Зеҳн

Таҳқиқ, рушд ва истифодаи маводи полимерӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Таҳқиқ, рушд ва истифодаи маводи полимерӣ

Баротов Н.И., Тураев С.
Донишгоҳи давлатии Данғара

Ҳанӯз файласуфони табиатшиноси дунёи қадим ҳодисаҳои гуногуни табиатро омӯхта, хостаанд, ки дар омӯзиши онҳо тартиботе ҷорӣ намоянд ва тамоми дастовардҳои дунёро ба се шоҳигарӣ — минералҳо, растаниҳо ва ҳайвонот ҷудо кардаанд ва дар ҳар яки онҳо шоҳро муайян кардаанд: дар минералҳо алмосро, дар ҳайвонҳо шерро ва дар растаниҳо дубро. Асри ХХ, ки давраи инкишофи саноати физика ва химия мебошад, шоҳигарии чорумро пайвастагиҳои химиявӣ, аз ҷумла пайвастагиҳои калонмолекулӣ — маводи полимерӣ (аз ибтидои асри ХХ) ва маводи нимноқилӣ (аз нимаи дуюми асри ХХ бо пайдо шудани нақшаҳои интегралӣ ва техникаи электронӣ) ишғол намудаанд. Яъне замони муосир давраи тараққиёти маводи полимерӣ ва нимноқилӣ мебошад, ки ин диққати олимон, таҳқиқотчиён, муҳандисону конструкторонро бештар ҷалб намуда, ҳамчун маводи нави саноатӣ тамоми соҳаҳоро фаро гирифтаанд.

Калимаи «полимер» соли 1833 аз тарафи олими швед Берселиус ба илм дохил карда шудааст ва ӯ «полимер» гуфта дилхоҳ пайвастагии химиявии таркиби якхеладоштаро меномид, ки массаҳои молекулавии ҳархела доштанд. Ба ақидаи ӯ кислотаи сирко (C₂H₄O₂) — полимери формалдегидӣ (C₂HO) ва этилатсетат (C₄H₈O₂) — полимери оксиди этилен (C₂H₄O) мебошанд, гарчанде ки ин полимерҳо аз ин мономерҳо ҳосил намешаванд. Баъдан истилоҳи полимерро соли 1861 Бутлеров дар корҳои худ асоснок карда, аз ҷиҳати илмӣ мефаҳмонад ва дар оянда шумораи полимерҳои гуногун меафзояд. Маводи полимерӣ, ки бештари онҳо дастовардҳои илмҳои муосир мебошанд, дар бисёр соҳаҳои хоҷагии халқ ба сифати маводи конструксионӣ дар сохтмони иншоотҳо, техника, тиб, қубуру зарфҳо, асбобу анҷомҳо, ашёи рӯзгор ва муҳофизаткунандаи конструксияҳои фулузӣ истифода мешаванд. Полимерҳо барои конструксияҳое истифода мешаванд, ки дигар намуди мавод ин корро иҷро карда наметавонанд. Қимати полимерҳо дар ҳаёти имрӯза баланд буда, талаботи хоҷагии халқ ба ин навъи мавод бо суръат дар афзоиш аст [1, 18].

Бинобар татбиқи васеъ ёфтани маводи полимерӣ аз саноати физикӣ-кимиёвӣ талаб карда мешавад, ки намудҳои гуногуни маводи полимерӣ коркард шаванд. Ин дар назди илм ва олимони соҳаи физика ва химия, ки полимерҳо маҳсули кори онҳо мебошанд, талаботи нав ба навро эҷод карда, яке аз масъалаҳои актуалӣ ҳисобида мешавад.

Аз рӯйи баъзе хосиятҳои умумӣ ва тарзи истеҳсолашон полимерҳо ба 4 гурӯҳ тақсим мешаванд:

  1. Полимерҳои конструксионӣ, ки дар бисёр ҳолат онҳоро пластмассаҳо меноманд, сахт буда, мустаҳкамии кашишашон аз 50 то 2000 кг/см² ва дарозшавии нисбиашон қариб ба 100% мерасад.
  2. Эластомерҳо, ки ба намояндагони асосии ин гурӯҳи полимерҳо каучук, резина ва полимерҳои ба онҳо монанд дохил мешаванд. Ин маводҳо эластикӣ буда, хосияти хуби деформатсияи баргардандагиро доранд.
  3. Нахҳо ва риштаҳо — матоъҳое, ки аз наху риштаҳои полимерӣ ҳосил карда мешаванд. Ин маводҳо мустаҳкам, чандир, суфтагӣ ва зичии хубдошта ба шумор мераванд.
  4. Пластикаҳо, лакҳо, рангҳо ва дигар маводи муҳофизатӣ ва декоративӣ.

