Моҳият ва инкишофи менеҷменти молиявӣ дар корхонаҳои агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моҳият ва инкишофи менеҷменти молиявӣ дар корхонаҳои агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тахминаи У., Шовалиева Ф. Ш., Ҳайдарова С. С.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
Дар шароити иқтисоди бозорӣ меъёри рақобатпазирии ин ё он субъекти хоҷагидорӣ оқилона идора кардан ва самаранок кор кардани захираҳои молиявии он мебошад. Идоракунии молиявии ташкилотҳоро метавон ҳамчун як маҷмӯаи амалҳо ва қарорҳое, ки ба ҷараёни танзими молиявӣ мусоидат мекунанд, шарҳ дод. Менеҷменти молиявӣ ба афзоиши захираҳои молиявӣ ва сармоягузорӣ нигаронида шудааст. Дар идоракунии молиявӣ механизми идоракунии ҳаракати захираҳои молиявӣ, ки ҳадафи ниҳоии он баланд бардоштани рақобатпазирии корхона, ба ҳадди ниҳоӣ расонидани фоида ва кам кардани талафот тавассути механизми ташаккул ва самаранок истифода бурдани фоида мебошад, амалӣ карда мешавад.
Имрӯз самаранокии системаҳои идоракунии молиявии корхонаҳои кишоварзӣ дар ҷумҳуриамон бештар дида мешавад. Дар марҳилаи тараққиёти иқтисодиёт таҳияи шаклҳо ва усулҳои имконпазири идоракунии молиявӣ, ки на танҳо хусусиятҳои ҳозираи фаъолияти комплекси агросаноатиро ба назар гиранд, балки тараққиёт ва такмил додани самаранокии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқро низ таъмин намоянд, лозим аст. Мавҷудияти захираҳо барои афзоиши минбаъдаи сектори аграрии иқтисодиёт бунёди механизми салоҳиятнок ва самараноки идоракунии молиявии корхонаҳои саноатиро талаб мекунад.
Яке аз усулҳои зиёд кардани самараи иқтисодии корхонаҳои комплекси агросаноатӣ такмил додани менеҷменти молиявӣ мебошад. Тағйироти доимӣ дар иқтисоди бозорӣ тақозо мекунад, ки роҳбарони корхонаҳои агросаноатӣ усулҳои ҳозиразамони идоракунӣ, истифода аз технологияҳои навтарин ва намудҳои нави идоракунии молиявиро истифода намоянд. Қарорҳои идоракунии молиявӣ, ки дар сатҳи корхона қабул карда мешаванд, ба вазъи молиявии он, тағйирёбии фондҳои корхона ва имкониятҳои сармоягузорӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Таҷрибаи корхонаҳои агросаноатии тараққикарда исбот мекунад, ки бе фаҳмидани асосҳо ва усулҳои амалии менеҷменти молиявӣ инкишофи самарабахши равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ имконнопазир мегардад.
Барои ҳалли проблемаҳои тараққиёти устувори комплекси агросаноатӣ аз ҳисоби омилҳои дохилӣ зиёд кардани самараи истеҳсолот масъалаи асосӣ мебошад. Яке аз воситаҳои асосии ҳалли он ба вуҷуд овардани механизми самарабахши иқтисодии идоракунии молиявӣ мебошад. Аммо идоракунии молиявии корхонаҳои комплекси агросаноатӣ нисбат ба ташкилотҳои дигари соҳаи саноат чандон самарабахш нест ва хусусияту тамоюлҳои зерини замони ҳозираро дорад:
- дигаргун сохтани системаи идоракунӣ дар корхона ва дараҷаи пасти огоҳии роҳбарон аз масъалаҳои идоракунии молиявии корхонаҳои агросаноатӣ;
- кам истифода бурдани дархостҳо оид ба ташкили оқилонаи истеҳсолот, ҳавасмандгардонии кормандон, нақшакашӣ ва назорат оид ба иҷроиши супоришҳо;
- кам кардани таъсири танзимкунандаи давлат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва равандҳои истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ;
- афзудани зарурати барқарор намудани назорат аз тарафи мақомот дар ташкили сохтори тараққиёти идоракунии молиявии корхонаҳои агросаноатӣ.
Хусусиятҳои дар боло номбаршуда ба ташаккул ва фаъолияти идоракунии молиявӣ дар корхонаҳои агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши назаррас мегузоранд.
Идоракунии молия дар комплекси агросаноатӣ ин идоракунии муомилоти молиявӣ ва гардиши пули нақд бо мақсади таъмини ҷолибият, сари вақт ба даст овардани маблағҳои зарурӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо мувофиқи ҳадафҳо, барномаҳо, нақшаҳо ва талаботи хоҷагии қишлоқ мебошад.
