Зеҳн

Муҳимияти фаъолияти стандартҳои аудити дохилӣ ва талаботи кодекси одоби касбии аудиторҳо

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 13 дақиқа хондан

Бо қабул гардидани тарзи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» (22 июли соли 2013) масъалаҳои нави ба сифати аудит дахлкунанда, хосса ҷиҳати ташкили низоми назорати дохилии сифат дар ташкилотҳо ба миён омаданд. Моддаҳои 13 ва 14 қонуни мазкур ба масъалаҳои ташкили низоми назорат (аудит)-и дохилӣ дар ташкилотҳо ва вазифаҳои он бахшида шудаанд.

Низоми аудити дохилӣ дар субъектҳои хоҷагидорӣ ба манфиати соҳибмулкон бунёд карда шуда, тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳои дохилии ташкилот ва бо такя ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои аудити дохилӣ ва талаботи Кодекси одоби касбии аудиторҳо фаъолият менамояд. Объектҳои аудити дохилиро ташкилотҳо мутобиқ ба мақсадҳои худ ба хотири ташкил, банақшагирӣ ва назорати равандҳои фаъолияти хоҷагидорӣ муайян менамоянд. Низоми аудити дохилӣ дар корхонаҳо барои ба ҷо овардани чунин вазифаҳо амал менамояд: санҷиши низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва назорати дохилӣ, назорати онҳо ва таҳия кардани тавсияҳо барои беҳгардонии кори ин низомҳо; санҷиши ахбори баҳисобгирии муҳосибӣ ва баҳисобгирии фаврӣ, дар асоси онҳо таҳия намудани ҳисобот, омӯзиши махсуси моддаҳои алоҳидаи ҳисобот, аз ҷумла санҷиши муфассали амалиёти баҳисобгирӣ ва бақияҳои ҳисобҳои муҳосибӣ; санҷиши корбурд ва риоягардии қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, низомномаҳо, қарорҳо ва нишондодҳои роҳбарият ва соҳибмулкони корхона; таҳқиқи махсуси ҳолатҳои алоҳида; таҳия ва ироаи пешниҳодҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда ва тавсияҳо оид ба баландбардории самаранокии идоракунии корхона.

Муқаррароти баррасишуда танҳо дар мавриди ташкили низоми аудити дохилӣ дар корхонаҳои аудитшаванда ба кор бурда мешаванд. Онҳо ба масъалаҳои ташаккул ва амалкунии низоми назорати дохилӣ дар ташкилотҳои аудиторӣ дахл намекунанд. Доир ба масъалаҳои ташаккул ва амалкунии низоми назорати дохилӣ дар ташкилотҳои аудиторӣ таҳқиқоти илмии муҳаққиқони ватанӣ ба назар намерасанд.

Назорати дохилии сифати аудитро ташкилоти аудиторӣ мустақилона анҷом медиҳад. Назорати берунии сифати аудити ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторҳои инфиродӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи аудит ва ташкилотҳои касбии аудиторҳо анҷом дода мешавад [1].

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои касбии аудиторҳо дар асоси созишнома бо ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ назорати сифати кори онҳоро ба ҷо меоранд [1]. Ин амал бояд назорати сифати аудитро беҳтар гардонад, чунки ҳама ташкилотҳои аудитории ба ҳайати ташкилоти касбии аудиторҳо дохилбуда ба ин гуна санҷиш фаро гирифта мешаванд. Вале раванди санҷишҳоро тавре бояд ташкил намуд, ки имкони азхудкунӣ ва дуздии технологияҳои санҷишӣ ҷой надошта бошад. Набояд вазифаҳои санҷишӣ ба зиммаи ташкилотҳои аудитории дар ҳайати ташкилоти касбии аудиторӣ буда вогузор карда шаванд. Пешниҳод менамоем, ки дар ҳайати ташкилоти касбии аудиторҳо кумита ё комиссияе таъсис дода шавад, ки барои гузаронидани ин гуна санҷишҳо салоҳият дошта бошад.

