Зеҳн

Таърихи парвариши лӯбиё ва аҳамияти он дар хоҷагии халқ

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 11 дақиқа хондан

Таърихи парвариши лӯбиё ва аҳамияти он дар хоҷагии халқ

Мамадризохонов А. А., Норов М. С., Саидзода Р. А.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Бо дар назардошти хосияти бузурги фоиданокии растаниҳои лӯбиёгӣ барои парвариши намояндагони он сол то сол таваҷҷуҳ зиёд мегардад. Дар баробари ин, ба он намудҳо ва навъҳое диққати асосӣ дода мешавад, ки дар шароити мушаххаси додашуда қобилияти таҳаммулпазирӣ ба омилҳои биотикӣ ва абиотикӣ зоҳир намуда, мутобиқшавӣ ба садамаҳои муҳимтарини абиотикӣ ва биотикӣ дошта, пешпазак мебошанд, ҳосили баланди устуворро бо сифати беҳтарини дон ташаккул медиҳанд, шакли қомати ростро соҳиб буда, нисбат ба ҳар гуна зараррасонҳо, касалиҳои гуногун ва ғайра муқовимат мекунанд. Солҳои охир нишондиҳандаҳои бисёр институтҳои ҷаҳонӣ оид ба муайян кардани сатҳи некуаҳволии давлат аз рӯйи миқдори сафедаи истеъмолӣ ба ҳар сари аҳолӣ муқаррар карда мешаванд. Пешсафи бозорҳои байналмилалии зироатҳои лӯбиёгӣ аз ҷиҳати миқдори сафеда, арзиши ғизоӣ ва гуногунии истифода лӯбиёе мебошад, ки то 20–40% сафеда дорад ва онро организми инсон хуб ҳазм мекунад ва ҳозимияти маҳсулоти ғизоии дигарро зиёд мекунад (Метлицкий Л. В., 1979, 271 с.). Инчунин муайян карда шуд, ки сафедаи лӯбиёи сабзавотӣ аминокислотаҳои барои бадани инсон арзишмандро доро мебошад (Енкин В. Б., 1960, с. 10–11). Лӯбиё то 10–14% моддаҳои хушк, аз ҷумла 2,5–4% моддаҳои азотдор, то 4,1–6,5% карбогидратҳо, то 0,7% хокистар дошта, таркиби нахи он тақрибан 1%, гурӯҳҳои хеле гуногуни витаминҳо (A, B, B2, B6, C, K, PP), қандҳо, намакҳои минералии калтсий, оҳан ва дигар моддаҳои барои бадани инсон заруриро ташкил медиҳад (Касторнова М. Г., 2007, 16 с.).

Муқаррар карда шудааст, ки лӯбиё инчунин аз миқдори витамин (3,1–5,0 мкг/г), кислотаи никотин, калтсий, оҳан ва ғайра иборат мебошад (Самарина И., 1976, с. 114–118). Мувофиқи ин нишондиҳандаҳо, тухми лӯбиё аз сафедаи нахӯд ва наск хеле зиёд аст ва ба ҳазмшавии сафедаҳои гӯшт ва моҳӣ наздик аст (86–90%) (Стаканов Ф. С., 1986, 194 с.).

Лӯбиё дар баробари сафедаҳо аз маводи ғизоии хеле пурарзиш, аз қабили крахмал, шакар, чарбҳо, намакҳо ва кислотаҳо ва инчунин миқдори зиёди витаминҳо (хусусан дар ҳолати сабз будан) бой мебошад. Дар баробари ин, маълум аст, ки таркиби химиявии тухмиҳои лӯбиё метавонад ҳам вобаста аз хусусиятҳои намудии растаниҳо ва ҳам аз шароити парвариши онҳо хеле тағйир ёбад.

