Нақши баҳисобгирӣ ва таҳлили идоравӣ дар рушди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ
Нақши баҳисобгирӣ ва таҳлили идоравӣ дар рушди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ
Саидҷонов С.Ш.
Айни замон ҷараёни идоракунии ҳар як корхонаи саноатӣ новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилӣ-ҳуқуқии хоҷагидорӣ дар шароити рушди муносибати бозоргонӣ бениҳоят душвор гардидааст. Имрӯзҳо доираи масъалаҳои идоракунӣ васеъ гардида, ҷараёни иттилоотӣ, ки барои қабули қарорҳои ягона ва дуруст таҳия мешавад, меафзояд. Дар ин ҳолат роҳбари корхона бояд объектҳои идоракуниро таснифот дода, баҳисобгирии онҳоро ба роҳ монад. Вобаста ба ин роҳбари муосир ба маълумоте, ки барои қабули қарори дуруст таъсир мерасонад, эҳтиёҷ дорад. Аз ин лиҳоз, масоили баландбардории самаранокии таркиби анъанавии баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳамчун сарчашмаи маълумоти номбурда, диққати зиёдро доро мебошад. Маълум, ки усули анъанавӣ бо тартиби маъмул бояд ба тартиби баҳисобгирӣ, ки ба имконоти ташкилот мутобиқ карда шудаанд, ҷой диҳад.
Ташкили самараноки баҳисобгирии муҳосибӣ ин талаботи иқтисодиёти ватанӣ аст, ки ба бунёди механизми бозорӣ равона шудааст. Барои босифат идоракунии фаъолияти корхона ахбороти идоравии саривақтӣ ва босифат лозим аст. Раванди ислоҳоти баҳисобгирии муҳосибӣ барои ҷалби қарзҳо ва сармоягузориҳои хориҷӣ дар шароитҳои муфид ба иқтисодиёти давлат, аз он ҷумла дар саноатикунонии иқтисодиёт мусоидат менамояд.
Фаъолияти ташкилотҳо дар шароитҳои бозор баландбардории самаранокии истеҳсолот, рақобатпазирии маҳсулот, ташаббускорӣ, фаъолгардонии соҳибкорӣ ва ғайраҳоро дар назар дорад. Нақши муҳимтарин дар татбиқи вазифаҳои зерин ба таҳлили иқтисодӣ рӯ ба рӯ мегардад. Баробари ин, ҷорӣ намудани таҳлили иқтисодӣ, молиявӣ ва идоравӣ бо ҷудо гардидани баҳисобгирии муҳосибӣ ва идоравӣ вобастагӣ дорад.
Масъалаҳои таъмини ташкилӣ ва методии таҳлили молиявӣ дар адабиёти махсуси иқтисодӣ ба таври муфассал мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Лекин то ҳол ақидаи ягона оид ба мазмун, таъинот ва услуби гузаронидани таҳлили идоравӣ вуҷуд надорад.
Мувофиқи тасаввуроти пешқадами муосир баҳисобгирии идоравӣ қисми идоракунии корхона аст, ки айниятдиҳӣ, ташаккулёбӣ, пешниҳод, шарҳу эзоҳдиҳӣ ва истифодабарии ахборотро, ки ба тамсилаи бизнес-стратегия шомил аст, таъмин мекунад ва чунин корҳоро мадди назар набояд кард:
- банақшагирӣ ва назорати намудҳои фаъолият;
- таҳлил ва қабули қарорҳои идоравӣ;
- истифодабарии самараноки захираҳо;
- баландбардории маҳсулнокӣ ва афзунгардонии арзиши корхона;
- ҳифзи дороиҳои моддӣ ва ғайримоддӣ;
- роҳбарии корпоративӣ ва назорати дохилӣ.