Раванди ба ҷо овардани хизматрасониҳои аудиторӣ имрӯз кори эҷодӣ буда, ба пуррагӣ муқаррар намудани тартиби мушаххаси иҷрои амалҳои он ғайриимкон аст. Давлат ҷаҳд менамояд, ки ин равандро бо ёрии асосҳои меъёрӣ танзим кунад. Вале ин гуна танзимкунӣ бояд қатъиян хусусияти берунӣ (назоратӣ) дошта бошад, то имкони коста намудани обрӯи касби аудиторӣ ба миён наояд. Сарбории асосӣ барои таҳияи амалҳои танзимкунии фаъолияти аудиторӣ бояд ба худи ташкилотҳои аудиторӣ вогузор шавад. Дар ин маврид, ташкилотҳои аудиторӣ методикаҳои дохилии гузаронидани аудит, муомила бо мизоҷон, робитаҳои байниҳамдигарӣ дар дохили ташкилоти аудиторӣ, гузаронидани амалҳои назорати сифати хизматрасониҳои аудиториро худ таҳия менамоянд. Ҳадафи асосии танзимкунӣ ва назорати давлатии фаъолияти аудиторӣ бояд баландбардории эътимод ба аудит чун ба яке аз ҷузъҳои асосии механизми рақибона дар иқтисодиёти мамлакат бошад [2, с. 92].

Мақсади назорати берунии сифати кори ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторҳои инфиродӣ ин таъмин намудани мувофиқати фаъолияти онҳо ба талаботи муқарраршуда мебошад. Ин талаботро низоми стандартҳо оид ба ташкил ва технологияи гузаронидани санҷиши аудиторӣ ва баҷоории хизматрасониҳои ҳамроҳикунандаи аудит муқаррар менамояд.

Стандарт (аз калимаи англисии standard – меъёр, намуна, ченак) – ҳуҷҷати меъёрӣ-техникӣ буда, маҷмӯи меъёрҳо, қоидаҳо ва талаботро ба ягон чиз ё амал муқаррар намуда, аз ҷониби мақоми ваколатдор тасдиқ карда мешавад. Стандартҳои аудит фаъолияти касбии аудиторҳоро танзим намуда, дар тамоми ҷаҳон эътироф шудаанд, чунки онҳо имкон медиҳанд, ки воқеияти бештар дар изҳоркунии ақидаи аудиторӣ оид ба мутобиқати ҳисоботи молиявӣ ба принсипҳои умумимақбули пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ташаккули ҳисоботи молиявӣ ноил гардад, инчунин онҳо маҳакҳои сифатии ягонаи муқоисакунии натиҷаҳои фаъолияти аудиториро муқаррар менамоянд. Ҳамсонии фаъолияти аудиторӣ бинобар гуногуншаклии усулҳои дар амалияи аудиторӣ истифодашаванда ва мураккабии муқоисакунии онҳо шарти зарурӣ барои анҷомдиҳии фаъолияти аудиторӣ мебошад. Стандартҳо муносибати умумиро ба гузаронидани аудит, миқёси санҷиши аудиторӣ, намудҳои ҳисоботи аудиторҳо, методологияи аудит, инчунин принсипҳои появиеро, ки бояд ҳама намояндагони касби аудиторӣ новобаста аз шароити гузаронидани аудит онҳоро пайгирӣ кунанд, муқаррар менамоянд. Аудиторе, ки дар фаъолияти худ ба риоя накардани стандарт роҳ додааст, бояд барои шарҳ додани омилҳои ин амали худ омода бошад [3, с. 582].

Тавре дар моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» омадааст, стандартҳои аудит – талаботи ягона оид ба тартиби амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ, барасмиятдарории натиҷаҳо ва назорати сифати он мебошанд. Ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ бояд аудитро мутобиқи стандартҳои миллӣ ё байналмилалии аудит роҳандозӣ кунанд [1].

Стандартҳои аудит фаъолияти касбии аудиторҳоро танзим намуда, дар ҷаҳон эътироф шудаанд, чунки онҳо имкон медиҳанд, то воқеияти бештар дар изҳоркунии ақидаи аудитор оид ба мутобиқати ҳисоботи молиявӣ ба принсипҳои ҳамамақбули пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ташаккули ҳисоботи молиявӣ ноил гардад, онҳо маҳакҳои сифатии ягонаи муқоисакунии натиҷаҳои фаъолияти аудиториро муқаррар мекунанд [3, с. 582].