Муайян карда шудааст, ки дар тухмиҳои лӯбиё пайвастагиҳои гуногуни азотӣ, аз қабили аминокислотаҳои озод ва амидҳои онҳо, кислотаҳои нуклеин, пептидҳо, асосҳои нитроген ва нитрогени минералӣ ҷойгир мебошанд, аммо қисми асосии онро аминокислотаҳои ивазнашаванда ташкил мекунанд (Гагарина И. Н., 2005, 24 с.).

Дар баланд бардоштани серҳосилии замин зироатҳои лӯбиёгӣ нақши муҳим доранд. Ба туфайли симбиоз бо бактерияҳои лӯнда онҳо қобилияти аз худ кардани нитрогенро аз атмосфера пайдо мекунанд ва онро дар реша ва бақияи зироатҳо ҷамъ мекунанд, ки ҳаҷми он дар 1 гектар кишт аз 50 то 100 килограмм ва аз он ҳам зиёдтарро ташкил медиҳад (Бондарь Г. В., Лавриненко Г. Т., 1977, 256 с.).

Ҳамзамон, ҳангоми таҳлили таркиби химиявӣ маълум шуд, ки таркиби нитрогенҳои сафедадор дар тухмии лӯбиё аз 12 то 19,6%-и миқдори умумии азотро ташкил медиҳад (1963, № 9, с. 21–25).

Ҳангоми омӯзиши пайвастагиҳои фосфорӣ дар онҳо муайян карда шуд, ки аз ҳамаи намудҳои лӯбиёи таҳқиқшуда онҳо миқдори камтари фосфорро доранд (Erihsson C. E., 1975, V. 23, P. 126–128). Ғайр аз ин, дар тухми лӯбиё миқдори хеле зиёди лектинҳо ёфт шуданд, ки онҳо 2,10%-и сафедаи умумиро ташкил медиҳанд (Павловская Н. Е., Зеленов А. Н., Сучкова Н. Т., 2007, № 9, с. 42–45).

Дар баробари ин, олимони Институти ғизои Академияи илмҳои тибби Федератсияи Россия муайян кардаанд, ки меъёри истеъмоли сабзавоти лӯбиёгӣ дар як сол ба як нафар 13 кг аст (Касторнова М. Г., 2007, 20 с.). Агар аз ҳамин нуқтаи назар миқёси кишоварзии ҷаҳониро баҳогузорӣ намоем, он гоҳ ҳиссаи майдони кишти зироатҳои лӯбиёгӣ зиёда аз 110 миллион гектарро ташкил медиҳад, ки майдони бартаридоштаи он майдонест, ки «Соя» (як навъи лӯбиё) ҷойгир аст ва ҷойи дуюмро ҳиссаи лӯбиё ишғол мекунад (Казадуб Н. Г., Шаманин В. П., 2004, 140 с.).

Тибқи маълумоти охирин майдони кишти лӯбиё дар ҷаҳон тақрибан 25 миллион гектарро ташкил дода, ҳаҷми солонаи ашёи хоми бадастомада 9 миллион тонна лӯбиё мебошад. Ин ҳаҷм ба ҳиссаи бештар аз 70 кишвар, аз ҷумла мамлакатҳои Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ, Африқои тропикӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ рост меояд.

Дар бозори байналмилалии зироатҳои лӯбиёгӣ таъминкунандагони асосии ин зироат Чин, Эфиопия, Аргентина, Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Мянма мебошанд. Дар мавриди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ҳаминро метавон гуфт, ки то чанд сол пеш ба парвариши саноатии лӯбиё диққати махсус дода намешуд ва онро ҳамчун воситаи даромади иловагии хоҷагиҳои хурду миёна ва хонаводаҳо парвариш мекарданд.

Лӯбиё яке аз навъҳои оилаи лӯбиёгиҳо — Leguminosae Juss, зероилаи шапалакгулҳо — Papilionatae Bronn, буғуми пояи лӯбиёгиҳо — Phaseoleae Bronn, зербуғуми Phaseolinae Taub, авлоди лӯбиё (Phaseolus L.) мебошад, ки зиёда аз 200 намудро муттаҳид мекунад ва аз шумори онҳо тақрибан 20 намудашон барои кишт ворид карда шудаанд.