Рушди муосири иқтисодиёт аз роҳбарони корхонаҳо маҳорати дуруст баҳогузорӣ намудан ва сари вақт ба динамикаи рушди амалиётҳои хоҷагидорӣ аҳамият доданро талаб мекунад. Зарурияти ташкили менеҷменти амиқу доимӣ пайдо мешавад, ки барои ин маълумоти таҳлилии фаврӣ оид ба ҳолати объект зарур аст, то дар сатҳҳои гуногун қарорҳои асоснок қабул карда шавад. Аз ин лиҳоз, моҳияти менеҷменти самаранок дар маҳорати пешгӯӣ намудани нишондиҳандаҳои фаъолият, интихоби роҳҳои қулайи бадастории самтҳои афзалиятнок, муносибгардонии хароҷот ва натиҷаи фаъолияти корхона ифода меёбад.
Чӣ тавре ки ба мо маълум аст, идоракунии ҳар як объект шаш марҳиларо дар бар мегирад, ки инҳо аз банақшагирӣ, баҳисобгирӣ, назорат, таҳлил, ҳосил кардани як қатор қарорҳои алтернативӣ ё муайян кардани қарорҳои оптималӣ, татбиқи як ё якчанд ин қарорҳо иборат мебошанд.
Аз ин рӯ, идоракунии корхона амалиёти ҳамоҳангсозӣ ва танзими фаъолияти он барои ноил шудани мақсади гузошташуда ба ҳисоб меравад. Ҳар як хадамот ва корманди идоравӣ барои иҷрои уҳдадориҳои худ ба маълумот эҳтиёҷ дорад. Идоракунӣ аз қабул ва омӯзиши маълумот оғоз гардида, қабули қарор дар асоси маълумот бояд таҳлил гардад ва бо назорат аз рӯи иҷрои ин қарор, ҳамчунин дар асоси маълумоти мувофиқ ба итмом расад.
Баҳисобгирӣ ҳамчун яке аз функсияҳои менеҷмент дар шароити муосир беҳтарин воситае ба шумор меравад, ки барои ба натиҷа ноил гардидан ва муваффақият дар тиҷорат имконият медиҳад.
Дар фазои ягонаи ахборотӣ баҳисобгирӣ унсури муҳим мебошад. Мувофиқан, барои қабули қарорҳои босифати идоравӣ фазои баҳисобгирӣ-хабарӣ бунёд намудан лозим аст. Низоми баҳисобгирии идоравӣ қисми асосии низоми идоравии корхона буда, дар ин самт нақши муҳимро иҷро менамояд.
Ҳар як субъекти хоҷагидор бояд низоми маълумоти идоракунии мутобиқ ба стратегияи рушди худро таъсис диҳад. Ба корхонаҳои муосир чунин услубҳои идоракуние заруранд, ки мақсадҳои стратегии корхонаро бо масъалаҳои оперативӣ, бизнес-амалиётҳои мавҷуда ва одамони мушаххаси дохили корхона алоқаманд мегардонанд.
Бояд қайд намуд, ки то ҳол дар байни олимон фаҳмиши ягонаи консепсияи баҳисобгирии идоравӣ вуҷуд надорад. Консепсияи баҳисобгирии идоравиро мақсад, вазифаҳо, функсияҳо ва принсипҳои он муайян менамоянд. Дар адабиёти илмӣ мафҳуми баҳисобгирии идоравӣ ба таври гуногун тавсиф дода шудааст.
Ба фикри мо, тавсифи гуногуни баҳисобгирии идоравӣ дар ҳама давлатҳо аз асосҳои рушди иқтисодиёти бозорӣ, амалинамоии бозор, рақобат, сатҳи маълумотнокии муҳосибон, асосҳои қонунгузорӣ, намудҳои тиҷорат вобастагӣ дорад. Мувофиқан вобаста ба ин, ҳар як давлат бояд асосҳои назариявӣ ва методологии баҳисобгирии идоравиро ташаккул дода, барои мутобиқсозии баҳисобгирии идоравӣ дар амалияи корхонаҳо мусоидат намояд.
