Зеҳн

Ҳосилнокии каду дар шароити минтақаи Кӯлоб вобаста ба технологияи парвариш

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Ҳосилнокии каду дар шароити минтақаи Кӯлоб вобаста ба технологияи парвариш

Зуҳуров Ш.С.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Самар ва тухмиҳои каду аҳамияти муҳими хоҷагидорӣ доранд, зеро онҳо ғизои парҳезӣ ва табобатию пешгирикунандаи касалиҳо ба шумор рафта, аҳолиро дар фасли зимистон бо витаминҳо, инчунин саноати консервабарорӣ, таббохӣ (кулинария) ва дорусозиро бо ашёи хом таъмин менамоянд. Ба ғайр аз ин, самарҳои кадуро ба сифати хӯрока барои ҳайвоноти кишоварзӣ, чӣ дар шакли тару тоза ва чӣ дар намуди силос истифода мебаранд, ки бо сифати баланду бӯи хуш фарқ намуда, аз ҷониби ҳамаи намудҳои ҳайвонот бо иштиҳои баланд истеъмол карда мешаванд.

Омилҳои асосии монеашавии татбиқи нисбатан васеи навъҳои ояндадори каду дар истеҳсолот ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо аз такмили нобасандаи технологияҳои парвариши навъҳои ояндадори каду бо назардошти талаботҳои муосири комёбиҳои илмӣ ва техника ба шумор меравад, ки ин дар давраи ҳозираи рушди истеҳсолоти кишоварзӣ актуалӣ ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мавзеъҳои афзалиятнок, ки барои парвариши каду мусоид мебошад, ин минтақаи Кӯлоб маҳсуб меёбад. Лекин мутаассифона то кунун бо вуҷуди камчинии маълумоти амиқи илмӣ парвариши каду дар сатҳи истеҳсолӣ ба роҳ монда нашудааст.

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки самаранокии иқтисодии парвариши ин растанӣ аз он вобастагӣ дорад, ин муайян намудани хусусиятҳои ҳосилнокӣ ва сифатҳои хуби самарҳои каду дар шароитҳои минтақаи Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ҳангоми гузаронидани таҷрибаҳо диққати махсус ба интихоби тухмиҳо дода шуд. Барои кишт тухмиҳои сараккардашуда, барҷастаи пурвазни сифатнок (тухмиҳои дараҷаашон якум) интихоб карда шуданд. Зеро дар тухмиҳои барҷастаи комил моддаҳои ғизоӣ ва пластикии зиёд мавҷуданд, ки барои сабзиши муътадил ва гирифтани ҳосили фаровон имкон фароҳам меоваранд. Бо мақсади безарар гардонидан ва баланд бардоштани масунияти (иммунитети) тухмиҳо аз касалиҳо, ҳамчунин тезонидани рушду нумӯи онҳо маҳлули перманганати калий (маргансовка) ба миқдори 1 г дар 100 мл истифода карда шуд.

Бо мақсади хуб неш зада баромадан, тухмиҳо пеш аз кишт дар об тар карда шуданд. Ҷараёни таркунӣ бо роҳи ба қабати 10–15 см рехтани оби ҳарораташ ба $+18\dots+20^\circ\text{C}$ баробар дар зарфи шишагин гузаронида шуда, тухмиҳо ба муддати 20 соат дар оби мазкур нигоҳ дошта шуданд. Кишти тухмиҳо дар охири моҳи март ва оғози моҳи апрел гузаронида шуд. Нақшаи кишти ҳар яке аз навъҳои таҳқиқшаванда вобаста аз хусусиятҳои биологии растаниҳо муайян карда шуд. Дар асоси натиҷаи корҳои амалӣ барои ҳар як навъ варианти нақшаи кишти барои минтақа мувофиқ муайян карда шуд.

Баъди кишт хок бо ғӯлаи ҳалқанок шибба карда шуд, ки ин амал барои тамос ёфтани тухмиҳо бо хок ва зоҳир гардидани майсаҳои нисбатан беҳтар мусоидат намуд.

Нигоҳубини растаниҳо аз нарм кардани хок, маҳв намудани алафҳои бегона, мубориза бо бемориву зараррасонҳо ва ғайра иборат буд.

