Зеҳн

Масоили терроризм дар давраи низоъҳои ҳарбӣ ҳамчун объекти омӯзиш

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 15 дақиқа хондан

МАСОИЛИ ТЕРРОРИЗМ ДАР ДАВРАИ НИЗОЪҲОИ ҲАРБӢ ҲАМЧУН ОБЪЕКТИ ОМӮЗИШ

Сабурова И.Ғ.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб

Терроризм ва оқибатҳои он яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ва муаммоҳои мудҳиштарини замони муосир ба шумор меравад, ки тамаддуни мо ба он рӯ ба рӯ гаштааст. Масъалаҳои доғи рӯз будани терроризм ва хавфи зиёд доштани он ба низоми дохилаи давлатҳо (таъсир доштани он ба ҳар як фард ва ҳаёти ӯ) ва дар қатори ин давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки омилҳои пайдоиш, ташаккул, роҳҳои аз байн бурдани терроризм ва дигар паҳлӯҳои он баррасӣ гарданд. Ин муаммо ҳам ба кишварҳои мутараққӣ ва ҳам ба кишварҳои дар раванди гузариш қарордошта таъсир мерасонад. Ҳақиқати ҳоли замони муосир нишон дод, ки терроризм ба амнияти аксари давлатҳои дунё таҳдид мекунад ва оқибатҳои пастравии бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавиро дорад.

Ягон давлат ва ягон шаҳрванд аз оқибатҳои терроризм худро эмин нигоҳ дошта наметавонад. Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодааст, возеҳ нишон медиҳад, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд. Таърих таҷрибаи террори оммавии давлатиеро медонад, ки аз тарафи Олмони фашистӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар амал содир шуда буданд. Қуллаи ҳаракати терроризми чапгароӣ ба солҳои 60–70-уми асри XX рост меояд. Дар бисёр ҳолатҳо фарқ кардани ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ аз ташкилотҳои террористии миллатгароӣ душвор аст. Чунончи, актҳои террористие, ки дар натиҷаи мубориза баҳри ба даст овардани истиқлолият аз ҷониби халқу миллатҳои озодихоҳ сурат мегирад, мисоли гуфтаҳои боло мебошанд. Масалан, ҳодисаи Косово, Югославия, Чеченистон ва монанди инҳо.

Тараққиёти бузургро терроризм дар солҳои 60-уми садаи XX ба худ касб намуд, зеро он вақт дар бисёр қисматҳои дунё марказҳои фаъоли ташкилотҳо ва гурӯҳҳои террористӣ амал мекарданд. Имрӯзҳо бошад, дар дунё қариб 500 ташкилотҳои ғайриқонунии террористӣ амал мекунанд. Аз тарафи онҳо аз соли 1968 то соли 2000-ум 6 700 ҳамлаҳои террористӣ ба анҷом расонида шудааст, ки дар натиҷа 3 668 нафар ҳалок ва 7 474 нафар захмӣ шудаанд [1, с. 42].

Дар шароити кунунӣ ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ашхоси тундгаро хеле ва хеле зиёд шуда, хусусиятҳои инсонбадбинӣ авҷ гирифта истодаанд. Мувофиқи тадқиқоти марказҳои илмии дунё, буҷети ҳамасолаи гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ аз 5 то 20 млрд доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳад [2, с. 3].