Ин 4 гурӯҳи полимерҳо хосиятҳои хоси конструксионӣ дошта, вазифаҳои муайянро иҷро мекунанд, ки ҳангоми истифода ҳеҷ кадоме аз онҳо аз якдигар бартарӣ надоранд [2, с. 3].

Аз рӯйи технологияи истеҳсолашон ҳама гуна полимерҳо ба се гурӯҳи асосӣ тақсим мешаванд: полимерҳои табиӣ, полимерҳои сунъӣ ва полимерҳои синтетикӣ.

Полимерҳои табиӣ полимерҳое мебошанд, ки бевосита дар табиат дар шакли нах, сахт ва моеъ вуҷуд доранд.

Полимерҳои сунъӣ полимерҳое мебошанд, ки бо роҳи на он қадар мураккаби модификатсияи химиявӣ аз полимерҳои табиӣ ҳосил карда шудаанд.

Полимерҳои синтетикӣ полимерҳое мебошанд, ки дар озмоишгоҳҳои химиявӣ ё заводҳо бо роҳи реаксияҳои синтезӣ ҳосил шудаанд.

Дар ҳолати умумӣ полимерҳои табиӣ ва сунъӣ имрӯз ҷойи худро ба полимерҳои синтетикӣ дода истодаанд. Дар байни полимерҳои синтетикӣ, пеш аз ҳама гурӯҳи фенолформалдегидҳо мавқеи махсусро ишғол мекунанд.

Соҳаи истифодаи полимерҳо дар истеҳсолот хеле васеъ буда, ҳамчун маводи конструксионӣ рӯз то рӯз ҷойи дигар маводҳо, аз ҷумла металлҳо, шиша, масолеҳи сохтмонӣ ва дигарҳоро иваз карда истодаанд. Аз ҳамин сабаб дар шароити имрӯза қариб 45–50 фоизи физикон, химикҳо ва физ-химикҳои дунё маҳз полимерҳоро соҳаи таҳқиқоти худ қарор додаанд. Маводи полимерии ҳосилнамудаи онҳо, ки намудҳои гуногуни эластомерҳо, полимерҳои нахмонанд, плёнкагӣ, ширешҳо, рангу борҳо, намудҳои васеи пуркунандаҳо ва дигарҳо мебошанд, дар соҳаҳои мошинсозӣ, киштисозӣ, хоҷагии қишлоқ, саноати химия, тиб ва рӯзгор истифода мегарданд. Ин аст, ки суръати истеҳсоли полимерҳо дар тамоми дунё афзоиши бисёркарата дорад. Агар истеҳсоли солонаи полимерҳо дар соли 1950 ба 3·10⁶ т, соли 1960 ба 11·10⁶ т, соли 1970 ба 36·10⁶ т ва соли 1980 то 60·10⁶ т расида бошад, ин омор дар соли 2000-ум ба 125·10⁶ т расид. Ба тариқи дигар дараҷаи тараққиёт, истеҳсол ва истифодаи полимерҳоро чунин баҳо додаанд: дар соли 1966 ба ҳар сар одами рӯйи замин 17,5 дм³ фулуз ва 6,7 дм³ пластмасса, соли 1983 бошад, ба ҳар сар одам 25 дм³ фулуз ва 25 дм³ пластмасса, соли 2000 бошад, 41 дм³ фулуз ва 233 дм³ пластмасса истеҳсол карда шудааст, ки ин ҳар сол ба ҳисоби миёна 5–6 маротиба зиёд истифодашавии пластмассаҳоро нишон медиҳад [3, 76]. Агар дар солҳои аввал истеҳсоли полимерҳо дар нуқтаҳои гуногуни географии замин ҳархела бошад, солҳои охир ин фарқият хеле кам гардида истодааст. Маводҳое, ки дар асоси пайвастагиҳои калонмолекула ҳосил карда мешаванд, барои муҳити фаъоли онҳоро иҳотакунанда (газҳо, буғҳо, моеъҳо ва ғайра) нуфузпазиранд ва онҳо аз маводи фулузӣ ва силикатҳо на танҳо аз рӯйи таркиби химиявӣ ва сохторашон, балки аз рӯйи нуфузпазириашон низ фарқ мекунанд. Аз ҳамин сабаб дар маводи полимерӣ гузариши муҳити фаъоли агрессивӣ яке аз равандҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, коршоямии на танҳо худи маводро, балки конструксияи аз он сохташударо низ муайян мекунад.