Намояндагони он дар минтақаҳои нисбатан гарми ҳарду нимкура паҳн шудаанд. Ҳамин тариқ, намояндагони ваҳшии ҷинси онҳо асосан дар минтақаҳои тропикӣ мерӯянд ва шаклҳои зироатии онҳо имрӯзҳо дар гармии то 58ºC бомуваффақият парвариш меёбанд (Пыльнев В. В., 2005, с. 247–250).

Лӯбиё яке аз қадимтарин зироатҳо мебошад. Таърихи пайдоиш ва парвариши лӯбиё 7000 сол аст. Дар бораи пайдоиши лӯбиё нуқтаи назарҳои гуногун мавҷуд мебошанд. Аксари олимон Амрикои Ҷанубиро ватани лӯбиё ҳисоб мекунанд. Аз сарчашмаҳои адабиётӣ — асосҳои назариявии селексияи «Генофонд ва парвариши зироатҳои лӯбиёгии ғалладона» маълум аст, ки олимон ҳангоми бозёфтҳои бостоншиносӣ тухми лӯбиёро дар Перу ва Мексика пайдо намуданд, ки он аз 5000 сол пеш аз милод парвариш кардани лӯбиё далолат мекунад (Бернардино де Саагун, Куприенко С. А., 2013, 218 с.). Ҳиндуҳои Мексика ин растаниро дар баробари каду ва ҷуворимакка ҳамчун зироати асосии хӯрокворӣ кишт мекарданд. Аз он ҷо дар вақти экспедитсияи Христофор Колумб (дар асри XV) он ба Аврупо меояд. Ин зироат ба Русия аз Аврупои Ғарбӣ дар асрҳои XVII–XVIII ворид шуда, эҳтимолан тавассути Русия ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон омадааст.

Дар Аврупо лӯбиё аввал ҳамчун як растании ороишӣ парвариш карда мешуд, аммо дере нагузашта (дар асри XVIII) пас аз маълум гардидани арзиши ғизоии он ҳамчун як растании сафедаи баланддошта, давраи парвариши лӯбиё оғоз мешавад. Ҳамин тариқ, лӯбиё ба туфайли арзиши пурқимати ғизоӣ доштан мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон, истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва аҳолии маҳаллӣ қарор мегирад.

Дар айни замон, аз ҳисоби хосиятҳои судбахши онҳо зиёда аз 20 намуди зироатҳои лӯбиёгӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон кишт карда мешаванд.

Тибқи пайдоиш ва аломатҳои ботаникӣ онҳо ба ду гурӯҳи ҷуғрофӣ — бо намудҳои тухмкалони амрикоӣ ва намудҳои тухмхурди осиёӣ тақсим мешаванд.

Ба гурӯҳи амрикоии намудҳо чунин хосиятҳо, яъне шакли калони лӯбиёи ҳамвор ва нӯги дароз дар болои он, инчунин миқдори ками тухми лӯбиё, тухми калон хос мебошанд.

Намуди аз ҳама маъмултарин ва маъруфтарини лӯбиёи гурӯҳи амрикоӣ лӯбиёи маъмулӣ (Ph. vulgaris L.) мебошад. Намояндагони ин гурӯҳ бо шаклҳои бутта ва печанда тавсиф мешаванд. Ба намояндагони ин гурӯҳ инчунин лӯбиёҳои бисёргулдор ё лӯбиёи туркӣ (Ph. coccineus), лӯбиёи гуногунранг (Ph. multiflorus Lam.), лӯбиёи дарозбарг-тепари (Ph. acutifolius A. Gray) мансуб мебошанд, ки бо тухмиҳои нисбатан хурд тавсиф мешаванд (вазни 1000 тухмӣ 100–140 грамм), инчунин лӯбиёи лимии нисбатан ба хушкӣ тобовар (Ph. lunatus L.), ки ба он аз ду то се лӯбиёи кӯтоҳтухм хос буда, ба осонӣ мекафад, ба ин гурӯҳ дохил мешавад.