Терроризм аллакай дар сатҳи байналхалқӣ ривоҷ ёфта, хусусияти умумиҷаҳонӣ, яъне глобалиро касб кардааст. Дар гузаштаи на он қадар дур дар бораи терроризм ҳамчун зуҳуроти минтақавӣ ҳарф мезаданд. Аммо дар солҳои 80–90-уми асри XX он ба зуҳуроти байналхалқӣ мубаддал гардид. Сабаб дар он аст, ки дар тӯли ин солҳо дар натиҷаи ҷаҳонишавии муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкориҳои бисёрсоҳаи муносибатҳои байналхалқӣ шароити хубро фароҳам оварданд. Нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба фаъолияти ҳаракатҳои террористӣ дар он аст, ки ҳамасола зарари моддӣ ва маънавие, ки аз тарафи иҷрокунандагони террор расонида мешавад, ҷони ҳазорон шаҳрвандони оддиро қурбон менамояд. Дар вақтҳои охир қурбонии шаҳрвандон ва зарарҳои моддӣ аз ҷониби террористон дар як қатор давлатҳои дунё, аз ҷумла Ирландияи Шимолӣ, ИМА, Русия, Кения, Танзания, Ҷопон, Аргентина, Ҳиндустон, Покистон, Алҷазоир, Исроил, Миср, Туркия, Албания, Сербия, Косово, Колумбия, Мексика, Эрон ва дигар кишварҳои минтақаҳои гуногуни дунё ба назар мерасад. Касбияти террористӣ дар шароити муосир хусусияти васеи дастрасро ба худ касб карда, бо ҳудудҳои давлат маҳдуд карда намешавад. Зеро имрӯз муносибати зичи ташкилотҳои гуногуни террористӣ ба назар мерасад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсиаш бо ин зуҳурот рӯ ба рӯ гардид. Ҳодисаҳои мудҳиши солҳои аввалини истиқлолият ва баъдан дар замони ҷанги шаҳрвандӣ то ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба терроризатсияи соҳаҳои гуногун ошно гардид. Дар замони муосири ҷаҳонӣ нақши давлатҳо дар бартараф намудани зуҳуроти терроризм хеле назаррас аст, аз ин рӯ аз тарафи роҳбарияти Тоҷикистон, аллахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, хуб пайгирӣ карда шуда, конструктивӣ пешниҳод гардид. Мисоли ин гуфтаҳо баромадҳои сершумори роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар конфронсу ҷамъомадҳои байналхалқӣ мебошад. Гузашта аз он, пешниҳодҳои мушаххаси Тоҷикистон оид ба масъалаи амнияти дастаҷамъии кишварҳои дунё аз экстремизму терроризми сиёсии Афғонистон дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд. Пешниҳоди Тоҷикистон ҳанӯз соли 1997 дар Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъмини амният дар Афғонистон мисоле мебошад, ки дурандешӣ ва воқеъбинона назар кардани роҳбарияти сиёсии Тоҷикистонро ба масъалаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Имрӯзҳо бошад, Тоҷикистон аъзои коалитсияи зиддитеррористии Афғонистон мебошад ва қаламрави худро барои гузаронидани маводи башардӯстона пешниҳод кардааст. Ин суханон исботи он аст, ки терроризм ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ-сиёсӣ чӣ давлатҳои бузург ва чӣ давлатҳои хурдро ба изтироб овардааст. Дар ин ҷода фаъолияти дастаҷамъонаи давлатҳои гуногуни дунё аз қитъаҳои гуногун мувофиқи мақсад мебошад. Терроризм ҳамчун зуҳурот, хусусиятҳо ва мақсади асосии террористон, ҳимояи соҳибихтиёрии давлат аз терроризми байналхалқӣ ва муборизаи давлату ташкилотҳои байналхалқӣ алайҳи терроризм мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ҳадаф аз омӯзиши терроризм дар давраи низоъҳои ҳарбӣ ин:

  • кушодани мафҳум ва хусусияти терроризм дар давраи низоъҳои ҳарбӣ, таърихи пайдоиш ва методологияи омӯзиши он;
  • нигоштани ҳаракатҳои асосии террористӣ, муайян намудани фаъолияти марказҳои пешсафи террористӣ;
  • омӯхтани хусусиятҳои терроризм дар давраи низоъҳои ҳарбӣ;
  • муайян кардани санадҳои байналхалқӣ-ҳуқуқии пешгирикунандаи терроризм дар давраҳои низоъҳои ҳарбӣ;
  • муайян кардани чорабиниҳои дипломатии давлатҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ дар мубориза алайҳи терроризм.

Омӯзиши масъалаи мазкур дар Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатӣ, яъне баъд аз 9 сентябри 1991 оғоз мешавад. Дар замони Шӯравӣ ба ин масъала аз чаҳорчӯбаи идеологияи коммунистӣ нигоҳ мекарданд ва тадқиқотҳои илмӣ бештар хусусияти сиёсӣ-идеологиро ба худ касб намуда буданд. Баъд аз ҳодисаҳои 11-уми сентябри 2001 дар тамоми дунё марказҳои илмӣ ба омӯзиши назариявӣ ва методологии терроризми байналхалқӣ шурӯъ намуда, як қатор асарҳои гуногунмаслакро таълиф намуданд. Масалан, олимаи рус Б.Ф. Ключникова дар асараш «Исламизм, США и Европа: Война объявлена!» [3] ҳаракатҳои тундгаро ва экстремистии исломиро омӯхта, онҳоро гурӯҳбандӣ намудааст. Олими амрикоӣ Б. Хофман дар асараш «Терроризм – взгляд изнутри» [4] терроризмро мавриди омӯзиш қарор дода, онро аз ҷабҳаҳои гуногунаш омӯхтааст. Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки аз тарафи СММ қабул ва таҳия гардидааст, мавриди истифодаи мо қарор гирифт [5].

