиёсати монетарии худ барои таъсир расонидан ба ҳадафҳои амалиётӣ дар бозори байнибонкии пул фаъолона иштирок менамоянд. Аз ҷумла, бонки марказии ИМА — Низоми захиравии федералӣ (FRS) меъёри фоизи байнибонкиро, ки меъёри фондҳои федералӣ (federal funds rate) ном дорад, ҳамчун ҳадафи амалӣ мавриди истифода қарор додааст. Бонки миллии Швейтсария бошад, меъёри семоҳаи Либор аз рӯйи франки Швейтсария ва Бонки Ҷопон меъёри таъминнашудаи дархостии шабонарӯзаро (uncollateralized overnight call rate) назорат мекунанд. Ин қабил бонкҳои марказӣ ҷиҳати нигоҳдории ҳадафҳои фоизӣ ва ҳаҷми пул бештар аз амалиётҳои Репо (Созишномаи бозхариди коғазҳои қиматнок) истифода мебаранд. Илова бар ин, бинобар сабаби он ки кишварҳои мазкур аз реҷаи ҳадафгирии пулӣ (истифодаи пойгоҳи пулӣ ҳамчун ҳадафи амалиётии худ) ба реҷаи сифатан нави татбиқи сиёсати пулӣ — ҳадафгирии таваррум гузаштаанд, аҳамияти меъёри захираҳои ҳатмӣ ҳамчун фишанг коста гардидааст.

Хулоса, метавон гуфт, ки устувории макроиқтисодии ҳама гуна давлат аз самаранокии татбиқи сиёсати пулию қарзӣ вобастагии зиёд дорад. Тибқи талаботи мавҷуда ва қабулшуда, мақсади аввалиндараҷаи сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти қобилияти таъсирбахш будани он ба сатҳи нархҳо дар давраи дарозмуддат бояд комёб гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо бошад. Бинобар ин, нигоҳдории муътадилии сатҳи нархҳо дар давраи дарозмуддат барои бонкҳои марказӣ (миллӣ) вазифаи ҷонӣ мебошад ва бо нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо, сиёсати пулию қарзӣ барои рушди устувори иқтисодиёт шароити муносибу мусоид фароҳам меорад.


¹ Суратҳисобҳои клирингӣ (contractual clearing balances) аз ҷониби бонкҳо бо мақсади таъмини маблағи қарзҳои овердрафт кушода мешаванд.

² Суратҳисобҳои фоизии чекӣ (sweep accounts), ки ба ташкилотҳои қарзӣ барои як шабонарӯз гирифтани маблағҳои пулии зиёдатиро аз суратҳисобҳои пасандозии марбут ба захирасозии ҳатмӣ ба дигар суратҳисобҳо имконият медиҳад.

Рӯйхати адабиёт

  • Friedman, M. (1968). The Role of Monetary Policy. American Economic Review, 58(1), 1-17.
  • Goodfriend, M., & King, R. (1997). The new neoclassical synthesis and the role of monetary policy. In NBER Macroeconomics Annual 1997, Volume 12 (pp. 231-296). MIT Press.
  • Fischer, S. (1993). The role of macroeconomic factors in growth. Journal of monetary economics, 32(3), 485-512.
  • Taylor, J. B. (1989). The Evolution of Ideas in Macroeconomics. Economic Record, 65(2), 185-189.
  • Bernanke, B. S. (2003). Friedman's monetary framework: some lessons. Proceedings, Federal Reserve Bank of Dallas, October, pages 207-214.
  • Sellon, G. H., & Weiner, S. E. (1997). Monetary policy without reserve requirements: case studies and options for the United States. Economic Review - Federal Reserve Bank of Kansas City, 82, 5-30.
  • Woodford, M. (2001). Monetary Policy in the Information Economy. In Economic Policy for the Information Economy, Kansas City: Federal Reserve Bank of Kansas City, 2001.
  • Khan, M. S. (2003). Current Issues in the Design and Conduct of Monetary Policy (EPub). International Monetary Fund.
  • Mishkin, F. S. (2007). Monetary Policy Strategy. Cambridge, MA: The MIT Press.
  • Samuelson, P. A., & Nordhaus, W. D. (2010). Economics. New York.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2