Ба фикри мо, баҳисобгирии идоравӣ дар як вақт ҳам мақсад ва ҳам восита ба ҳисоб меравад, зеро мақсади қабули қарорҳои самараноки идоракуниро дошта, барои ин воситаҳои самаранокиро ба монанди банақшагирӣ, таҳлил, назорат, танзимкунӣ, ҳавасмандкуниро тавсия медиҳад. Чуноне ки олими рус М.З. Пизенголтс иброз медорад, мақсади баҳисобгирии муҳосибӣ — ин таъсисдиҳӣ ва нигоҳдории низоми ахборотӣ дар ташкилот мебошад, ки ба роҳбарият барои қабули қарорҳои дурусти идоравӣ имкон медиҳад [7, 6].
Дар байни мақсадҳои асосии баҳисобгирии идоравӣ инҳоро ҷудо кардан мумкин аст:
- ёрирасонии ахборотӣ ба менеҷерон дар қабули қарори идоравии фаврӣ;
- назорат, банақшагирӣ ва пешгӯикунии фаъолияти иқтисодии корхона ва марказҳои масъул;
- таъминкунӣ бо базаи ахборотӣ барои нархгузорӣ;
- интихоби роҳҳои беҳтари рушди самараноки корхона.
Дарки моҳияти баҳисобгирии идоравӣ имконияти ошкор кардани вобастагии амалҳои ин намуди баҳисобгирӣ аз амалҳои идоракунӣ (банақшагирӣ, назорат, таҳлил, корҳои ташкилӣ, ҳавасмандгардонӣ, алоқаи дохилии ахборотӣ) аст.
Азбаски саҳомон фаъолияти менеҷеронро дар асоси ҳисоботҳои молиявӣ баҳогузорӣ менамоянд, қарори худро дар охир дар асоси ҳисоботҳои идоравӣ қабул менамоянд. Пас баҳисобгирии молиявӣ ва идоравӣ бояд ба ҳамдигар мувофиқ ва алоқаманд бошанд.
Баҳисобгирии хароҷот ва калкулятсияи арзиши аслӣ, яъне баҳисобгирии истеҳсолӣ қисми марказии баҳисобгирии идоравӣ ба ҳисоб меравад. Дар асоси ахборот оид ба хароҷот ва арзиши аслии маҳсулот, корҳо, хизматрасониҳо қарорҳои асосноки идоравӣ ҷиҳати рушди истеҳсолот, самаранокии маҳсулоти гуногун, қабули фармоишҳои махсус, аутсорсинг, инчунин нархгузорӣ ва ғайраҳо қабул карда мешавад.
Идоракунии фаъолияти истеҳсолӣ раванди душвор ва мураккаб аст. Низоми баҳисобгирӣ низ, ки ба талаботи идоракунӣ ҷавобгӯ мебошад, мураккаб буда, аз таркиби зиёд иборат аст. Ҳамчунин таркиби унсурҳои низоми баҳисобгирии идоравӣ вобаста аз мақсади идоракунӣ тағйир меёбад.
Ба роҳ мондани баҳисобгирии идоравӣ бояд дар мувофиқа бо принсипҳои масъулиятнокӣ, идорашавӣ, эътимоднокӣ, ба ҳамдигар вобастагӣ, релевантнокӣ ба амал оварда шавад. Маҷмӯи ин принсипҳо самаранокии баҳисобгирии идоравиро таъмин менамояд.
Бояд қайд намуд, ки дар мамлакати мо мисли дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маълумоти муҳосибӣ ҳамчун анъана холисӣ, эътимоднокӣ, саривақтӣ ва амиқӣ талаб карда мешавад. Аммо, дар зинаи муосири ташаккули идоракунӣ, низоми иқтисодиёти бозорӣ, танҳо ба ин талабот ҷавобгӯ будан кофӣ нест. Дар шароити муосир ахбороти пешниҳодгардида бояд бо сифати баланд ва самаранок, ба талаботи истифодабарандагони берунӣ ва дохилӣ ҷавобгӯ бошад.