Ҳуқуқи байналхалқии инсондӯстӣ терроризмро чӣ дар давраи низоъҳои ҳарбии хусусияти байналхалқидошта ва чӣ дар давраи низоъҳои ҳарбии хусусияти ғайрибайналхалқидошта манъ менамояд. Пеш аз он ки масоили терроризмро дар давраи низоъҳои ҳарбӣ баррасӣ намоем, ба мақсад мувофиқ медонем, ки аввалан мафҳуми худи «терроризм»-ро кушоем.

Мафҳуми терроризм аз калимаи лотинии «terror» гирифта шуда, маънои «тарс» ва «даҳшат»-ро дорад. Бо ин калима ҳаракати зӯроваронаи гуногунмақсад, ба монанди ба асирӣ гирифтан, таъқибкунии рақибони сиёсӣ, вайрон намудани биноҳои истиқомативу хизматӣ ва куштор ифода карда мешавад. Баъзан терроризмро ба чунин фарқиятҳо, яъне индивидуалӣ ва гурӯҳӣ (репрессияҳои режимҳои сиёсии диктаторӣ ва тоталитарӣ) тақсим менамоянд.

Аввалин маротиба мафҳуми терроризми байналхалқӣ солҳои 60–70-уми қарни XX пайдо гардидааст. «Террор» бо забони тоҷикӣ ҳамчун тарсонидани рақибон бо роҳи маҳви ҷисмонӣ, яъне то ба марг расонидан фаҳмида мешавад. Худи мафҳуми терроризм ин дар амал содир намудани террор аст. Фаъолияти террористон ҳама вақт бо куштор вобаста набошад ҳам, дар бисёр ҳолатҳо хусусияти таҷовузкорӣ, зӯроварӣ ва тарсониданро доро мебошад. Фарқият танҳо дар мақсади ниҳоӣ дида мешавад: ба даст даровардани маблағи муфт ва мақсадҳои сиёсӣ, ки метавонад барои барҳам задани сохтори конститутсионӣ равона шуда бошад. Фаъолияти террористӣ танҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои муайян амалӣ карда мешавад. Дар бисёр ҳолатҳо шахсоне, ки ақидаи террористиро пайгирӣ менамоянд, онҳоро ватанпараст, мубориз барои озодӣ ва мухолифин ном мебаранд, хусусан дар давраи низоъҳои ҳарбӣ. Дар илми ҳуқуқи байналхалқӣ, чуноне ки қайд кардем, низоъҳои ҳарбиро ба ду гурӯҳ ҷудо менамоянд: низоъҳои ҳарбии хусусияти байналхалқидошта ва низоъҳои ҳарбии хусусияти ғайрибайналхалқидошта. Чун қоида, низоъҳои ҳарбие, ки ба муқобили ҳукмронии мустамликавӣ ва хориҷӣ, тартиботи нажодпарастона алоқамандӣ доранд, низоъҳои ҳарбии байналхалқӣ эътироф карда мешаванд. Низоъҳои ҳарбии хусусиятҳои ғайрибайналхалқидоштаро ҷангҳои гражданӣ меноманд.

Терроризм бо роҳҳои маҳв сохтан ва ё кӯшиши маҳви объектҳои гуногун таҷассум мегардад. Инҳо маҳв ё нобуд намудани тайёраҳо, биноҳои идоракунӣ, биноҳои истиқоматӣ, киштиҳои баҳрӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим буда метавонанд. Яке аз роҳҳои ноил шудан ба мақсад барои террористон ин тарсонидан ва ё муҳити тарсро ба вуҷуд овардан барои амнияти худӣ ва хешовандону аҳли табор мебошад. Нобуд шудани моликияте, ки дар натиҷаи он касе қурбон нашудааст, ҳамчунин терроризм маънидод карда мешавад. Инчунин ҷинояте, ки як фард бар зидди фарди дигар ё гурӯҳе ва ё бар зидди биное содир намудааст, терроризм ном мегирад. Барои терроризм, ки имрӯзҳо ҷинояти байналхалқӣ номида мешавад, фаъолияти танҳо фардҳои террорист ғайрихусусиятнок мебошад [1, с. 9].