Низоми стандартҳои аудит се гурӯҳи стандартҳоро дар бар мегирад: миллӣ, байналмилалӣ ва дохилӣ (дохилиташкилотӣ). Стандартҳои миллии аудит (СМА) – стандартҳое мебошанд, ки барои истифода аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардидаанд; стандартҳои байналмилалии аудит (СБА) – стандартҳоеанд, ки Федератсияи байналмилалии муҳосибон ба нашр расонида, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи аудит онҳоро барои истифода тасдиқ кардааст [1].

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намудани стандартҳои аудит, инчунин назорати риоягардии онҳоро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.

Ҳангоми ташкили низоми назорати сифат ташкилотҳои аудиторӣ ба талаботи стандартҳои СБА 1 «Назорати сифат барои ширкатҳое, ки аудит ва санҷишҳои доираи назари ахбори молиявии таърихӣ ва супоришҳои дигари оид ба таъминкунии эътимоднокӣ ва хизматрасониҳои ҳамроҳикунандаро мегузаронанд» (Quality Control for Firms that Perform Audits and Reviews of Historical Financial Information, and Other Assurance and Related Services Engagements) ва СБА 220 «Назорати сифат барои аудитҳои ҳисоботи молиявӣ» (Quality Control for Audits of Financial Reporting) такя менамоянд.

Ташаккули низоми назорати сифат дар ташкилоти аудиторӣ дар таҳияи принсипҳо ва амалҳои назорати сифати аудит, таҳлил ва арзёбии беисти онҳо ифода меёбад. Принсип (princip) чун муқаррароти сароғози кор ва амал (procedure) - чун тартиби муқарраршудаи пешбурди кор фаҳмида мешавад. Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ принсип чун асос, қонун, усул, бунёд, шарт маънидод шудааст [4, с. 117], амал – чун кор, меҳнат, таъсир, асар [4, с. 59].

Дар ташаккул ва татбиқи боэътимоди принсипҳо ва амалҳои назорати сифати хизматрасониҳои аудиторӣ нақши муҳимро роҳбарияти ташкилоти аудиторӣ мебозад. Вай бояд принсипҳои асосгузор ва амалҳои назоратиро муайян кунад, вазифаҳои назоратиро ба кормандони мушаххаси ташкилот вогузор намояд.

Барои таҳия намудани принсипҳо ва амалҳои назорати сифати хизматрасониҳои аудиторӣ муқаррароти СБА 1 «Назорати сифат барои ширкатҳое, ки аудит ва санҷишҳои доираи назари ахбори молиявии таърихӣ ва супоришҳои дигари оид ба таъминкунии эътимоднокӣ ва хизматрасониҳои ҳамроҳикунандаро мегузаронанд» [5] ба роҳбарияти ташкилоти аудиторӣ кӯмак мерасонанд.

Принсипҳо ва амалҳои назорати сифати хизматрасониҳо бояд бо ҳуҷҷатҳо нигориш карда шуда ва ба маълумоти кормандони ташкилоти аудиторӣ расонида шаванд.

Принсипҳои асосие, ки амалкунии муносиби низоми назорати сифатро дар ташкилоти аудиторӣ таъмин менамоянд, инҳо мебошанд:

  • нигарониши фаъолият ба баландбардории сифат – амалҳои пайдарҳам ва ҳамешагии роҳбарияти ташкилоти аудиторӣ, ки ба сиёсат ва амалҳои назорати сифат равона гардида, иҷрои корҳоро мувофиқи стандартҳои касбӣ, талаботи мақомоти танзимкунанда ва қонунгузорӣ талаб менамоянд;
  • масъулият – аудитор барои гузаронидани корҳои назоратии номуносиб бояд ҷавобгарии иқтисодӣ, маъмурӣ ва интизомӣ барад;
  • мутаносибӣ – ба аудитор пешбинӣ намудани вазифаҳои назоратии барои иҷроишашон маблағ набуда мумкин нест, уҳдадориҳои назоратӣ бояд ҳаҷми мувофиқи ҳуқуқ ва имконотро дошта бошанд;
  • саривақт огоҳ намудан оид ба тамоюлот – дар назар аст, ки ахбор оид ба тамоюлоти ошкоршуда бояд дар муҳлати кӯтоҳтарин ба шахсони қабулкунандаи қарорҳои идоракунӣ пешниҳод карда шавад;
  • бонизомӣ – ҳангоми ба ҷо овардани назорат ҳама ҷиҳатҳои фаъолият пурра дар алоқамандӣ баррасӣ мешаванд;
  • тақсими уҳдадориҳо – тақсим кардани вазифаҳои назоратӣ дар байни кормандони ташкилоти аудиторӣ;
  • риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ – такя намудан ба меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби касбии аудиторҳо (бо Фармони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001, № 69 қабул шудааст).

Татбиқи мушаххас ва муҳтавои амалҳои назорати сифат дар сатҳи ташкилоти аудиторӣ аз омилҳои гуногун (ҳаҷм ва хосияти фаъолияти ташкилоти аудиторӣ, сохтори вазифавӣ-ташкилии он, таносуби масрафҳо ва манфиатҳо ҳангоми корбурди амалҳои низоми назорати дохилии сифат), ки дар ташкилотҳои аудитории гуногун ҳархела мебошанд, вобаста аст.

Муҳтавои мафҳуми сифатро дар аудит наметавон бе баррасии объекти аудит – ҳисоботи молиявӣ баррасӣ намуд. Дар интишороти илмии муосири соҳаи баҳисобгирӣ мафҳумҳои «сифати баҳисобгирии муҳосибӣ» ва «сифати ҳисоботи молиявӣ» моҳиятан таҳқиқ нашудаанд, гарчанде мутахассисони соҳа масъалаи аз чӣ иборат будани сифати кори муҳосиби касбиро борҳо бардоштаанд. Ғояҳои мавҷудбудаи сифат имкон медиҳанд, ки он масъалаҳое ба музокира бардошта шаванд, ки посух ба онҳо барои муайян кардани сифат дар баҳисобгирии муҳосибӣ мусоидат намояд, сифати ахбори муҳосибӣ (молиявӣ) чиро ифода мекунад ва чӣ гуна ҳисоботро метавон босифат ҳисобид.

Барои дарк намудани моҳияти сифати баҳисобгирии муҳосибӣ ва сифати ҳисоботи молиявӣ донистан зарур аст, ки истеъмолкунандаи ахбори дар низоми баҳисобгирии муҳосибӣ бунёдшаванда кист. Албатта, ахбори ниҳоии баҳисобгирии муҳосибӣ, ки дар шакли ҳисоботи молиявӣ бунёд карда мешавад, пеш аз ҳама ба соҳибмулкони субъекти хоҷагидорӣ, сармоягузорон, кредиторҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор нигаронида шудааст.

Азбаски аудит ин санҷиши дурустии пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва саҳеҳии ҳисоботи молиявии корхонаҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои давлатӣ (буҷетӣ) мебошад [6, с. 29], пас ҳангоми шарҳ додани сифати аудит мебояд дараҷаи қонеъгардонии талаботи истифодабарандагон (истеъмолкунандагон)-и ин гуна ҳисоботи молиявӣ ба инобат гирифта шавад. Роҳбари субъекти хоҷагидорӣ ё соҳибмулки он тибқи қонунгузории гражданӣ бо аудитор (ташкилоти аудиторӣ) шартнома барои гузаронидани аудит мебандад. Дар ин гуна шартнома иҷрои дигар хизматрасониҳои ҳамроҳикунандаи аудит (тартибдиҳии ҳисоботи молиявӣ, барқарор кардани низоми баҳисобгирии муҳосибӣ, маслиҳатдиҳӣ доир ба масъалаҳои андозбандӣ ва дигарҳо) низ оварда мешаванд.