Дар байни гурӯҳи лӯбиёи осиёӣ машҳуртаринҳо инҳо мебошанд: лӯбиёи тиллоӣ ё лӯбиёи мош (Ph. aureus) ва лӯбиёи қиррадор ё адзукӣ (Ph. angularis). Намояндагони ин гурӯҳ бо чунин хосиятҳо тавсиф мешаванд: шакли силиндрии лӯбиё, набудани нӯл дар онҳо, тухмиҳои сершумори хурд (1000 дона 30–60 грамм вазн дорад). Лӯбиёи тиллоӣ ё мош (Ph. aureus) гиёҳи яксола аз ҷинси Vigna, оилаи лӯбиёгӣ мебошад. Ин растанӣ аслан баромади ҳиндуӣ дошта, аз он ҷо хеле барвақт, тақрибан 6 ҳазор сол пеш ба ҷазираи Сейлон, Покистон, Бирма, Чин, Ветнам, Ҷопон ва ғайра кӯчидааст. Ба намояндагони он тухмиҳои хурди зард ва зарди тиллоии байзашакл хос мебошанд.

Мутаассифона, ин намуд дар якҷоягӣ бо урд ва адзукӣ ҳоло аз ҷинси биологии Phaseolus ба ҷинси ба ҳам наздики Vigna интиқол ёфтааст (Васильченко И. Т., 1987, с. 32–254).

Аз байни намояндагони ин гурӯҳ дар кишт маъмултарин лӯбиёи тиллоӣ (Ph. aureus Roxb.) мебошад, ки дар қаламрави ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон бо номи мош паҳн шудааст.

Ба гуфтаи Р. И. Иванов (1961), бо дарназардошти маводи аввалияи лӯбиё аз минтақаҳои кӯҳии Мексика, Гватемала, Колумбия, Венесуэла, Перу, Боливия, Бразилия, Аргентина ва Чили метавон таснифи табиии ботаникии лӯбиёи маъмулиро дар заминаи экологӣ сохт. Ин тағйирёбиро дар баландии растаниҳо, биологияи гулкунӣ ва давомнокии нашъунамо дар назар дорад (Иванов Л. И., 1961, 120 с.).

Лӯбиё аз ҷиҳати фоиданокӣ ба шумори яке аз 10 маҳсулоти муфид барои саломатии инсон дохил мешавад, аз ин рӯ ҷуғрофияи паҳншавии ин зироат пайваста васеъ мегардад. Имрӯз дар кишоварзии ҷаҳонӣ дар байни зироатҳои лӯбиёгӣ лӯбиё пас аз нахӯд дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дар ҳоли ҳозир, зироати лӯбиё дар соҳаи кишоварзии ҷаҳонӣ ба таври васеъ паҳн шудааст ва он дар зиёда аз 70 мамлакати ҷаҳон дар минтақаҳои гуногуни экологӣ ва хокӣ-иқлимӣ парвариш карда мешавад. Мувофиқи маълумоти ФАО (Созмони хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид), майдонҳои кишти лӯбиё дар ҷаҳон сол аз сол афзоиш меёбанд ва имрӯз онҳо зиёда аз 25 миллион гектарро ташкил медиҳанд.

Лӯбиё тибқи пайдоиши худ аз кишварҳои Мексика ва Амрикои Марказӣ сарчашма мегирад. Намуди ваҳшии лӯбиёи маъмулӣ ёфт нашудааст. Саравлоди ин намуд эҳтимол Phaseolus aborigenus Burk бошад. Лӯбиё ба Аврупо ҳангоми сафари дуюми Христофор Колумб оварда шудааст. Дар нимаи дуюми асри XVI лӯбиё ба Русия ва эҳтимолан тавассути Русия ба Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Тоҷикистон омадааст. Дар аввал, он ҳамчун растании ороишӣ истифода мешуд, аммо аз нимаи дуюми асри XIX сар карда, онро ҳамчун зироати сабзавотӣ ва ғалладонагӣ мавриди истифода қарор доданд.