Мутахассиси варзидаи амрикоӣ оид ба ҳуқуқи байналхалқӣ Ричард Фалк ду мафҳуми терроризмро баён намудааст: «Ҳама гуна намуди таҷовузи сиёсӣ, ки сафедшавии зарурии ҳуқуқиву маънавиро надорад ва новобаста аз он ки он аз тарафи кӣ содир карда мешавад, хоҳ гурӯҳи инқилобӣ бошад ва хоҳ ҳукуматӣ, терроризм номидан мумкин аст». «Экстремизми сиёсие, ки таҷовузро бар зидди ҳаёти осудаи мардуми оддӣ равона кардааст, терроризм мебошад». Табиист, ки ин маънидодкуниҳои мафҳуми мазкур шартӣ буда, на ҳама вақт хусусияти аслии онро дар назар доранд. Аз тарафи дигар, Департаменти давлатии ИМА терроризми байналхалқиро чунин маънидод намудааст: «Таҷовузи пешакӣ ба нақшагирифташудае, ки мақсадҳои сиёсиро доро мебошад ва ба сӯи шахсоне, ки дар амалиёти ҳарбӣ иштирок намекунанд (noncombatant targets), равона шудааст ва аз тарафи гурӯҳҳои фаромиллатӣ ва ҷосусони давлатҳои хориҷа содир карда мешавад, терроризм мебошад».

Аммо то имрӯз мафҳуми ягонаи терроризм чӣ дар қонунгузории миллӣ ва чӣ дар қонунгузории байналхалқӣ вуҷуд надорад, зеро он ба омилҳои гуногун вобастагӣ дорад, ки дар бобати аз ҷиҳати мантиқӣ муайян намудани он душвориҳоро пеш меоварад.

Ҳуқуқи байналхалқии инсондӯстӣ низ мафҳуми терроризмро намедиҳад. Дар ҳуқуқи байналхалқии инсондӯстӣ ба таври дақиқ ва равшан оид ба терроризм ёдоварӣ карда мешавад. Онро бо номи «чораҳои хавфдиҳӣ ва террор» ном мебаранд. Чунончи, дар моддаи 33-и Конвенсияи Женева аз 12 августи соли 1949 «Дар бораи ҳимояи аҳолии шаҳрвандӣ дар рафти ҷанг» (минбаъд дар матн Конвенсияи IV Женева гуфта мешавад): «Ҷазодиҳии гурӯҳӣ, ҳамчунин дилхоҳ чораҳои тарсонидан ва ё террор манъ аст». Ҳадафи асосӣ дар он аст, ки ҳуқуқи байналхалқии инсондӯстӣ муҷозот ё ҷазодиҳии коллективиро ба муқобили шахсони алоҳидаи гражданӣ, ки омили ба вуҷуд оварандаи ҳолати террор мебошад, манъ менамояд. Дар адабиёт мафҳумҳои «террор» ва «терроризм» бо мақсади муайян намудани фаъолиятҳои гуногун, ки ба ҳамдигар монанданд ва бар зидди аҳолии осоишта, шахсиятҳои алоҳида, гурӯҳи калони мардум ва ҳатто ба синфҳои муайян равона карда шудааст, истифода мебаранд.

Ба мақсад мувофиқ мебошад, ки якчанд мафҳумҳои терроризмро, ки аз тарафи олимони кишварҳои гуногуни дунё муайян карда шудаанд, биоварем:
Олими машҳури Британияи Кабир Б. Крозе: «Терроризм ин амалиёти ба нақша гирифташудаи сиёсӣ мебошад» [8, с. 37].
Дар мақолаи донишманди рус Г. Мирский терроризмро чунин маънидод намудааст: «Терроризм ин тарсонидани низомноки ҳокимият ва гурӯҳи аҳолӣ барои ба мақсадҳои сиёсӣ, идеологӣ ва ё иҷтимоӣ-инқилобӣ расидан аст» [6, с. 37].