Нуфузпазирии муҳити фаъол ба хосиятҳои муҳофизавии полимере, ки дар рӯйи масолеҳи фулузӣ рӯкаш карда шудааст, таъсири калон расонида, вайроншавӣ (деструксия)-и кимиёвии полимерро танзим мекунад ва ба хосиятҳои он (механикӣ, диэлектрикӣ, гармифизикӣ ва ғайра) таъсири манфӣ мерасонад.

Муҳитҳои агрессивӣ дар ҳолатҳои газӣ (O₂, NH₃, SO₂, NO₂) ва моеъ (об, равған, спирт, маҳлулҳои обии ишқорҳо, намакҳо, кислотаҳо ва ғ.) буда метавонанд.

Муҳитҳои агрессивиро аз рӯйи хислати бо маводи полимерӣ таъсири мутақобила доштанашон ба ду гурӯҳ тақсим кардаанд: муҳити фаъоли физикӣ ва муҳити фаъоли кимиёвӣ.

Дар муҳитҳои фаъоли физикӣ тағйирёбии хосиятҳои мавод баргарданда аст. Ин чунин маъно дорад, ки агар, масалан, мустаҳкамии пардаи полимерӣ, ки пешакӣ дар об нигоҳ дошта шудааст, нисбат ба мустаҳкамии дар ҳолати хушкӣ доштааш кам шавад, он гоҳ баъди хушконидани полимер мустаҳкамии он барқарор мешавад. Аммо дар муҳити фаъоли кимиёвӣ дар байни молекулаҳои полимер ва муҳити фаъол таъсири мутақобилаи кимиёвӣ ба амал омада, боиси тағйирёбии таркиби кимиёвӣ ва сохтори он мегардад. Дар натиҷа қобилияти коршоямии масолеҳи полимерӣ ба куллӣ тағйир меёбад. Бояд қайд кард, ки ба ду гурӯҳ тақсим карда шудани муҳити агрессивӣ шартӣ аст, зеро ин тақсимот аз табиати кимиёвии муҳит, сохт ва структураи полимер, инчунин аз қобилияти ба реаксия дохилшавии полимер вобастагии калон дорад. Масалан, барои полиэтилен (ПЭ) об муҳити фаъоли физикӣ, вале барои полиамид (ПА) муҳити фаъоли кимиёвӣ ҳисоб меёбад, зеро дар байни молекулаҳои об ва гурӯҳҳои амидӣ ҳамеша таъсири мутақобилаи кимиёвӣ вуҷуд дорад. Кислотаи хлорид (HCl) барои ПЭ муҳити фаъоли физикӣ, вале барои ПЭ, ки дар дохилаш пуркунандаи калсит (CaCO₃) дорад, муҳити фаъоли кимиёвӣ ҳисоб меёбад. Зеро ҳангоми бо HCl ҳамшафат шудани полиэтилени аз калсит пуркардашуда дар байни молекулаҳои кислота ва пуркунанда реаксияи кимиёвӣ ба амал омада, калситро аз таркиби полимер шуста мебарорад. Дар натиҷа маводи масомадор ҳосил шуда, хосиятҳои физикию кимиёвии он нисбат ба пештара ба куллӣ тағйир меёбанд. Кислотаи нитрат (HNO₃) барои ПЭ муҳити фаъоли кимиёвӣ ва барои тефлон (фторопласт) муҳити фаъоли физикӣ ҳисоб меёбад. Муҳитҳое низ вуҷуд доранд, ки барои полимери додашуда ҳам муҳити фаъоли физикӣ ва ҳам муҳити фаъоли кимиёвӣ буда метавонанд. Ба ин гурӯҳ кислотаҳои узвӣ мисол шуда метавонанд. Ишқорҳои калий (KOH) ва натрий (NaOH) барои як қатор пластмассаҳо (ПЭ, полипропилен (ПП), тефлон ва ғайра) муҳити фаъоли физикианд, вале барои қатрон (зифт)-ҳои эпоксидӣ, полиэфирӣ ва пуркунандаҳои онҳо (шишамайдаҳо, нахҳои гуногуни синтетикӣ ва ғ.) муҳити фаъоли кимиёвӣ ҳисоб меёбанд [4, с. 78].