Бо дарназардошти хосияти баланди ғизоӣ доштан растании лӯбиё барои бисёр хоҷагиҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз ҳудуди он мавриди парвариши васеъ қарор гирифта, ҳамзамон омӯзиши ҳамаҷонибаи ин растанӣ оғоз меёбад. Аввалин навъҳои минтақабандишудаи он дар Иттиҳоди Шӯравӣ аллакай то соли 1938 пайдо шуда буданд ва то соли 1993 зиёда аз 65 навъи ғалладонагӣ («Бийчанка», «Горнал», «Золотистая», «Рубин», «Уфимӣ» ва ғайра) ва 32 навъи лӯбиёи сабзавотӣ («Амалтей», «Весточка», «Грибовская-92», «Забава», «Тайга» ва ғайра) минтақабандӣ карда шуданд.

Аз нигоҳи мутобиқати биологии худ имрӯзҳо ҳудуди парвариши навъи лӯбиё ба 60–70 дараҷаи арзи шимолӣ ва 85 дараҷаи арзи ҷанубӣ мерасад. Дар айни замон, бо дарназардошти омӯзиши ботаникӣ-ҷуғрофӣ ва таҳлили ҷамъулҷамъи (коллексияи) ҷаҳонии лӯбиёи маъмулӣ 30 экотипи (гурӯҳи махсуси ба шароити муайяни хокӣ-иқлимӣ мутобиқшуда) он муқаррар карда шудааст.

Имрӯз ин растанӣ ба таври васеъ дар кишварҳои Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ, Африқои тропикӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ парвариш карда мешавад. Дар миқёси ҷаҳон пешсафони соҳаи парвариши лӯбиё мамлакатҳои зерин мебошанд: Бразилия, Чин, Мексика, Ҳиндустон ва ИМА. Дар байни кишварҳои аврупоӣ — Португалия, Полша, Булғористон ва Руминия буда, дар Ҳиндустон бошад, ҳосилнокии тухмӣ 1,2–1,5 тонна аз як гектарро ташкил мекунад (Карпухин М. Ю., Юрина А. В., Кирсанов Ю. А., Кивелева Т. В., Зимина В. И., Демчук О. А., Шаблин П. А., Патент на изобретение RUS 2299539, 11.10.2005).

Адабиёт:

  1. Карпухин М. Ю., Юрина А. В., Кирсанов Ю. А., Кивелева Т. В., Зимина В. И., Демчук О. А., Шаблин П. А., 2005.
  2. Метлицкий Л. В. Биохимия плодов и овощей. — М.: Экономика, 1979. — 271 с.
  3. Енкин В. Б. Соя // Зернобобовые культуры: Сб. ст. — М., 1960. — С. 10–11.
  4. Касторнова М. Г. Агротехника возделывания овощной фасоли в условиях Тюменской области // Автореф. канд. дис. — Тюмень, 2007. — 16 с.
  5. Стаканов Ф. С., 1986. — 194 с.; Самарина И., 1976. — С. 114–118.
  6. Гагарина И. Н., 2005. — 24 с.
  7. Бондарь Г. В., Лавриненко Г. Т., 1977. — 256 с.
  8. Казадуб Н. Г., Шаманин В. П., 2004. — 140 с.
  9. Васильченко И. Т., 1987. — С. 32–254.
  10. Паркина О. В. Селекция фасоли овощной на продуктивность // Овощеводство в Сибири: сб. науч. тр. / РАСХН. Сиб. отд-ние. СибНИИРС. — Новосибирск, 2009. — С. 77–81.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2