Дар робита ба он мулоҳизаҳои олимони барӯманди сиёсатшинос ва мутахассисони варзидаи ҳуқуқи байналхалқӣ хулосаи зеринро баён намудан мумкин аст: Терроризм ин тактикаи сиёсие мебошад, ки дар робита бо истифодабарӣ ва ба пешандозии воситаҳои ягонаи муборизаи силоҳнок буда, сараввал бо содир намудани актҳои террористӣ муайян карда мешавад, ки махсусан дар давраи низоъҳои ҳарбӣ ба назар мерасад.

Масалан, дар низоъҳои ҳарбии хусусияти ғайрибайналхалқидошта истифодаи яроқ, бетартибиҳои дохилӣ ва содир намудани дигар амалиётҳои ҳарбӣ ба чашм мерасад. Актҳои террористӣ, ки сараввал бо куштори соҳибмансабони воломақоми давлатӣ маънидод мешуданд, дар шароити муосири дунё бо рабудани тайёраҳо, гирифтани асирони бегуноҳ ва тарконидани манзилҳои истиқомативу корхонаҳои гуногун баррасӣ карда мешаванд. Ягона нуқтаи муттаҳидкунандаи терроризми замони пеш бо терроризми замони муосир дар он аст, ки дар натиҷа ба ҳаёт ва амнияти инсон ва шаҳрванд таҳдид менамояд. Актҳои террористӣ чӣ дар давраи осоишта ва чӣ дар давраи низоъҳои ҳарбӣ инчунин таҳаввулоти тарс ва беамниятиро ба вуҷуд оварда, ба ин мақсад террористон метавонанд чунин амалҳоро содир намоянд, аз қабили сӯхтор ё тарконидани мағозаҳо, марказҳои ҳизбию давлатӣ ва паҳн намудани варақаҳои характери таъқибдошта ва ғайраҳо. Масалан, 20 марти соли 1995 дар метрои Токио акти террористӣ содир карда шуд. Баъди ин террор 12 нафар ҳалок ва зиёда аз ҳазор нафар гирифтори нобиноии муваққатӣ гардиданд. 11 сентябри соли 2001 вақте ки террористон ба ИМА ҳамла намуданд, диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба терроризми байналхалқӣ бештар гардид.

Имрӯзҳо, вақте ки мо дар бораи ҷанг ва сулҳ сухан мекунем, бояд дар бораи терроризм низ андеша кунем. Баъди 11 сентябри соли 2001 проблемаи ҷанг ва террор тезутунд гашт. Рӯзи дигар баъди воқеаи 11 сентябри соли 2001 Президенти собиқи ИМА Ҷорҷ Буш эълон кард, ки нобуд сохтани биноҳои баландошёнаи Ню-Йорк акти ҷанг буд.

Дар натиҷа, ба хулоса омадан мумкин аст, ки таъбири ягонаи мафҳуми терроризмро додан (агар мумкин бошад) хеле душвориро ба пеш меоварад. Агарчӣ хусусияти ягонаи он ин таҳдид ба ҳаёти инсон ва шаҳрвандро дар худ дошта, бо мақсадҳои сиёсӣ олудагиро нишон медиҳад. Терроризм зуҳуроти универсалӣ барои ҷомеаи инсонӣ аз нимаи дуюми асри XIX ба ҳисоб меравад, ки дар тӯли даҳсолаҳо пайдо гашта, ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ ниқоби худро дигар мекунад.

Актҳои террористӣ дар давраи низоъҳои ҳарбӣ бар зидди инсон ва шаҳрванд равона шуда, онҳоеро аз қатор мебароранд, ки ҳамчун шахсият ва ё намояндагони ҳокимияти вақтӣ барои расидан ба мақсадҳои ниҳоии гурӯҳи террористон монеа мешаванд. Дар давраи низоъҳои ҳарбии хусусияти ғайрибайналхалқидошта унсурҳои актҳои террористӣ ҳувайдо ба назар мерасад, чунончи тарафи муқобил дар ҳар ҳолат аз воситаҳои гуногуни ҷангӣ истифода мебарад.