Хулоса, сабабҳои бо суръати калон истифода шудани полимерҳо он аст, ки ин маводҳо хусусияти универсалӣ дошта, дар ҳароратҳои баланд ва сард тобовар буда, хосиятҳои электроизолятсионӣ ва электрикгузаронӣ низ доранд. Ҳатто солҳои охир таҳқиқотҳои назариявӣ дар полимерҳо натиҷаҳои ба вуҷуд овардани ҳодисаи фавқулноқилиро дода истодаанд [5].

Барои он ки масолеҳи полимерӣ ҳангоми бо муҳити фаъоли агрессивӣ ҳамшафат шуданаш қобилияти коршоямии худро нигоҳ дошта тавонад, мекӯшанд, ки структураи масолеҳи ҳосилкардашуда ҳар чӣ камтар масомадор бошад. Ин кор ҳангоми синтез ва ё коркарди технологии масолеҳ ба ҷо оварда мешавад. Агар структураи масолеҳи полимерӣ аз масомаҳо эмин бошад ва ё ақалан ҳар чӣ камтар масомадор бошад, ин имконият медиҳад, ки сели фазагии газ ва ё моеъ ба воситаи масомаҳои дутарафа аз байн бардошта шуда, ба воситаи микромасомаҳои маҳкаму кушод ва капиллярҳо гузариши муҳит ба минимум расонида шавад.

Омӯхтани равандҳои гузариши муҳити агрессивӣ дар маводи полимерӣ, ки ҳангоми истифодабарии он рӯй медиҳанд, ҳалли масъалаҳои зеринро талаб мекунад:

  • ошкор намудани ҷузъиёти раванди гузариш аз омӯхтани кинетикаи он;
  • муайян намудани бузургиҳое, ки ин равандро тавсиф медиҳанд;
  • муқаррар намудани вобастагии миқдории байни бузургиҳои раванд ва структураи маводи полимерӣ [6, с. 42].

Ҳалли масъалаҳои номбурда хеле душвор ва меҳнатталаб аст, зеро структураи полимер сохти мураккаб дошта, дар он гузариши муҳити фаъол бисёрмарҳала мебошад. Дар айни ҳол ҳалли масъалаҳои номбурда имконият медиҳад, ки дар бораи устувории масолеҳи полимерӣ дар муҳити агрессивӣ натиҷаҳои миқдорӣ ба даст оварда шаванд ва табиати муҳитеро, ки дар он масолеҳи полимерӣ истифода мешавад, дониста, таркиби муносиб ва технологияи сохтани масолеҳи полимерӣ пешгӯӣ карда шавад.

Адабиёт:

  1. Скотт Дж. Р. Физические испытания каучука и резины. Пер. с англ., под ред. М.М. Резниковского. – М.: Химия, 1986.
  2. Тагер А.А. Физикохимия полимеров. – М.: Химия, 1978.
  3. Гуль В.Е. Структура и прочность полимеров. – М.: Химия, 1971.
  4. Бартенов Г.М. Прочность и механизм разрушения полимеров. – М.: Химия, 1984.
  5. Электрические свойства полимеров / Под ред. Б.И. Сажина. – Л.: Химия, 1986.
  6. Малкин А.Я., Аскадский А.А., Коврига В.В. Методы измерения механических свойств полимеров. – М.: Химия, 1978.

Аннотатсия. Дар мақола масъалаи рушд, истеҳсол ва истифодаи маводи полимерӣ дида баромада шуда, ҳамзамон оид ба моҳияти амалии ин маводҳо сухан меравад. Маълумотҳои умумии оморӣ оид ба истеҳсоли полимерҳо дар сар то сари олам нишон дода шудаанд. Инчунин оид ба гурӯҳҳои полимерҳо вобаста аз хосиятҳои физикӣ-кимиёвиашон маълумотҳо оварда шуда, хосиятҳои асосии фарқкунандаи онҳо нишон дода шудаанд. Оид ба таъсири муҳити агрессивӣ ба маводи полимерӣ сухан рафта, ин таъсирот бо мисолҳои мушаххас фаҳмонида шудааст.

Калидвожаҳо: калонмолекула, полимер, пуркунанда, саноат, агрессивӣ, синтетикӣ, эпоксидӣ, полиэфирӣ, универсалӣ, электроизолятсионӣ, электрикгузаронӣ, фавқулноқилӣ.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2