Ба омода намудани қитъа аз тирамоҳ кор шурӯъ карда шуд. Бо ин мақсад ба чуқурии 25 см шудгор гузаронида шуд ва дар як маврид нуриҳои минералӣ аз ҳисоби ба 1 га 300 кг суперфосфат ва нуриҳои калийдор ба миқдори 50–60 кг андохта шуд. Коркарди пеш аз кишти баҳории хок бо андохтани сулфати аммоний аз ҳисоби 150 кг/га оғоз карда шуд. Кишти тухмиҳо дар охири моҳи март ва аввали моҳи апрел гузаронида шуд. Тухмиҳо ба чуқурии 4–5 см кишт карда шуданд. Баъди кишт хок бо ғӯламола шибба карда шуд, то ки тухмиҳо ба хок беҳтар тамос ёбанд. Дар мавриди нақшаи муътадили кишти тухмиҳои навъҳои каду хусусиятҳои биологии онҳо ба ҳисоб гирифта шуд. Барои ҳар як навъ варианти нақшаи ба минтақа мувофиқ муайян карда шуд. Баҳисобгирии саҳроӣ ва мушоҳидаҳо дар мутобиқат бо «Методика полевого опыта в овощеводстве и бахчеводстве» (Белик, 1992) гузаронида шуд.

Омӯзиши маҳсулнокӣ ва ҳиссаи вазнии қисмҳои таркибии меваҳои навъҳои омӯхташавандаи каду нишон дод, ки нишондоди бештари ҳосилнокии миқдори мева дар навъи Стофунтовая ($60{,}2\text{ т/га}$) ба қайд гирифта шуд, ҳол он ки миқдори мева бо таносуби фоиз дар ин навъ аз ҳама паст — 68% буд. Дар навъи Ленинабадский прихват ин нишондод мутаносибан $30{,}2\text{ т/га}$ ва 78%, дар навъи «Иродӣ» $53{,}4\text{ т/га}$ ва 80%-ро нишон доданд. Дар нишондодҳои ҳиссаи анбӯҳии қисмҳои таркибии меваҳои каду дар навъҳои таҳқиқшаванда вазни нисбатии мағзи мева дар навъи «Иродӣ» 73,1%, Ленинабадский прихват 72,7% ба қайд гирифта шуд. Дар навъи Стофунтовая фоизи мағзи мева 67,0%-ро ташкил дод. Таносуби фоизии тухмиҳо дар навъҳои таҳқиқшаванда қариб ки якхела аст (аз 0,9 то 1,2%) (ҷадвали 1).

Ҷадвали 1. Нишондодҳои маҳсулнокӣ ва қисматҳои меваҳои каду

НавъҲосилнокии молии меваҳо, т/гаМолӣ, %Дила, %Пӯст, %Пардаи пӯст, %Тухмӣ, %
Ленинабадский прихват30,27872,719,86,51,0
Стофунтовая (хӯроки чорво)60,26867,028,13,71,2
Иродӣ53,48073,119,66,40,9

Маълумотҳои бадастомада (ҷадвали 1) аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳиссаи анбӯҳи пӯстлоқ, пласента ва тухмиҳо дар маҷмӯъ аз 21,9 то 33,0%-и ҳаҷми умумии меваро ташкил медиҳанд. Барои коркарди саноатӣ одатан мағзи меваи кадуро истифода мебаранд. Дар мавриди мо ҳиссаи зиёдтари мағзи мева дар навъҳои кадуи «Иродӣ» (80%) ва Ленинабадский прихват (78%) ба қайд гирифта шуд. Дар навъи Стофунтовая, ки одатан ҳамчун хӯроки чорво истифода бурда мешавад, ҳиссаи мағзи мева 68%-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи боқимондаи каду одатан барои гирифтани иловагиҳои витаминии хӯрока истифода бурда мешавад.

Ҳангоми омӯзиши маҳсулнокии меваҳои каду баҳисобгирии ҳосилнокӣ бо роҳи баркашидан ва ҳисоб намудани меваҳо бо тақсимбандии маҳсулоти онҳо ба стандартию ғайристандартӣ гузаронида шуд. Таносуби баромади тухмиҳо бо роҳи ҷудо намудани онҳо аз меваҳои ҳосилшуда ва хушк намудани онҳо дар асбоби хушккунак, инчунин баркашидан дар тарозуи озмоишгоҳӣ муайян карда шуданд.

Ҳангоми омӯзиши ҳосилнокии тухмиҳои таҳқиқшаванда равшан гардид, ки дар байни ҳосилнокии меваҳо ва тухмиҳо фарқияти муайян ба назар мерасад (ҷадвали 2).