Чӣ хеле ки дар боло гуфта гузаштем, ҳуқуқи байналхалқии инсондӯстӣ танҳо дар давраи низоъҳои ҳарбӣ истифода мешавад. Унсури асосиро дар низоъҳои ҳарбӣ «тарафҳо» ташкил медиҳанд. Тарафҳо дар низоъҳои ҳарбии байналхалқӣ ду ва ё зиёда давлатҳо (ё давлат ва ё ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ) шуда метавонанд. Дар низоъҳои ҳарбии хусусияти ғайрибайналхалқидошта бошад, аз як тараф давлат ва аз тарафи дигар гурӯҳҳои мусаллаҳ (гурӯҳҳои шӯришгар) мебошанд.

Сиёсатшиноси рус О.В. Будницкий дар асари хеш «Терроризм в российском освободительном движении: идеология, этика, психология» таъкид месозад, ки терроризм ин зуҳуроти нав набуда, дар нимаи дуюми асри гузашта ҳуқуқи байналхалқӣ онро муайян кардааст. Мубориза ба терроризм дар маркази диққати ташкилотҳои байналхалқӣ соли 1934 пайдо шуда, онро ғайриқонунӣ эътироф карданд [7, с. 18].

Соли 2005 Шӯрои Бехатарии СММ бо кумитаҳои зиддитеррористии давлатҳои аъзо ҳамкорӣ намуд. Баъди таркиш дар майдони Пушкини шаҳри Маскав Президенти Федератсияи Россия баромад намуда, қайд намуд, ки ҷинояткорон ва террористон пеш аз ҳама бемиллат ва бедин мебошанд. Қайд кардан зарур аст, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия аз соли 2006 қонуни федералӣ «Дар бораи мубориза бо террор», ки мувофиқи санадҳои байналхалқӣ мебошад, амал менамояд. Оммавӣ будани акти террористӣ хусусияти мавқеъгиронаи терроризмро мемонад. Агар террор ба нокомӣ дучор гардад, ҳатман дастгириро аз он қишри ҷомеа меёбад, ки он ба вай нигаронида шуда буд ва инчунин носозии худро ҳамчун яке аз падидаҳои таркиши иҷтимоӣ аз даст медиҳад ва ё ин ки ба муваффақияти бузурги иҷтимоӣ ноил мегардад. Мантиқи фаъолияти террористӣ бе баҳодиҳии таҳҷоии зарурати акти террористӣ аз назар дур аст. Бе ин амалиёт хусусияти ҳақиқии терроризмро пайгирӣ намудан хеле ва хеле душвор мебошад.

Хулоса, терроризм ин ташаккул додани мақомоти роҳбарии байналхалқӣ ва минтақавӣ барои ҳалли ба нақшагирии фаъолияти террористӣ, тайёрӣ ва гузаронидани чорабиниҳои мушаххас, ташкилотҳои мутақобилан бо ҳамдигар сарукордошта, ба ҳам овардани иҷрокунандагони ин ё он иқдоми террористӣ, ба вуҷуд овардани ақоиди зиддиҳукуматӣ барои васеъ намудани таъсир ба ҳокимияти вақтӣ, ворид гаштан ба хадамоти ҷамъиятӣ, давлатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва қудратӣ, созмон додани гурӯҳҳои муташаккил ва тайёр намудани онҳо барои фаъолияти террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни кураи замин, созмон додани фирмаҳо, ширкатҳо, хазинаҳое, ки метавонанд террористонро рӯйпӯш кунанд, саривақт барои содир намудани амалиётҳои террористӣ ба онҳо ёрӣ расонанд. Аз ин лиҳоз, пешниҳоди худро нисбати мавзуи баррасишаванда чунин иброз медорам, ки сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят намуда, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Адабиёт:

  1. Лутовинов В., Морозов Ю. Терроризм – угроза обществу и каждому человеку // ОБЖ. – 2000. – № 9. – С. 42.
  2. Козлова Н. Камикадзе на продажу // Российская газета. – 23.01.2004.
  3. Ключников Б.Ф. Исламизм, США и Европа. Война объявлена! – М., 2003.
  4. Брюс Хофман. Терроризм – Взгляд изнутри. – М., 2003.
  5. www.un.org/russian/document/scresol.
  6. Мирский Г. Дракон встаёт на дыбы (О международном терроризме) // Мировая экономика и международные отношения. – 2002. – № 3. – С. 37.
  7. Будницкий О.В. Терроризм в российском освободительном движении: идеология, этика, психология. – М., 2000. – С. 18.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2