Молияи комплекси агросаноатӣ қисми муҳими системаи молиявии мамлакат ба шумор рафта, хусусиятҳои ҷиддӣ дорад, бинобар ин сабаб ҷанбаҳои иқтисодӣ ва табиии раванди истеҳсолот маҳз маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мебошанд.
Олими рус Е. Д. Анисимов бар ин назар аст, ки «шароити муосири бозор барои таъмини фаъолияти устувор, самаранок ва камхарҷ таҳия намудани системаҳои ҳисобдорӣ дар доираи идоракунии корхонаҳои комплекси агросаноатиро тақозо мекунад. Набудани технологияҳои нав, таҷҳизоти замонавӣ, захираҳои молиявӣ, набудани механизми муассири рушди низоми ҳисобдорӣ раванди ислоҳоти бахши кишоварзиро дар мамлакат хеле мушкил мекунад».
Мақсади асосии идоракунии молиявӣ дар корхонаҳои агросаноатӣ — таъмини некуаҳволии максималии соҳибони корхонаҳои агросаноатӣ дар давраи ҳозира ва оянда мебошад.
Барои ин бояд мунтазам зиёд кардани фурӯш ва баландбардории фоидаи корхона, қобилияти пардохтпазирӣ ва даромаднокӣ, инчунин сохтори муносиби тавозуни ҳисоботи дороиҳо ва уҳдадориҳои корхона нигоҳ дошта шавад. Аммо дар амал на ҳама вақт аз таъсири омилҳои объективӣ ва субъективӣ ба мақсад ноил шудан мумкин аст. Роҳбарони корхонаҳои агросаноатиро зарур аст, ки аз манбаъҳои захираҳои молиявие, ки дар раванди истеҳсолоти корхона истифода бурда мешаванд, огоҳ бошанд.
Дигаргунии сифатӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ танҳо дар сурати истифода бурдани ташкили салоҳиятноки идоракунии молиявӣ дар корхонаҳо имконпазир аст, ки имкон медиҳад захираҳои мавҷудаи молиявӣ муттаҳид карда шуда, ҳадафҳои асосӣ муайян карда шаванд ва ба татбиқи онҳо равона карда шаванд. Яке аз марҳилаҳои муҳимтарини идоракунии молиявӣ ин гардиши пули нақд мебошад, ки ҳамчун раванди интихоби шаклҳои беҳтарини ташкил ва фаъолияти онҳо бо назардошти шароит ва хусусиятҳои корхона тавсиф карда мешавад.
Ҳамин тавр, барои баланд бардоштани самаранокии системаи менеҷменти молиявии корхонаҳои агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузорӣ дар соҳаи фаъолияти онҳо як қатор чораҳоро дидан лозим аст. Аз ҷумла:
- усулҳои мушаххаси идоракунии молиявиро ҳангоми муайян кардани натиҷаҳои фаъолияти молиявию иқтисодии корхонаҳои комплекси агросаноатӣ истифода баранд;
- ҳисоб кардани натиҷаҳои имконпазир ҳангоми интихоби объекти сармоягузорӣ;
- таҳияи буҷети умумӣ барои ҳамаи имконоти имконпазири идоракунии молиявӣ;
- гузаронидани баҳодиҳии доимии иқтисодӣ ва рейтинги вариантҳои идоракунии гардиши пулии корхонаҳо бо мақсади интихоби намуди муносибтарини фоидаоварӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самараноки идоракунии молиявӣ, ҳам барои роҳбарони корхонаҳо ва ҳам барои сармоягузорони хориҷӣ;
- ҳангоми баррасии система таъсири фишангҳои молиявиро ба идоракунии молиявӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ ба инобат гиранд.
Ба ибораи дигар, бунёди системаи самараноки менеҷменти молиявӣ ҳадафи хусусӣ набуда, балки яке аз қадамҳои муҳими воситаи такмили куллии самаранок ва устувори истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи мамлакат мебошад.
Адабиёт
- Раҳмонов Э. Ш. Имрӯз ва фардои иқтисодиёти Тоҷикистон // Экономика Таджикистана: стратегия развития. — 1998. — № 1.
- Хоналиев Н. Промышленность Таджикистана: современное состояние и перспективы развития. — Душанбе: «Ирфон», 2007. — 294 с.
- Кузнецов В. В. Экономика сельского хозяйства. — Ростов-на-Дону: «Феникс», 2013. — 117 с.
- Фолченко Н. В. Финансовый менеджмент. — М.: Финансы, 2013. — 113 с.
- http://ej.kubagro.ru/2016/05/pdf/41.pdf.