Ҷадвали 2. Ҳосилнокии меваҳо ва тухмии намудҳои гуногуни каду

НавъҳоҲосилнокии меваҳо, т/га (2018)20192020МиёнаҲосилнокии тухмиҳо, кг/га (2018)20192020МиёнаҲосили тухмӣ ба ҳисоби миёна барои солҳои 2018–2020 (%)
Ленинабадский прихват20,117,421,619,7258,8212,4297,1256,11,30
Стофунтовая15,712,716,314,9177,8136,4204,3172,841,16
Иродӣ18,817,120,218,7198,0184,7228,7203,831,09
$\text{НСР}_{05}$0,460,480,52—5,456,466,86——

Тавре ки равшан гардид, ҳосилнокии меваҳои санҷидашаванда дар доираи аз 14,7 то 19,7 т/га тағйир ёфта меистад. Нишондодҳои бештари ҳосилнокӣ дар навъи Ленинабадский прихват ва камтар аз ҳамаи ин нишондодҳо дар навъи Стофунтовая ба қайд гирифта шуд.

Дар бобати маҳсулнокии тухминокӣ низ дар байни растаниҳои таҳқиқшаванда фарқияти моҳиятнок ба қайд гирифта шуд. Аз нигоҳи маҳсулнокии тухмӣ навъи Ленинабадский прихват бартарӣ пайдо намуд (256,1 кг/га). Фоизи баромади тухмиҳо дар ин навъ 1,30%-ро ташкил намуд. Камтар аз ҳама маҳсулнокии тухмӣ дар навъи Стофунтовая (172,84 кг/га) ба қайд гирифта шуда, нишондодҳои миёнаи баромади тухмӣ бошад, аз ҳама кам дар навъи «Иродӣ» (1,09%) ба қайд гирифта шуд.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи парвариш ва нашъунамои растании каду маълум гардид, ки шароити табиию иқлимии минтақаи Кӯлоб барои рушду нумӯи навъҳои каду аз қабили Ленинабадский прихват, Стофунтовая ва «Иродӣ» мусоид аст ва барои ба пуррагӣ расидани самарҳо мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки ашёи хоми баландсифати ин растанӣ гирифта шавад. Аз ин рӯ, парвариши васеи саноатии онҳо дар асоси технологияи пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки ашёи хоми бо нишондодҳои сифатан баланд ба даст оварда шуда, аз онҳо маҳсулоти ғизои функсионалӣ коркард карда шавад.

Аннотатсия

Дар мақола натиҷаи тадқиқотҳои бисёрсола оид ба омӯзиши маҳсулнокии меваҳо ва ҳосилнокии тухмиҳои кадуҳои таҳқиқшаванда дар шароитҳои минтақаи Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки нишондоди бештари ҳосилнокии миқдори мева дар навъи Стофунтовая (60,2 т/га) ба қайд гирифта шуда, аз нигоҳи маҳсулнокии тухмӣ навъи Ленинабадский прихват бартарӣ дошта (256,1 кг/га), фоизи баромади тухмиҳо дар ин навъ 1,30%-ро ташкил намуд. Муқаррар шуд, ки шароити табиию иқлимии минтақаи Кӯлоб барои рушду нумӯи навъҳои каду аз қабили Ленинабадский прихват, Стофунтовая ва «Иродӣ» мусоид аст ва барои ба пуррагӣ расидани самарҳо мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки ашёи хоми баландсифати ин растанӣ гирифта шавад.

Калидвожаҳо: каду, навъ, тухмӣ, маҳсулнокӣ, ҳосилнокӣ, парвариш.

Адабиёт

  1. Богданова Э.Н., Чулаевская С.М. и др. Тыквы для производства напитков // Консервная и овощесушильная промышленность. — 1982. — № 8. — С. 29–31.
  2. Болотских А.Т. Диетические свойства тыквы // Картофель и овощи. — 1992. — № 1. — С. 30–31.
  3. Гончаров А.В. Сортовые ресурсы тыквенных культур // Картофель и овощи. — 2010. — № 8. — С. 18–19.
  4. Методика опытного дела в овощеводстве и бахчеводстве / Под ред. В.Ф. Белика. — М.: Агропромиздат, 1992. — 319 с.
  5. Чеботаев Н., Данько В. Тыква на корм. — М.: Сельхозиздат, 1963. — 134 с.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2