Ин маънои онро дорад, ки ахбороти муҳосибӣ бояд миқдори камтарини нишондиҳандаҳоро дар бар гирифта, ба талаботи истифодабарандагони зиёди сатҳҳои гуногуни зинаҳои идоракунӣ ҷавобгӯ бошад. Ахбороти пешниҳодшаванда бояд зарур, муҳим ва самаранок буда, нишондиҳандаҳои изофагӣ надошта бошад.
Дар ҷамъбасти гуфтаҳои боло қайд намудан зарур аст, ки маълумоти баҳисобгирӣ на танҳо барои худи баҳисобгирии муҳосибӣ, балки барои истифодабарандагони берунӣ ва дохилии он манфиатбахш буда, асоси зарурӣ барои пешгӯӣ, банақшагирӣ, меъёргузорӣ, таҳлил ва назорат буда, ҳамчун воситаи муҳими қабули қарорҳои самараноки идоравӣ баромад мекунад. Мусаллам аст, ки барои қонеъ гардонидани ҳамаи талаботҳои зикргардида, бояд усулҳои гуногуни ҷамъоварӣ, коркард ва инъикоси маълумот истифода шаванд. Дар мамлакатҳои мутараққии иқтисодӣ ин мушкилот бо роҳи тақсими тамоми низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ба ду қисм — молиявӣ ва идоравӣ ҳал шудааст.
Баҳисобгирии идоравӣ (management accounting) дар якҷоякунии ду мафҳум — баҳисобгирӣ ва менеҷмент пайдо шудааст. Вожаи асосии мафҳуми «баҳисобгирии идоравӣ» «идоракунӣ» аст. Ба менеҷмент доимо ахборот лозим буда, аммо баҳисобгирии молиявӣ ба менеҷерон маълумоти эътимоднок ва заруриро пешниҳод карда наметавонад.
Баҳисобгирии идоравӣ на танҳо инкишофи баҳисобгирии молиявӣ аст, балки ин мафҳуми нави босуръат инкишофёбанда мебошад. Баҳисобгирии идоравӣ якҷоя бо рушди менеҷмент, технологияҳои иттилоотӣ, муҳити бозорӣ рушд меёбад.
Бояд қайд намуд, ки баҳисобгирии идоравӣ қисми ҷудонашавандаи баҳисобгирии муҳосибӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста бо тамоюли ахбороти молиявӣ ба истифодабарандагони дохилӣ баҳисобгирии муҳосибӣ ба идоравӣ мубаддал мегардад.
Бо инкишофи муносибатҳои бозорӣ ташкилотҳо мустақилияти хоҷагиро ба даст оварданд. Дар шароитҳои ба миён омада, амалкунии онҳо ба пурзӯршавии масъулияти менеҷмент оид ба қарорҳои қабулшаванда оварда расонидааст. Ба роҳбарияти ташкилот таҳлили иқтисодӣ барои интихоби қарорҳои оптималии идоравӣ на танҳо дар ҳоли ҳозир, балки барои таҳияи саҳнаи рушди ояндаи иқтисодӣ лозим аст.
Натиҷаҳои тадқиқоти гузаронидашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки таҳлили иқтисодии ягона ва ҷудонашаванда дар гузашта, дар айни замон ба намудҳои гуногун тақсим гардид: иҷтимоӣ-иқтисодӣ, иқтисодӣ-экологӣ, маркетингӣ, сармоягузорӣ ва ғайра.
Дар адабиётҳои гуногун, чӣ дар илмӣ ва чӣ дар таълимӣ, методӣ ҳар чӣ бештар «таҳлили иқтисодӣ» истифода мешавад.