Барои ба ҷо овардани хизматрасониҳои аудиторӣ тибқи қонунгузории гражданӣ ва стандартҳои аудит шартнома барои хизматрасониҳои аудиторӣ баста мешавад. Хусусияти хоси супориш оид ба аудити ҳисоботи молиявӣ дар он ифода меёбад, ки бо вуҷуди бастани шартнома дар байни ду ҷониб – фармоишгар (субъекти хоҷагидорӣ) ва иҷрокунанда (аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудиторӣ), вай ҳамзамон хосияти оммавӣ будан дорад. Хосияти оммавӣ будани шартнома барои гузаронидани аудит дар он ифода меёбад, ки фармоишгар ё ташаббускори хизматрасониҳои аудиторӣ роҳбар ё соҳибмулки субъекти хоҷагидорӣ буда, гирандагони натиҷаҳои аудит – доираи номаҳдуди ҷонибҳои манфиатнок (сармоягузорони имконӣ, қарздиҳандагон, мақомоти давлатӣ ва дигарҳо) мебошанд. Ин хусусияти аудит водор менамояд, ки кори аудитор ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти на танҳо фармоишгари расмии аудит (роҳбар ё соҳибмулки корхона), инчунин ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ахбории ҷонибҳои дигари манфиатдор нигаронида шавад. Вобаста ба ин вазъ дараҷаи масъулияти аудитор барои натиҷаҳои фаъолияти касбии худ мутаносибан бо дараҷаи оммавӣ будани натиҷаҳои хизматрасониҳои аудиторӣ афзун мешавад. Аз ин ҷост, ки ҳангоми баҳо додани сифати хизматрасониҳои аудиторӣ бояд дараҷаи қонеъгардии талаботи ахбории ҳам фармоишгар ва ҳам ҷонибҳои аз субъекти хоҷагидорӣ манфиатдор ба инобат гирифта шаванд.

Хосияти муҳими дигари хизматрасониҳои аудиторӣ имкони ҳамзамон бо гузаронидани худи аудит ба ҷо овардани чанде хизматрасониҳои дигари бо фаъолияти аудиторӣ наздик – хизматрасониҳои ҳамроҳикунандаи аудит мебошад. Ин хусусият барои баландбардории сифат ва рақобатпазирии фаъолияти аудиторҳо мусоидат менамояд. Масалан, ҳангоми гузаронидани аудити ҳисоботи молиявӣ аудитор ба кормандони муҳосиботи фармоишгари аудит оид ба қоидаҳои тартибдиҳии ҳисоботи молиявӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории амалкунанда маслиҳатҳо медиҳад. Аудитор тибқи шартнома ва стандартҳои аудит водор аст, ки ба мизоҷ оид ба ислоҳдарорӣ ба ҳисоботи молиявӣ ва методикаи чунин ислоҳдарорӣ тавсияҳо диҳад. Ғайр аз ин, аудиторҳои дар самти мушаххаси санҷиш коркунанда бо муҳосибони самти мазкури баҳисобгирӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда, ҳамзамон бо гузаронидани санҷиши аудиторӣ оид ба масъалаҳои бамиёномада ва ҳамроҳикунанда (ҳуқуқӣ, андозбандӣ, молиявӣ, технологияҳои муҳосибӣ) маслиҳатҳо медиҳанд. Аз ин ҷост, ки хизматрасонӣ оид ба гузаронидани аудит худ хосияти маҷмӯӣ дорад. Вале ба ҷо овардани дигар хизматрасониҳои алоқаманд бо фаъолияти аудиторӣ дар маҷмӯъ бо хизматрасониҳои аудиторӣ танҳо ба шарте имконпазир аст, ки ба ҷо овардани дигар хизматрасониҳо ба пайдо шудани ихтилофи назарҳо намеорад ва ба пайдо шудани чунин ихтилоф замина намегузорад. Масалан, ин гуна ихтилофи назар метавонад дар мавриде пайдо шавад, ки як аудитор (ташкилоти аудиторӣ) дар асоси шартнома аудити ҳисоботи молиявии субъекти хоҷагидориро гузаронида, ҳамчунин хизматрасониҳои ҳамроҳикунанда – барқарор намудани низоми баҳисобгирии муҳосибӣ, пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартибдиҳии ҳисоботи молиявии ҳамин субъектро ба ҷо меорад. Тибқи қоидаҳои одоби аудитор ин гуна хизматрасониҳои ҳамроҳикунанда бо фаъолияти асосии аудитор – гузаронидани аудити ҳисоботи молиявӣ ҳамҷоя буда наметавонанд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳамҷоянопазирии ин гуна хизматрасониҳо бо фаъолияти асосии аудиторӣ ишорат мекунад. Тавре сархати 3, қисми 1 моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» муқаррар менамояд, агар ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ дар давоми ду соли бевосита аз давраи ба аудит фарогирифташаванда пешбуда барои субъекти хоҷагидории аудитшаванда хизматрасониҳои касбии иловагиро ба ҷо оварда бошад (чун ташкил, барқарорсозӣ ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, тартибдиҳии ҳисоботи молиявӣ, маслиҳатдиҳии муҳосибӣ, хизматрасониҳо оид ба аудити дохилӣ ва ба ҳамин монандҳо), пас вай наметавонад аудити ҳисоботи молиявии ин гуна субъектро ба ҷо орад.

Адабиёт:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» аз 22 июли соли 2013, № 993 [Сарчашмаи электронӣ] / URL: http://mmk.tj/content/
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» аз 22 июли соли 2013, № 993 [Сарчашмаи электронӣ] / URL: http://mmk.tj/content/
  3. Багров, Е.Г. Перспективы развития контроля качества аудиторской деятельности [Текст] / Е.Г. Багров // Учет и статистика. - 2005. - № 7. - С. 92-97.
  4. Тоҳирова, Р.С. Аудит. Учебник. [Матн] / Р.С. Тоҳирова. - Душанбе: Ирфон, 2018. - 582 с.
  5. Международный стандарт аудита 1 «Контроль качества в аудиторских организациях, проводящих аудит и обзорные проверки финансовой отчетности, а также выполняющих прочие задания, обеспечивающие уверенность, и задания по оказанию сопутствующих услуг» [Электронный ресурс] / URL: https://www.k-audit.ru/terms/audit/msa_1
  6. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ [Матн] / Иборат аз 2 ҷилд. Ҷилди 2 / Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М.Ҳ. Султон. (нашри дувум). - Душанбе, 2010. - 29 с.
  7. Фабисович, Н.В. Институциональные аспекты обеспечения качества аудита [Текст] / Дисс. на соис. уч. степ. канд. экон. наук / Н.В. Фабисович. – Москва, 2011. - 184 с.
  8. Филобокова, Л.Ю. Качество аудиторской деятельности: сущность, подходы к оценке [Текст] / Л.Ю. Филобокова // Аудиторские ведомости. - 2009. - № 6. - С. 79-85.
  9. Хахонова, Н.Н., Богатая, И.Н. Аудит. Учебник [Текст] / Н.Н. Хахонова, И.Н. Богатая. - М.: Кнорус, 2016. - 720 с.

Аннотатсия. Дар асоси гуфтаҳои боло метавон тасдиқ кард, ки алоқамандии байни сифати аудит ва сифати ахбори дар ҳисоботи молиявии санҷидашаванда овардашуда возеҳ аст. Аудит босифат ҳисобида намешавад, агар ҳисоботи молиявии субъекти хоҷагидорӣ ахбори носаҳеҳ (бесифат)-ро дар бар гирифта бошад. Ҳамзамон, санҷиши аудитории бесифат гузаронидашуда боварии иштирокчиёни бозорро ба ҳисоботи молиявӣ ва низоми пешбурди баҳисобгирии муҳосибии субъекти хоҷагидории аудитшаванда коста менамояд.

Калидвожаҳо: хизматрасониҳои аудиторӣ, назорати фаъолияти аудиторӣ, ташкилоти аудиторӣ, аудиторҳои инфиродӣ, сифати хизматрасонии аудиторӣ, стандартҳои фаъолияти аудиторӣ, назорати дохилии сифати аудит, назорати берунии сифати аудит, арзёбии сифати хизматрасониҳои аудиторӣ.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2