Моҳият ва аломатҳои асосии таҳлили идоравиро ба таври зерин муайян намудан мумкин аст:
- рӯоварӣ ба истифодабарии дохилӣ;
- истифодабарии ахбороти релевантии ғайрирасмӣ;
- самтнокии перспективии натиҷаҳои таҳлил;
- фаврияти таҳлил ва дискретӣ будан;
- рӯоварии соҳавии таҳлил.
Хусусияти махсуси таҳлили идоравӣ он ба ҳисоб меравад, ки нисбат ба молиявӣ, ки аз рӯи услубҳои умумӣ гузаронида мешавад, ба маросимҳои таҳлили иқтисодӣ хусусиятҳои техникӣ-иқтисодии ташкилот таъсир мерасонанд.
Ин тасдиқот имкон медиҳанд, ки таҳлили идоравӣ ба таври зерин муайян гардад: таҳлили идоравӣ — ин таҳлилест, ки ба истифодабарии дохилӣ нигаронида шудааст, ба ахбороти фаврӣ ва релевантӣ такя намуда, хислати махфиро дорад ва самти перспективиро касб кардааст, бо назардошти хусусияти фаъолияти таҳлилшаванда доир карда шуда, натиҷаҳояш аз тарафи менеҷмент барои коркарди қарорҳои ҷорӣ ва перспективӣ истифода бурда мешаванд.
Баъзе аз намудҳои дар айни замон истифодашавандаи таҳлил (молиявӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, оморӣ-иқтисодӣ ва ғ.) ба аломатҳои овардашуда ҷавоб намедиҳанд. Дигар намудҳои таҳлили иқтисодӣ (сармоягузорӣ, арзишӣ-функсионалӣ, логистикӣ), баръакс ба онҳо мувофиқанд.
Ҳамин тариқ, баҳисобгирии истеҳсолӣ қисми таркибии баҳисобгирии идоравӣ буда, танҳо дар доираи он ҳисоб намудани арзиши аслӣ ва самаранокии воҳиди маҳсулот ба даст меояд, захираҳои ниҳоии баландбардории самаранокии фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратии корхонаро ошкор менамояд.
Адабиёт
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон». КВД КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2018. — 47 с.
- Бахрушина М.А. Управленческий анализ / М.А. Бахрушина. — М.: Омега-Л, 2004.
- Друри К. Введение в управленческий и производственный учет: пер. с англ. / К. Друри, под ред. С.А. Табалиной. — М.: Аудит, ЮНИТИ, 1997. — 560 с.
- Друри К.Е. Управленческий и производственный учет (пер. с англ. / под ред. Н.Д. Эриашвили). — М.: Изд. об-ние «ЮНИТИ», 2003.
- Зайцев Л.Г., Соколова М.И. Стратегический менеджмент: учебник. — М.: Магистр, 2010.
- Каверина О.Д. Управленческий учёт: системы, методы, процедуры. — М.: Финансы и статистика, 2004. — С. 52.
- Пизенгольц М.З. О содержании управленческого учёта // Бухгалтерский учёт. — М., 2000. — № 19. — С. 60–62.
Аннотатсия. Дар мақолаи мазкур муаллиф кӯшиш кардааст, ки доир ба масъалаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла таҳлилҳои бухгалтерӣ ва идоракуниро дар иқтисодиёт ба қадри имкон нишон диҳад. Инчунин дар мақола оид ба як қатор проблема ва мушкилоте, ки имрӯз дар баъзе аз корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар масъалаи таҳлилгардида арзи ҳастӣ доранд, андешаҳои худро баён кардааст. Қайд кардан зарур аст, ки муаллиф муҳимияти мавзӯъро ба қадри имкон дар мақолаи худ нишон додааст.
Калидвожаҳо: баҳисобгирӣ, менеҷмент, корхонаҳо, саноат, молия, идоракунӣ, истеҳсолот.




